Главная / Гуногун / Дуои наҷот аз қарздориву камбағалӣ

Дуои наҷот аз қарздориву камбағалӣ

Аз Абӯсаиди Худрӣ (раз) ривоят аст, ки як рӯз Расулуллоҳ (с) ба масҷид ташриф оварданд, пас як марди ансориро, ки номаш Абӯумома (раз) буд дар он но мушоҳида карданд. Он Ҳазрат (с) фармуданд:

  • Абӯумома, чӣ хабар аст, ки дар ғайри вақти намоз дар масҷид нишастаӣ?

Вай арз кард:

  • Ё Расулаллоҳ (с), қарзҳои бисёр бар ман ҳаст, ки дар асари он бисёр музтарибу парешонхотир ҳастам.

Он Ҳазрат (с) фармуданд:

  • Оё ба ту дуое биёмӯзам, ки бо он Худованд тамоми қарзҳои туро адо кунад ва туро аз парешониҳову андӯҳҳо наҷот диҳад?

Арз кард:

  • Оре, ҳатман бифармоед, ё Расулаллоҳ (с).

Фармуданд:

  • Ҳангоми субҳу шом ин дуоро ба боргоҳи Худои таоло бихон.

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ аузу бика мина-л-ҳамми ва-л-ҳузни ва аузу бика мина-л-аҷзи ва-л-касали ва аузу бика мина-л-ҷубни ва-л-бухли ва аузу бика мин ғалабати-д-дайни ва қахри-р-риҷол.

Тарҷума: Эй Аллоҳ, ман ба Ту паноҳ меоварам, аз ғаму андӯҳ ва аз нотавониву сустӣ ва аз буздиливу бухл. Ба Ту паноҳ меоварам аз бори қарз ва тасаллуту фишори мардум.

Абӯумома (раз) мегӯяд: «Ман бар ин роҳнамоии Расули акрам (с) амал кардам ва ин дуоро дар субҳу шом вазифаи худ қарор додам, пас ба фазли Худои таоло тамоми парешониҳову ғамҳои ман дур шуданду қарзҳои ман низ адо шуданд.[1]

*              *                *                   *                   *

Ҳазрати Абӯвоил (paҳ) мефармояд, ки: «Як ғуломи мукотаб[2] дар хидмати Ҳазрати Али (раз) хозир шуда, арз кард:

  • Ман наметавонам молеро, ки бадали китобат ба ман лозим шудааст, адо кунам. Дар ин маврид ба ман кӯмак кунед.

Ҳазрати Алӣ (раз) фармуд:

  • Оё ман ба ту он калимотеро ёд надиҳам, ки Расули акрам (с) ба ман ёд дода буд? Агар ба зиммаи ту ба андозаи кӯҳи Сиряман ҳам қарз бошад, боз ҳам Худои таоло онҳоро адо мефармояд. Ту ин дуоро бихон.[3]

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-кфинӣ биҳалолика ан ҳаромика ва ағнинӣ би фазлика амман сивок.

Тарҷума: Эй Аллоҳ, ба ман рӯзии ҳалол ато фармуда, аз ҳаром муҳофизат бифармо ва маро ба фазлу карами Худ аз ғайри Худ бениёз гардон.

[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ривоят кардааст.

[2] Мукотаб – ҳамон ғуломеро мегӯянд, ки соҳибаш ӯро гуфта бошад, ки: «Агар ин қадар мол дар ин муддат ба ман бидиҳӣ, пас ту озод ҳастӣ» ва он моле, ки дар ин муомила дода мешавад, онро бадали китобат меноманд.

[3] Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …