Главная / Гуногун / Дуоҳои субҳу шом

Дуоҳои субҳу шом

«Ояту-л-Курсӣ» як бор ҳангоми субҳ, як бор ҳангоми бегоҳ ва пеш аз хоб хонда мешавад.

Аузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюм. Ло таъхузуҳу синатув-ва ло навм, Лaҳy мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз. Ман за-л-лазӣ яшфаъу индаҳу илло биизниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум, ва ло юҳитуна би шайъи-м-мин илмиҳи илло би мо шоъ. Васиа курсийюҳу-с- самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуҳу ҳифзуҳумо ва ҳува-л-Алийю-л-Азим.

Тарҷума: Худо, ки ба ҷуз вай ҳеҷ худое нест, Зиндаи Поянда аст; Ӯро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Кист он, ки назди Ӯ-ҷуз ба ҳукми Ӯ-шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онҳо аст ва он чиро, ки паси пушти онҳо аст; ва мардум аз илми ҳақ чизеро, ба ҷуз он чи вай хостааст, дарнамегиранд; подшоҳии ӯ осмонҳову заминро фаро гирифтааст; ва нигоҳбонии ин ҳар ду барои ӯ гарон нест; ва Ӯ Баландмартабаи Бузургвор аст.

Ҳар кас «Ояту-л-Курсӣ»-ро ҳангоми пагоҳӣ бихонад, то бегоҳ аз шайтонҳо раҳоиву халосӣ ёбад ва ҳар кӣ «Ояту-л-Курсӣ»-ро ҳангоми бегоҳӣ бихонад, то пагоҳ аз шайтонҳо раҳоиву халосӣ ёбад.

*****

Сураи «Ихлос» се бор ҳангоми субҳу шом хонда мешавад.

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул Ҳуваллоҳу Аҳад. Аллоҳу-с-Самад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам яку-л-Лаҳу куфуван аҳад.

Тарҷума: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

Бигӯ: «Ӯ Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зода шудааст. Ва ҳеҷ кас ӯро ҳамто нест».

*****

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул аузу би Рабби-л-фалақ. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб. Ва мин шарри-н-наффосоти фӣ-л-уқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад.

Тарҷума: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

Бигӯ: «Ба Парвардгори субҳ паноҳ мегирам, аз бадии ҳар чи офаридааст; ва аз бадии шаби торик, чун дарояд; ва аз бадии занони ҷодугари дар гиреҳҳо даманда; ва аз бадии ҳасуд, ки чун ҳасад барад».

*****

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул аузу би Рабби-н-нос. Малики-н-нос. илоҳи-н-нос. Мин шарри-л-васвоси-л-ханнос. Ал-лазӣ ювасвису фӣ судури- н-нос. Мина-л-ҷиннати ва-н-нос.

Тарҷума: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

Бигӯ: «Ба Парвардгори мардум паноҳ мегирам, ба Подшоҳи мардум, ба Худои мардум, аз бадии васвасакунандаи бозпасраванда, он, ки дар синаҳои мардум васваса меафканад, аз ҷинниён (бошад) ё аз мардум».

*****

Як бор ҳангоми пагоҳ ва бегоҳ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма Анта Раббӣ ло илоҳа илло Анта халақтанӣ ва ано абдука ва ано ало аҳдика ва ваъдика ма-статаъту аузу бика мин шарри мо санаъту абуу лака би ниъматика алайя ва абуу Лака би занбӣ фа-ғфирлӣ фа иннаҳу ло яғфиру-з-зунуба илло Ант.

Тарҷума: Эй Аллоҳ, Ту Рабби ман ҳастӣ, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ту нест. Маро офаридаӣ ва ман бандаи Туям ва то тавонам бар аҳду паймони имон, ки бо Ту бастаам, пойбанду устувор хоҳам буд. Аз шарри кирдору аъмоли худ ба Ту паноҳ меоварам, ба неъматҳоят бар худ эътироф мекунам ва ба гуноҳонам низ эътироф мекунам. Эй Мавло ва Моликам, маро афв кун ва гуноҳонамро биомурз, ҳеҷ кас ҷуз Ту Омурзандаи гуноҳон нест.

Ҳар кӣ ин дуоро бегоҳӣ бо боварии комил гӯяд, агар ҳамон шаб бимирад ба ҷаннат дарояд ва ҳамчунини дигар пагоҳӣ.

*****

Як бор ҳангоми пагоҳ ва бегоҳ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма Олима-л-ғайби ва-ш-шаҳодати фотира-с-самовоти ва-л-арзи, Рабба кулли шайъин ва маликаҳу. Ашҳаду ал-ло илоҳа илло Анта, аузу бика мин шарри нафсӣ, ва мин шарри-ш-шайтони ва ширкиҳи, ва ан ақтарифа ало нафсӣ суан ав аҷурҳу ило муслим.

Тарҷума: Худовандо! Эй Донандаи ниҳону ошкоро, эй Созандаи осмощову замин, эй Парвардгори ҳама чиз ва подтоҳи он, гувоҳӣ медиҳам, ки ғайр аз Ту худое шоистаи парастиш нест. Аз бадии худ ба Ту паноҳ мебарам ва аз бадии шайтон ва ширки ӯ ва аз ин ки бар ҷони худ бадӣ ва гуноҳ, кунам ва ё ки онро ба сӯйи мусалмоне кашаму ба ӯ бадӣ расонам ба Ту паноҳ мебарам.

*****

Се бор ҳангоми пагоҳ ва бегоҳ хонда мешавад:

 Бисмиллоҳи-р-Раҳмоии-р-Раҳим

Разийту биллоҳи таоло Раббав-ва би-л-исломи динав-ва би-Муҳаммадин набийя-р-расулан.

Тарҷума: Розӣ гаштам, ки Рабби ман Аллоҳ аст ва хушнуд гаштам, ки ислом дини ман аст ва розӣ гаштам, ки Муҳаммад (с) набӣ ва расул аст.

*****

Се бор ҳангоми пагоҳ ва бегоҳ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Бисмиллоҳи-л-Лазӣ ло язурру маъа исмиҳи шайъун фӣ-л-арзи ва ло фӣ-с-самои ва Ҳува-с-Самеъу-л-Алим.

Тарҷума: Шуруъ мекунам аз номи Эзид, ки аз баракати номи Ӯ чизе нуқсону зиён наметавонад расонид, на дар замин ва на дар осмон ва Ӯст Шунавандаву Донанда.

*****

Як бор пагоҳӣ ва бори дигар ҳангоми хоб хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-афва ва-л-офията фӣ-д-дунё ва-л-охираҳ. Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-афва ва-л-офията фӣ-д-динӣ ва-д-дунёя ва аҳлӣ ва молӣ. Аллоҳу-м-мастур аваротӣ ва омин равъотӣ. Аллоҳумма-ҳфазнӣ мин байни ядайя ва мин халфӣ ва ан яминӣ ва ан шимолӣ ва мин фавқӣ ва аузу би-азаматика ан ағтола мин таҳтӣ.

Тарҷума: Худовандо, ман аз Ту бахшиши гуноҳҳову беранҷиро дар дунёву охират дархост мекунам. Худовандо, ман аз Ту бахшиши гуноҳҳову беранҷиро дар дину дунё ва хонадону дороии худ дархост мекунам. Худовандо, айбҳоямро бипӯшон ва тарсу бимҳоямро эмин гардон. Худовандо, маро аз пешам ва аз пуштам ва аз ростам ва аз чапам нигаҳ дор ва ба бузургии Ту аз ин, ки ногаҳон замин маро фурӯ барад, паноҳ мебарам.

*****

Як бор ҳангоми пагоҳӣ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Асбаҳно ва асбаҳа-л-мулку лиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи. Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир. Рабби асъалука хайра мо фӣ ҳоза-л-явми ва хайра мо баъдаҳу, ва аузу бика мин шарри мо фӣ ҳоза-л-явми ва шарри мо баъдаҳу. Рабби аузу бика мина-л-касали ва суи-л-кибри. Рабби аузу бика мин азобин фӣ-н-нори ва азобин фӣ-л-қабр.

Тарҷума: Ба субҳ, ворид шудем ва мулки Аллоҳ дохили субҳ гашт ва ситоиш мар Аллоҳро, ҷуз Аллоҳ ҳеҷ худое шоистаи парастиш нест. Ягона аст ва ҳамто надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва бар ҳама чиз тавоност. Парвардгоро, накуиро, ки дар ин рӯз аст ва накуии пас аз ин рӯзро аз Ту дархост мекунам ва аз бадии ин рӯз ва аз бадии пас аз ин рӯз ба Ту паноҳ мебарам. Парвардгоро, аз танбалӣ ва бадии пирӣ ба Ту паноҳ мебарам. Парвардгоро, аз азоби ҷаҳаннам ва азоби гӯр ба Ту паноҳ мебарам.

*****

Як бор ҳангоми бегоҳӣ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Амсайно ва амса-л-мулку лиллоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир. Рабби асъалука хайра мо фӣ ҳоза-л-явми ва хайра мо баъдаҳу, ва аузу бика мин шарри мо фӣ ҳоза-л-явми ва шарри мо баъдаҳу. Рабби аузу бика мина-л-касали ва суи-л-кибри. Рабби аузу бика мин азобин фӣ-н-нори ва азобин фӣ-л-қабр.

Тарҷума: Ба бегоҳ расидем ва мулк ба сӯйи Аллоҳ гашт ва ситоиш мар Аллоҳро, ҷуз Аллоҳ ҳеҷ худое шоистаи парастиш нест. Ягона аст ва ҳамто надорад. Подшоҳӣ аз они Ӯст ва бар ҳама чиз тавоност. Парвардгоро, накӯиро, ки дар ин рӯз аст ва накӯии пас аз ин рӯзро аз Ту дархост мекунам ва аз бадии ин рӯз ва аз бадии пас аз ин рӯз ба Ту паноҳ мебарам. Парвардгоро, аз танбалӣ ва бадии пирӣ ба Ту паноҳ мебарам. Парвардгоро, аз азоби ҷаҳаннам ва аз азоби гӯр ба Ту паноҳ мебарам.

*****

Як бор ҳангоми пагоҳӣ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма бика асбаҳно ва бика амсайно ва бика наҳё ва бика намуту ва илайка-н-нушур.

Тарҷума: Худовандо, бо Ту бар пагоҳ расидем ва бо Ту бар бегоҳ расидем ва ба амри Ту зинда мешавем ва ба амри Ту мемирем.

*****

Як бор ҳангоми бегоҳӣ хонда мешавад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма бика амсайно ва бика асбаҳно ва бика наҳё бика намуту ва илайка-л-масир.

Тарҷума: Худовандо, бо Ту бар бегоҳ расидем ва бо Ту бар пагоҳ расидем ва ба амри Ту зинда мешавем ва боз офаринишу бозгашти мо ба сӯйи Туст.

*****

Се бор ҳангоми дар ягон манзил ва ё дар ягон ҷой фаромадан хонда мешавад ва ҳеҷ чиз зарар намекунад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аузу би калимотиллоҳи-т-томмоти мин шарри мо халақ.

Тарҷума: Паноҳ мебарам бо калимаҳои комилу расоӣ Аллоҳ аз бадии он чи офаридааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …