Главная / Маданият ва санъат / Дуои хатми Қуръои ва фотиҳа барои гузаштагон

Дуои хатми Қуръои ва фотиҳа барои гузаштагон

Парвардгоро, ҳидоят кун моёнро бо ҳидояти Қуръон икром кун моёнро бо каромати Қуръон, бошараф кун моёнро бо шарофати Қуръон, осон гардон корҳои диниву дунёии моёнро бо баракати Қуръон, равшан гардон дилҳои хастаи моёнро бо нури Қуръон, бикушо синаҳои моёнро бо тиловати Қуръон, зиннат деҳ ахлоқи моёнро бо зиннати Қуръон, бипӯшон ҷисмҳои нотавони моёнро бо хилъати Қуръон, биомурз гуноҳҳои моёнро бо инояти Қръон, осон гардон азоби ҷонкандани моёнро бо фазилати Қуръон, вазнин гардон паллаи тарозуи аъмоли неки моёнро бо бузургии Қуръон, эмин дор моёнро аз ҷамеи балоҳои дунёву охират бо ҳурмати Қуръон, раҳмат кун ба ҷамеи уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба раҳматат, эй Беҳтарини бахшояндагон. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Илоҳо, омин, ҳадя кардем савобу самараи ин оятҳои каломи Раббониро ба ризоии Ҳақк субҳонаҳу ва таоло ба рӯҳонияти ҷамеи анбиёи мотақаддам ва анбиёи мурсалин, хусусан ба рӯҳи пурфутуҳи  мутаҳҳари мунаввари Ҳазрати рисолатпаноҳӣ саллаллоҳу алайҳи ва саллам. Ва ба рӯҳонияти хулафои рошидин ва ҷамеи саҳоба ва тобиин ва табаа тобиин. Ва ба рӯҳонияти ҷамеи муҷтаҳидин, хусусан Имоми Аъзами куфиву суфӣ раҳматуллоҳи алайҳ. Ва ба рӯҳонияти падарону модарон ва ҷамеи муъминину муъминот ва муслимину муслимот, хусусан ба гузаштагони ин манзилу макон. Аллоҳумма-ҳфазно ё Файёз мин ҷамеъи-л-балоёи ва-л-амроз. Ва саллаллоҳу таоло ало хайри халқиҳи  Муҳаммадив-ва ало олиҳи  ва асҳобиҳи аҷмаин. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон. Аввал такя ба зоти поки Аллоҳи Аҳаду Аллоҳи Самад ва ба ризогии Ҳақ субҳонаҳу таборак ва таоло. Бахшидем савобу самараи тиловати оятҳои каломи Раббониро ба ризогии Худои азза ва ҷалла ба рӯҳонияти ҷамеи пайғамбарони гузашта, алалхусус ба рӯҳонияти Одам Сафийюллоҳ, Нуҳи  Набийюллоҳ, Иброҳими Халилуллоҳ, Мусои Калимуллоҳ, Довуди Халифатуллоҳ, Исои Рӯҳуллоҳ ва алалхусус, ба рӯҳи пурфутуҳи  мутаҳҳари мунаввари Ҳазрати рисолатпаноҳ дастгири осиён дар рӯзӣ ҷазо-Муҳаммади Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва ба рӯҳонияти ҷамеи хулафои рошидин, саҳобагону тобиин ва табаа тобиин, хусусан ба рӯҳи Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ. Бахшидем ба рӯҳи поки 124-ҳазор пайғамбарони мурсалин, ба рӯҳи анбиёҳои сиҳибмуъчиза ва авлиёҳои соҳибкаромоти мутақаддам. Бахшидем савоби каломи Раббониро аз Одам то ба Хотам[1] ва аз Хотам то ба ин дам ва ба рӯҳонияти сайидону шаҳидон, ғарибону бекасон ва мустамандону фотиҳаҷӯёни аҳли ислом. Бахшидем савобашро ба гузаштагони ҳамин манзилу макон аз падару модарон, бобову бибиён, пиру устодон ва хешу ақрабоён, аз ҳафт пушт то ҳафтод пушташонро ғариқаи раҳмат ва шоистаи Ҷаннат кунад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Тиловати Қуръон, ҳаловати имон, хушнудии Холиқи Раҳмон, камоли кудакон, бақои пиру ҷавон, сиҳҳату саломатии мусофирони аҳли ислом. Парвардгоро, бирасон савобу самараҳои оятҳои тиловатшудаи Қуръони азимушшаънро ба Ҳазрати Одами Сафийюллоҳ, ба Нуҳи Набийюллоҳ, ба Шиси Набийюллоҳ, ба Иброҳими Халилуллоҳ, ба Мусои Калимуллоҳ, ба Довуди Халифатуллоҳ, хусусан ба рӯҳи пурфутуҳи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва олу асҳобу хонаводаашон. Ҳафт қорӣ, чаҳордаҳ ровӣ, даҳ ёри биҳиштӣ, нӯҳ ҷуфти пок, азвоҷи мутахҳирот, саҳобагони кибор, табаа тобиин, ҷамеи муҷтаҳидин, Имоми Аъзами куфиву суфӣ ва раҳматуллоҳи алайҳ, хусусан шаҳидону ғарибону бекасон, шаҳидони дашти Карбало, пирони тариқаи нақшбандия, пирони тариқаи қодирия, хусусан падарону модарон ва бобоёну бибиён, фарзандону хешону ақрабоён, гузаштагони ин манзилу макон, гузаштагони ин ҷамоати муслимин ва устодони илму касб. Ва саллаллоҳу таоло Муҳаммадин ва ало олиҳи ва асҳобиҳи тайибина ват-тоҳирин. Парвардгоро, биомурз тамоми уммати ҳабибатро ба раҳмати файзбори Худ, зеро ки дарёи раҳмати Ту бепоён аст. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

[1] Хотам – хотами пайғамбарон, яъне Ҳазрати Муҳаммад(с).

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …