Главная / Гуногун / Барои натарсидан чигуна Дуоро бояд хонд?

Барои натарсидан чигуна Дуоро бояд хонд?

Аз Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (раз) ривоят аст, ки: «Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо дар хоб битарсад, ин дуоро бихонад, пас шайтонҳо он шахсро зарару зиёне нахоҳанд расонид».

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аузу би калимотиллоҳи-т-томмоти мин ғазабиҳи ва азобиҳи ва мин шарри ибодиҳи ва мин ҳамазоти-ш-шаётини ва ай-яҳзурун.

xobТарҷума: Ман бо калимоти томмоти Аллоҳ паноҳ меҷӯям аз хашму азоби Ӯ ва аз шарри бандагони ӯ ва аз васвосу таъсироти шайтони ва аз ин, ки шаётин ба назди ман оянд ва маро азият кунанд.

Шуайб фарзанди Абдуллоҳ ибни Амр ибии Ос (раз), ки ровии ин ҳадис аст, мегӯяд: «Равиши падари мо Абдуллоҳ ибни Амр (раз) чунин буд, ки ба фарзандони болиғу бузургсоли худ ин дуоро талқин карда меомӯхт, то ҳамеша онро бихонанд. Ва барои фарзандони хурдсол онро бар коғазе менавишт ва бар гулӯи онон ба таври таъвиз овезон мекард».[1]

Шарҳ. Аз ин ҳадис маълум мешавад, ки хобҳои тарсовар, ки муҷиби парешонӣ мешавад, аз ҷониби шайтон ҳастанд ва агар ин дуо ҳамвора хонда шавад, иншоаллоҳ инсон аз шарри шайтон ҳифозат мешавад. Аз ин амали саҳобии Расулуллоҳ (с) Ҳазрати Абдуллоҳ ибии Амр ибни Ос (раз) маълум шуд, ки ном, ё каломи Худои таоло ва ё дигар дуоро бар коғаз навиштан ва ба таври таъвиз дар гулӯ ва ё ҷои дигар қарор додан кори хилофе нест.[2]

[1]   Ин ҳадисро Абудовуд ва Тирмизӣ ривоят кардаанд.

[2]   «Маорифу-л-ҳадис».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …