Дуоҳои хайр

Ба вартае, ки умедат бурид аз ҳама ҷо,
Бибин ба кист умедат?! Бидон, ки Ӯст Худо!

Худоё, Худовандо, шармандаи ин дунёву бозори қиёмат накӯнӣ, аз туҳмати ногаҳону балои охируззамон, аз марги мафонову[1] қазои муаллақ Худат дар паноҳи исматат нигоҳ дорӣ. Намозу рӯзаи ҷумла бандагони калимагӯю уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро ба даргоҳат қабул гардонӣ. Аз дасти гирову пойи равон, аз чашми бинову забони гӯёву гуши шунаво намононда барӣ, муҳтоҷи касу нокас нагардонӣ, гуноҳони кардаи моро мағфират кунӣ, оқибати корҳоро бахайр гардонӣ, пешомади корҳоро нек гардонӣ, баракати оби равону дони деҳқон ва тинҷии замону ободии маконро диҳӣ, моро аз ризқу рӯзии ҳалолу фаровони Худ ато намоӣ, ҷумла уммати калимагӯйро фарзандони боодобу оқилу солеҳ ато фармуда, хизматгузори падару модаронашон гардонӣ ва ҳамаро феълу хӯи нек ато фармоӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Малико, Подшоҳо, Парвардгоро, забони моро, ки тутии қафаси тани мост, ба нидои «Ё айюҳа-л-лазина оману-зкуруллоҳа зикран касиро»[2] гӯё дорӣ.

duoi-xatmi-quronИлоҳо, дидаҳои моро, ки талояи ниҳоди мост, ба назари «Фа-нзуру ило осори раҳматшллоҳ»[3] бино гардонӣ.

Илоҳо, гӯшҳои моро ба истимои «Ва изо қуриа-л- Қуръону фа-стамиу лаҳу»[4] шунаво дорӣ.

Илоҳо, синаҳои моро аз васвоси «Ювасвису фй судури-н-носи, мина-л-ҷиннати ва-н-нос»[5] эмин гардонӣ.

Илоҳо, айвони ҷалоли дили моро, ки саводи аъзами султони вилояти имон аст аз бори «Улоика катаба фи қулубиҳиму-л-имон»[6] холӣ магардонӣ.

Илоҳо, дастҳои моро аз гирифтани луқмаи ҳаром «Ва ло таъкулу амволакум байнакум би-л-ботил»[7] нигоҳ дорӣ.

Илоҳо, қадамҳои моро ба иззати «Анна лаҳум қадама сидқин инда Раббиҳим»[8] собит гардонӣ.

Илоҳо, фарзанди ҳар яке аз ин бандагонатро ба мактаби «Ар-Раҳмону аллама-л-Қуръон»[9] ба ташриф мушарраф гардонӣ.

Илоҳо, падарону модарони моро, ки маҳбуси зиндони лаҳаданд, ба башорати «Юбашшируҳум Раббуҳум би раҳмати-м-минҳу ва ризвон»[10] мукаррам гардонӣ.

Илоҳо, дар он соат, ки ҷони мо азми мароқиди тавил кунад, моро аз ҷавоби яқини «Инналлоҳа яғфиру-з-зунуба ҷамеъо»[11] ҷудо магардонӣ.

Илоҳо, шаҳрҳои исломро аз ғорати подшоҳони фосид «Инна-л-мулука изо дахалу қарятан афсадуҳо»[12] нигоҳ дорӣ.

Илоҳо, лашкари исломро ба оёти «Кам мин фиатин қалилатин ғалабат фиатам касиратам би изниллоҳ»[13] музаффару мансур гардонӣ.

Илоҳо, авратони солиҳаро, ки шабу рӯз ҷуз ризои ту ба амали дигар намекӯшанд, дар канафи исмати «Ва яҳфазна фуруҷаҳунн»[14] маҳфузу маъмун дорӣ.

Илоҳо, беморони дорулисломро аз дорухонаи «ва нуназзилу мина-л-Қуръони мо ҳува шифоу-в-ва раҳмату-л-ли-л-муъминин»[15] шарбати офияташон карам фармоӣ.

Илоҳо, мусофироне, ки дар сафаранд, аз хатари «Иннамо ҷазоу-л-лазина юҳорибуналлоҳа ва расулаҳ»[16] нигоҳ дорӣ.

Илоҳо, уламои динро ба дараҷоти «Ва-л-лазина уту-л-илма дараҷот»[17] ороста дорӣ.

Илоҳо, тавонгарони соҳиблутфу шафқатро, ки ба навъе дастгирии муфлисони муъмин месозанд, ба хилъати «Ағниёа мина-т-тааффуф»[18] мустазҳар дорӣ.

Илоҳо, дарвешони вақтро ба либоси «Инналлоҳа маа-с-собирин»[19] музайян дорӣ.

Илоҳо, дидори худро, ки Худои азза ва ҷалла ва Карими лам язалӣ, рӯзии мо гардонӣ.

Илоҳо, ҳоҷоти ҳамаи бандагонро, ки медонӣ, баровардаи хайр гардонӣ, ба ҳурмати дини мусалмонӣ ҳоҷоти ҳамаро баровардаи хайр гардонӣ, ё Илоҳа-л-оламин ва ё Хайра-н-носирин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Саломатии подшохони ислом, хусусан ин подшоҳи  диёри амони мулк, хайрияти омма ва руфоҳияти чамеи муъминон, баракати оби равон, нарҳи  арзон, хузури ҳозирон, бакои имони пиру чавон, кушодакории чамеи толибон, наҷоти асирон, халосии қарздорон, шифои чамеи беморон, ҳочати ҳочатмандон, саломатии роҳи мусофирон, камолу салоҳи фарзандони чамеи мусалмонон, тавфиқи бетавфиқон, дафъи шарри золимон, нагунсории душманон аз барои ғарибону бекасон ва афтодагону дармондагон, оқибати ҷамеи корҳо, ҳусули муродот, тавфиқи тоот, баромадани ҳоҷоти муъминину муъминот ва муслимину муслимот, осойиш ва оройиши якдигар. Худои таборак ва таоло хотимаи кори оммаи халқуллоҳро бо имон дорад, ба туфайли уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салам, хотимаи кори ин бандаи шикастаи ғарибу бекасу нотавону саргардон ва бесарусомону афтодаи пургуноҳи осиро ба фазлу карамат ба хайр гардон. Бо имон мирон ва бо имон маҳшур гардон. Омин, ё Рабба-л-оламин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Парвардгоро, ин толибилми қироаткардагиро ба умру ҷонаш баракат ато гардон, илми бобаракат, илми ладунӣ, забони буррову иқболи баланд ато гардон.

Илоҳо, давлаташ пайваста то рӯзӣ ҷазо бошад,

Гули боғи муродаш дар шукуфтан ҳар сабо бошад.

Агар давлат талаб дорад, диҳад Ҳақ ҳар ду оламро,

Ба ҳар ҷо по гузорад, душманонаш зери по бошад.

Парвардгоро, фарзандони ин ҷамоаи муслиминро ҳамин гуна Қуръонхону намозхон ва дуогӯйи падару модаронашон гардон. Ба роҳи дини ислом мустақиму собитқадам гардон. Эй Бахшандатарини бахшояндагон, эй Меҳрубонтарини меҳрубонҳо. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Парвардгоро, ин ҷамоати муслимин дар хонаи Ту меҳмони Туанду даст ба дуо бардоштаанд. Парвардгоро, бахтталабонро бахти нек, кушоиши корталабонро кушоиши кор ато гардон. роҳдурҳоро сиҳҳату саломат бозгардон. Ба бемороне, ки дар шифохонаҳову дар хонаҳояшон ҳастанд, аз хазонаи ғайбат шифои комил, шифои оҷил ато гардон. Парвардгоро, мулки обод, нархи арзон, ба касбу корҳо баракат ато фармо. Аз балоҳои арозиву самовӣ дар паноҳи исмати Худ нигоҳ дор. Парвардгоро, оқибати корҳоро ба хайр гардон, сакароти мавт, азоби қабр, гузаштани Пули Сирот, тарозуи мизонро сақили хайр гардон, номаи аъмоли муъминонро ба дасти росташон ато гардон, аз Ҳавзи Кавсар сероб гардон, Ҳазрати Сайиду-л-мурсалинро шафоатхоҳи мо гардон, аз дузахат паноҳ гардон, ё Раҳмон, ё Раҳим. Салли ало Муҳаммад, салавот бар Муҳаммад. Ё Раб, ҳамаро ба мақсуд бирасон. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Адолати подшоҳон, шифои беморон, тавфиқи бетавфиқон, наҷоти қарздорон, баракати оби равон, камоли кудакон, ҳоҷати ҳоҷатмандон, баракати кишту кори деҳқонону боғпарварон. Парвардгоро, ҳамаи моро аз тамоми гуноҳони сағираву кабира пок гардонӣ, ба тамоми мақсадҳои дунявиву ухравӣ бирасонӣ, аз ин дунёи фонӣ ба дуиёи боқӣ бо нури имон бибарӣ. Омин ё Рабба-л-оламин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин. Аллоҳ бас, боқӣ ҳавас.

Ал-ҳамду лиллоҳи рабби-л-оламин. Аллоҳумма салли ва саллим ва борик алайҳ. Аллоҳумма-рзуқно қабла-л-мавти тавбатан ва инда-л-мавти шаҳодатан ва баъда-л-мавти ҷаннатан ва наимо. Парвардгоро, пеш аз омадани марг барои мо тавфиқи тавба карданро ва бозгаштанро ба сӯйи Худат насиб гардон. Парвардгоро, дар вақти марг вақте ки соати умри мо ба поён мерасад, моро нушидани ҷоми шаҳодат насиб гардон. Парвардгоро, баъд аз марг қароргоҳи моро дар ҷаннатул-фирдавс ҳамроҳи пайғамбаронат ва бандагони солеҳат насибу рӯзӣ бигардон. Омин ва Рабба-л-оламин.

*****

Илоҳо, Малико, Подшоҳо, ба ризо ва раҳмати Худ моро нигар. Худовандо, зоҳиру ботини моро дар зери ризои Хеш ҷамъ дор. Илоҳо, тафриқаву парешониро аз роҳи мо ва аз роҳи ҷамеи мусалмонон дур гардон, афву офиятро қарини вақти мо гардон. Илоҳо, саодату рағбати собиқро қоиди мо гардон. Илоҳо, моро ба мо бигумор, моро аз шарри мо нигаҳ дор, ҳарчи ба банда бахшӣ, ба ризои худаш қаринӣ бахшӣ. Илоҳо, моро аз ёди Худ маъзул накунӣ ва ба қаҳри Худ мақҳур макунӣ ва ба ғайри Худ машғул накунӣ. Агар пурсӣ, ҳуҷҷат надорам, агар бигирӣ, тоқат надорам ва агар бибахшӣ, тоат надорам. Аз банда хатову зиллат, аз Ту атову раҳмат. Эй қадими Ламязал, эй Азизи бебадал.

Аллоҳумма аслиҳ лано ва аслиҳ фасода ақволиио ва аслиҳ фасода афъолино ва аслиҳ фасода аъмолино ва аслиҳ фасода қулубино ва аслиҳ фасода судурино ва аслиҳ фасода валояти умурино ва аслиҳ фасода байнино ва байнака, ё муслиҳу, ё муслиҳу-с-солиҳина-л-мухласина ва ё Хайра-н-носирина. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимина.

Тарҷума: Эй Илоҳи ман, ба салоҳу созӣ овар моёнро ва ислоҳ, деҳ фасоди гуфторҳову корҳои моёнро ва ислоҳ деҳ фасоди амалҳои моёнро ва ислоҳ деҳ фасоди дилҳои моёнро ва ислоҳ деҳ фасоди синаҳои моёнро ва ислоҳ деҳ тасарруфи умури моёнро ва ислоҳ деҳ фасодеро, ки миёни мову миёни Ту ба ҷиҳати бадамалии моён воқеь шуда. Эй ислоҳдиҳанда некукоронро, ки ихлоскунандагонанд Туро дар амали худҳо. Ва эй Беҳтари ҳамаи мададгорон, қабул гардон дуоҳои моро ба раҳмати Худ, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.

*****

Илоҳо, оқибати кори ҳамаи бандагонатро осон гардонида, ба муроду мақсадҳои некашон махсус гардонӣ. Тани сиҳҳату хотири ҷамъ бидиҳӣ. Ба дӯстон зору дар назди душманон хор ва ба номардон муҳтоҷ нагардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, ба кишту кори деҳқонон, ки аз аввали рӯзҳои офтобӣ ба саҳро баромада, ба кишту кори нави баҳорӣ омода шуда, меҳнат карда истодаанд, баракат ато фармоӣ. Илоҳо, ба кишти онҳое, ки дар саҳроҳову дашту даман дона партофта буданд ва бо сабаби наборидани борон киштҳояшон зард шуда истодаасту заминҳо обталаб аст, борони раҳмати найсониро насибу рӯзӣ гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, ба бемороне, ки дар бистари беморӣ хоб рафтаанду мунтазири шифо ҳастанд, шифои комил ато фармоӣ. Ва дар қатори онҳо ба беморони мо низ назари раҳмат фармоӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, Парвардгоро, Худат ҷумлаи моро раҳмат кун. Рӯҳу арвоҳи пайғамбарон, пирам, чилдухтарон, падару модарам ва гузаштагонамонро ба раҳмати Худ қарин гардон. Ба мо тани сиҳҳату хотири ҷамъ ато кун ва ин фарзанди яккаву ягонаамро аз умри дарозу бахти сафед ва фарзандҳои неку солеҳ бонасиб гардон. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Аҳадо, Самадо, Поко, Парвардгоро, ба ҳурмати зоти покат, ба ҳурмати сайиду-л-мурсалин ва расули Раббу-л-оламин ҷумла умматони ҳабибатро ҳар киро талабест, мақсудест, ҳоҷотест, даъвотест, баровардаву бахайр гардонӣ. Ва ҷумла бандагони калимагуятро аз офатҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматат нигоҳ дорӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, оқибати кори ҷамеи мо муъминонро ба хайр гардонӣ, имонро саломат дорӣ, ба роҳи рост ҳидоят кунӣ, тавфиқ бар тоат ва парҳез аз маъсият каромат фармоӣ. Аз гуноҳони сағираву кабира пок гардонӣ. Аз балову офатҳои осмониву заминӣ дар паноҳи Худ нигаҳ дорӣ. Ба ҳамаи муроду мақсадҳои неки дунёву охират бирасонӣ. Аз гавҳари имон, ки ато фармудӣ, чудо нагардонӣ. Фардои қиёмат аз биҳишти барину ҳавзи Кавсар бонасибу сероб гардониву аз тамошои ҷамолат маҳрум насозӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, эй Молики бандагон, эй Подшоҳи ҳарду олам, даст ба сӯйи Ту бардошта дуо мекунем, дуоҳои моро мустаҷоб гардон. Илоҳо, меҳру муҳаббати Худатро ба мо ва меҳру муҳаббати моро ба Худат ва меҳру муҳаббати бандагонатро бар якдигар зиёдаву софу беғаш гардон. Илоҳо, тавфиқро рафиқи мо гардонида, моро ба роҳи росту хубу некӯ ҳидоят фармо. Имонамонро пурқуввату бояқин гардонида, ба нияту орзуҳои неки диниву дунёиямои бирасон. Тавбаҳои моро ба даргоҳат қабул фармо. Илоҳо, дидаҳои пурармони моро ба дидори бемислу бенамунаи Худ мушарраф гардонида аз шафоати ҳабибат бонасиб гардон. Илоҳо, моро аз азоби қабру оташи дузах наҷот дода, ба ҷаннати анбарсиришти зарринахишт восил гардон. Илоҳо, кушоиши кори бандагони мусалмон, наҷоти қарздорон, шифои беморонро ато гардон. Ҳар киро мақсудест, ҳоҷотест ва муҳиммотест баровардаи хайр гардон. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Илоҳо, аввало гавҳари имон, тани сиҳҳат, хотири ҷамъро насиб, меҳру муҳаббатро дар байни дӯстон зиёда, нури имонро дар қалбҳоямон афзун гардонад. Фарзандонро ба хизмати падару модар қоим ва дастони эшонро бар дуои фарзандон кушода гардонад. Дастҳое, ки ба сӯйи Парвардгор мекушоем, Илоҳо, маҳруму ноумед барнагардонад. Ғоибу ҳозири моро дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад. Оқибати кори ҳамаи муъмину мусалмононро бахайр гардонад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Аҳадо, Самадо, Парвардгоро, ба ҳурмати султони анбиё ва шофеи рӯзи ҷазо ба ном Ҳазрати Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам оқибати кори ҷамеи муъминонро ба хайр гардонӣ, имони ба саломат, нархи арзон, мулки амон, шифои беморони аҳли ислом, наҷоти қарздорон, ҳоҷати ҳоҷатмандон, камоли кудакон, барори кишту кори деҳқононро насиб гардонӣ. Дар вақти рафтан, кандани ҷонро осон карда, ҷумла бандаи калимагӯйро бо нури имон барӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Худоё, аз Ту дархост мекунем зиндагонии хушу покизаро. Худоё, моро ба роҳи росту пархезгорӣ далолат кун ва аз ҳарому шубҳаву нопокӣ нигоҳ дор, ба касе мухтоҷ накун, тани сиҳҳату хотири ҷамъ ато кун. Худоё, моро аз фузунии қарзу аз ғалабаи душман дар паноҳат нигоҳ дор. Худоё, қалбҳои моро бо нури имону нури Қуръон мунаввар гардон ва ҳамаи кинаву ҳасадро аз дили мо дур гардон ва аз муҳаббати Қуръону муҳаббати Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва муҳаббати ислом дилҳои моро лабрез гардон. Фарзандонамонро боинсофу оқилу пок ва хизматгузори волидонашон гардон. Ба ҷумла бандаи муъмин бахти неку хуррам ва ба ғоибон осойиштагиву осудагӣ, ба беморон шифои комил ато гардон. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*****

Худовандо, бигардонӣ балоро,

Зи офатҳо нигаҳ дорӣ Ту моро.

Ба ҳаққи ҳар ду гесӯи Муҳаммад

Барорӣ ҷумла ҳоҷатҳои моро.

*****

Худовандо, бигардонӣ балоро,

Зи офатҳо нигаҳ дорӣ Ту моро.

Ба ҳаққи ҳар ду гесӯи Муҳаммад

Забун гардон забардастони моро.

*****

Эй Худоё, ки аз хазонаи ғайб,

Габру тарсо вазифахӯр дорӣ,

Дӯстонро куҷо кунӣ маҳрум,

Ту, ки бо душманон назар дорӣ.

*****

Эй бор Худои Аршу Курсӣ,

Шаш чиз ба мо ато фиристӣ.

Илму амалу фарохдастӣ,

Имону амону тандурустӣ.

*****

Субҳоналлоҳ, ба ҳар дамам ёр Туӣ,

Субҳоналлоҳ, кушоиши кор Туӣ.

Субҳоналлоҳ, ба иззати кун фаякун,

Субҳоналлоҳ, муроди мо ҳосил кун.

*****

Худоё, ин ҷамоатро нигаҳ дор аз парешонӣ,

Ки Ту Қодиртарини қодиронӣ дар нигаҳбонӣ.

Нигоҳи раҳматат, ё Раб, ба сӯйи ин ҷамоат кун,

Ба лутфи Худ қабул аз ин ҷамоат ҷумла тоат кун.

*****

Илоҳо, дӯст, қаддат хам нагардад,

Дили шодат ба даври ғам нагардад,

Дуое мекунам, омин бигӯӣ,

Ки як мӯ аз сари ту кам нагардад.

*****

Қади сарват, Илоҳо, хам нагардад,

Дили шодат ба даври ғам нагар дад.

Илоҳо, бошиву садсола бошӣ,

Ки соят[20] аз сари мо кам нагардад.

*****

Ё Раб, ба дарат тавбанамо омадаам,

Сар то ба қадам бори гуноҳ омадаам.

Худ гуфта будӣ, ки ноумедӣ куфр аст,

Бо мӯйи сафед, русиёҳ омадаам.

*****

Аҳадо, сомеъулмуноҷотӣ,

Самадо, кофиюлмуҳиммотӣ.

Зеру боло наметавонам гуфт,

Холиқуларзу вассамовотӣ.

Ҳоҷати хеш аз Ту мехоҳам,

3-он ки қозии ҷумла ҳоҷотӣ.

Ҳеҷ пӯшида аз Ту пинҳон нест,

Олимуссирру валхафийётӣ.

Шукри фазли Ту кай тавонам гуфт,

Ҳофизан фӣ ҷамеи ҳолотӣ.

*****

Кирдигоро, ба ҳаққи нури Набӣ,

Ба ҷамоли Муҳаммади Арабӣ.

Ба намозу ниёзи лайлу наҳор,

Ба дуруди саҳобагони кибор.

Ба муноҷотиёни Арши Маҷид,

Ба лаби ташнаи Ҳусайни шаҳид.

Илоҳо, ба эъзози номи Расул,

Ту созӣ дуои ғарибон қабул.

[1]Мафоҷо – фоҷианок.

[2] Сураи Аҳзоб, ояти 41.

[3] Сураи Рум, ояти 50.

[4] Сураи Аъроф, ояти 204.

[5] Сураи Нос, оятиҳои 5-6.

[6] Сураи Муҷодала, ояти 22

[7] Сураи Бақара, ояти 188.

[8] Сураи Юнус, ояти 2.

[9] Сураи Раҳмон, оятҳои 1-2.

[10] Сураи Тавба, ояти 21.

[11] Сураи Зумар, ояти 53.

[12] Сураи Намл, ояти 34.

[13] Сураи Бақара, ояти 249

[14] Сураи Hyp, ояти 31.

[15] Сураи Исро, ояти 82.

[16] Сураи Моида, ояти 33.

[17] Сураи Myҷодала, ояти 11.

[18] Сураи Бақара, ояти 273.

[19] Сураи Бақара, ояти 153

[20] Соят – сояат.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …