Главная / Илм /  Дуои наҷот аз қарздориву камбағалӣ

 Дуои наҷот аз қарздориву камбағалӣ

Аз Абӯсаиди Худрӣ (раз) ривоят аст, ки як рӯз Расулуллоҳ (с) ба масҷид ташриф оварда як марди ансориро, ки номаш Абӯумома (раз) буд, дар он ҷо мушоҳида карданд. Пас, он Ҳазрат (с) фармуданд:

  • Абӯумома, чӣ хабар аст, ки дар ғайри вақти намоз дар масҷид нишастаӣ?

Вай арз кард:

  • Ё Расулаллоҳ (с), қарзҳои бисёр бар ман ҳаст, ки дар асари он бисёр музтарибу парешонхотир ҳастам.

Он Ҳазрат (с) фармуданд:

  • Оё ба ту дуое биёмӯзам, ки бо он Худованд тамоми қарзҳоитуро адо кунад ва туро аз парешониҳову андӯҳҳо наҷот диҳад?

Арз кард:

  • Оре, ҳатман бифармоед, ё Расулаллоҳ (с).

Фармуданд:

Ҳангоми субҳу шом ин дуоро ба боргоҳи Худои таоло бихон. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

«Аллоҳумма иннӣ аузу бика мйна-л-ҳамми ва-л-хузни ва аузу бика мина-л-аҷзи ва-л-касали ва аузу бика мина-л-ҷубни ва-л-бухли ва аузу бика мин ғалабати-д-дайни ва қаҳри-р-риҷол».

Тарҷума: Эй Аллоҳ, ман ба Ту паноҳ меоварам, аз ғаму андӯҳ ва аз нотавониву сустӣ ва аз буздиливу бухл. Ба Ту паноҳ меоварам аз бори қарз ва тасаллуту фишори мардум.

Абӯумома (раз) мегӯяд: «Ман бар ин роҳнамоии Расули акрам (с) амал кардам ва ин дуоро дар субҳу шом вазифаи худ қарор додам, пас ба фазли Худои таоло тамоми парешониҳову ғамҳои ман дур шуданду қарзҳои ман низ адо шуданд.[1]

[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ривоят кардааст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …