Дуои қадам

Қадам расид, бало нарасад. Илоҳо, тани сиҳҳат, хотири ҷамъ, дили беғам ато намуда, гузаштагонамонро раҳмат ва мондагиҳоямонро ҷойнишини некон карда, дар паноҳи исмати худ нигоҳ дорӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р- роҳимин.

*        *        *        *        *

Илоҳо, қадамҳои моро дар ин манзил некӯ бобаракат гардонӣ. Парвардгоро, барои ҷумлаи бандаи муъмину мусалмон тани сиҳҳату хотири ҷамъ ва дили беғам ато намуда, оқибати корҳояшонро ба хайр гардонӣ. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Ободии макон, сиҳҳату саломатии аҳли ин хонадону аҳли суҳбат. Худованд рафтагиҳоро раҳмат карда, қабрҳояшонро пурнур ва ҷойгоҳашонро ҷаннат кунад, мондагиҳоро ҷойнишини некон карда, Қуръонхони гузаштагон кунад, тани сиҳҳату дили беғам ато кунад. Омин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

*        *        *        *        *

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Раббӣ анзилнӣ мунзилан муборакан ва Анта хайрун мунзилин. Ба даргоҳи ин дӯсти азизамон қадам ранҷа намудем. Илоҳо, ба ин хонадон хайру баракат, меҳру муҳаббат, рӯзгори пур аз нозу неъмат, доимо сулҳу салоҳияту якдигарфаҳмӣ, фарзандҳои солеҳу умри дарози бобаракатро ато фармоӣ. Ба ҳурмати Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Кушода бод ба давлат ҳамеша ин даргоҳ,

Ба ҳаққи ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳ,.

*        *        *        *        *

Илоҳӣ, хайрияти қадам, ободии макон, хушнудии арвоҳи гузаштагон, аз Худо мадад, аз Пайғамбар шафоат, хайру баракат, ризқу рӯзии беминнат, афву амон, бахту саодат, фарзандони солими босаховат, парҳез аз маъсият, шоистаи ҷаннат, саллаллоҳу таоло ало хайра халқиҳи Муҳаммадив-ва ало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …