Главная / Биология / ДУРАГАКУНИИ ДИГИБРИДӢ ВА ПОЛИГИБРИДӢ

ДУРАГАКУНИИ ДИГИБРИДӢ ВА ПОЛИГИБРИДӢ

Қонуни сеюми Мендел – қонуни комбинатсияи бевоситаи генҳо (новобаста ба мерос гузаштани ҷуфти генҳо) Мендел дар асоси омўхтани меросгузории як ҷуфти генҳои аллелӣ бисёр қонуниятҳои генетикӣ, аз ҷумла, доминантӣ, тағйир наёфтани аллелҳои ресессивӣ дар дурагаҳо, таҷзияи аломатҳо дар наслҳои дурагаро бо таносуби 3:1 исбот намуд. Ҳодисаи таҷзия нишон дод, ки гаметаҳо аз ҷиҳати генетикӣ тозаанд, яъне аз ҳар як ҷуфти аллелҳо яктогӣ ген доранд.

genetika

Лекин организмҳое, ки аз якдигар бо аломатҳои бисёр фарқ мекунанд, масалан, ду ҷуфтӣ, се ҷуфтию ва бештар ва генҳои онҳо дар ҷуфти хромосомаҳои гомологии гуногун ҷойгиранд, бо усули дигибридӣ ва полигибридӣ муайян карда мешаванд. Дурагакунии дигибридӣ гуфта дурагакуниеро меноманд, ки агар волидон бо ду ҷуфти аломатҳои бо ҳам мухолиф (алтернативӣ) аз якдигар фарқ кунанд. Барои дурагакунии дигибридӣ Мендел растаниҳои гомозиготии нахўдро гирифт, ки бо ду ҷуфти генҳо фарқ мекунанд. Ин аломат ранг (зарду сабз) ва шакли донакҳо (ҳамвор ва чиндор) мебошанд.

Аломати доминантӣ ранги зард бо А ва шакли ҳамвори донакҳо бо В вобастаанд. Ҳар як растании волидон як навъ гаметаро пайдо мекунад ва баъди омезиши онҳо дар наслҳо якхелагии аломатҳо зоҳир мегардад. Дар рафти пайдо шудани гаметаҳои дигибридӣ аз ҳар ҷуфти генҳои аллелӣ, ки дар хромосомаҳои гомологӣ ҷой доранд, танҳо яктои онҳо дар гамета ҷой мегирад. Дар ин вақт кашишхўрии хромосомаҳои волидон дар тақсимшавии мейозӣ тасодуфӣ буда, эҳтимолияти вохўрии гени (А) бо гени (В) ва гени (в) баробаранд. Ҳамин гуна эҳтимолияти вохурӣ дар якҷояшавии гени (а) бо генҳои (В) ва (в) мебошад.

Аз сабаби он, ки дар ҳар организм гаметаҳои бисёр пайдо мешаванд, мувофиқи қонуниятҳои оморӣ дар гибридҳои дигетерозиготӣ чор навъи гамета бо миқдори баробар ба вуҷуд меоянд: (25%) АВ:Ав:аВ:ав.

Дар рафти бордоршавӣ ҳар яке аз ин чор навъи гаметаҳои як организм тасодуфан бо гаметаҳои организми дигар вомехўранд. Якҷояшавии гаметаҳои нарина ва модинаро дар шакли катакча ҷойгир карда, бо ёрии он ҳисоб кардан мумкин аст. Ин катакчаро катакчаи пенетӣ меноманд, ки бо номи олими англис Р.Пенет гузошта шудааст. Дар ҷониби рости гаметаҳо уфуқӣ гаметаҳои нарина, дар ҷониби чапи амудӣ гаметаҳои модина ҷойгиранд. Дар катакчаҳо омезиши гаметаҳо, яъне зиготаҳо ва генотипу фенотип навишта шудаанд (расми 9.3).

Аз катакча ба ҳисоб гирифтан мумкин аст, ки аз рўи фенотип наслҳо ба чор гурўҳ тақсим шуда, чунин таносубро пайдо мекунанд: 9-зарди ҳамвор, 3-зарди чиндор, 3-сабзи ҳамвор, 1-сабзи чиндор. Агар натиҷаи таҷзияи ҳар ҷуфти аломат (шакл ва ранг)-ро дар алоҳидагӣ ба ҳисоб гирем, пас таносуби зарду сабз ва ҳамвору чиндор 3:1 мешавад.

Ҳамин тариқ, дар дурагакунии дигибридӣ ҳар як ҷуфти аломат новобаста аз ҳамдигар ба мерос гузашта, бо таносуби таҷзияи моногибридӣ мувофиқ аст (12 / зард : 4 / сабз=3 :1, 12 ҳамвор : 4 чиндор = 3:1). Дар вақти бордоршавӣ онҳо мувофиқи қоидаи тасодуфӣ омезиш ёфта, комбинатсияҳо (омезиш)-и гуногуни генҳоро ба амал меоранд.

Тақсимшавии бевоситаи аломатҳо дар наслҳо ва пайдо шудани комбинатсияи гуногуни генҳо, ки инкишофи аломатҳоро дар дурагакунии дигибридӣ муайян мекунад, фақат ҳамон вақт дида мешаванд, ки агар ҷуфти генҳои аллелии онҳо дар хромосомаҳи ғайригомологӣ ҷойгир шуда бошанд.

Қонуни сеюми Менделро чунин шарҳ додан мумкин аст:

Аз насл ба насл гузаштани ҷуфти аломатҳо ва ё комбинатсияи ҷуфти генҳои ғайри аллелӣ, ки аломатҳоро назорат мекунанд, новобаста аз ҷуфти аломатҳои дигар ба амал меояд. Меросгузории организмҳои полигибридиро, ки бо се, чор ва зиёдтар аломатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд, дурагакунии полигибридӣ (бисёргибридӣ) меноманд. Агар волидон бо се аломат фарқ кунанд, гибриди ҳосилшударо тригибрид, бо чор аломат – тетрагибрид меноманд. Ҳамин тариқ, таҷ- зияи аломати моногибридиро дониста, таҷзияи полигибридиро ҳисоб кардан мумкин аст.

Организми гетерозиготӣ Аа ду навъ гамета 21=А ва а, дигетерозиготӣ АаВв-чор навъи гамета: 22-АВ, Ав, аВ, ав ҳосил мекунанд. Дар тригетерозиготҳо Аа Вв Сс ҳашт навъ гамета ё ки 23=АВС, АВс, АвС, Авс, аВС, аВс, авС, авс пайдо мешаванд. Формулаи умумии фенотипи полигибриди 2m, мешавад, ки дар ин ҷо n-миқдори ҷуфти генҳои гетерозиготӣ дар генотип мебошад. Формулаи умумии генотипи полигибридӣ 3n аст. Барои моногибриди 31, (1:2:1). Дигибриди З2 (1:2:1:2:4:2:1:2:1) ва ғайра (расми 9.3).

Методҳои гибридиологии нишондодаи Мендел имконият медиҳанд, ки меросгузории организмҳои доминантӣ ва гетерозиготӣ, ки фенотипи доминантӣ доранд, муайян карда шавад. Барои ин насли якумро бо волидони гомозиготии       ресессивӣ дурага мекунанд. Агар фард гомозиготи доминантӣ бошад, баъди дурага кардан бо гомозиготи ресессивӣ дар гибридҳои насли Ғ1 якхелагии наслҳо дида мешавад, яъне таҷзия намешаванд.

Агар фард гетерозиготи доминантӣ ва дигар гомозиготи ретсессивӣ бошад, он гоҳ дар гибридҳои насли якум таҷзияи фенотипӣ бо таносуби 1:1 ё ки 50:50 ба амал меояд. Чунин шакли таҷзия ҳангоми дурагакунӣ исбот менамояд, ки яке аз волидон ду гамета медиҳад, яъне гетерозиготӣ аст (расми 9.4).

Дурагакунии таҳлилии меросгузории моногибридӣ,

А – бунафш,

а – ранги гули сафед

Дурагакунии таҳлилии фарди дигетерозиготӣ (бо ду ҷуфти аломат фарқ мекунад) чунин аст:

Дар наслҳои гибридии якум ( F1 ) чор гурўҳи фенотип бо таносуби 1:1:1:1 пайдо мешавад.

Истилоҳот:

  1. Доминантӣ – ҳодисае, ки аллели як ген аллели гени дигарро пахш мекунад.
  2. Таҷзия – дар наслҳо зоҳиршавии шаклҳои гуногуни як аломат.
  3. Гомозигот – организме, ки дар хромосомаҳои гомологиашон нуклеотидҳо генҳои якхела ҷойгиранд.
  4. Организмҳои гетерозиготӣ – фардҳое, ки дар онҳо аллелҳои генҳо бо пайдарҳамии нуклеотидҳо фарқ мекунанд.
  5. Генотип – системаи таъсири тарафайни генҳои организм.
  6. Генҳои аллелӣ – генҳое, ки дар ҷойҳои якхелаи хромосомаҳои гомологӣ ҷойгиранд.
  7. Фенотип – маҷмўи ҳамаи аломатҳо ва хосиятҳои организм.
  8. Ирсият – қобилияти организмҳои зинда, ки аломатҳо ва хосиятҳои худро аз насл ба насл мегузаронанд.

Саволҳо барои санҷиш:

  1. Таҷрибаи Менделро оиди дурагакунии моногибридӣ ва дигибридӣ дар растании нахўд фаҳмонед.
  2. Дурагакунии таҳлилӣ чист? Онро чӣ тавр дар таҳлили меросгузории аломатҳо истифода мебаранд?
Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

khromosoma

НАЗАРИЯИ ИРСИЯТИ ХРОМОСОМӢ

МЕРОСГУЗОРИИ ҲАМПАЙВАСТАГИИ ГЕНҲО:  Мендел дар таҷриба меросгузории танҳо ҳафт ҷуфт аломати нахўдро дида баромад. Баъдан бисёр …