Главная / Маданият ва санъат / Дуои эминӣ аз васвоси шайтон

Дуои эминӣ аз васвоси шайтон

Ҳар кас баъд аз намозҳои бомдод ва шом бо касе сухан накарда, ин дуоро ҳафт бор бихонад, агар андар он рӯз, ё андар он шаб бимирад, аз оташи дузах маҳфуз хоҳад монд.[1]

Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма аsирнӣ мина-н-нор.

Тарҷума: Худоё, маро аз дузах наҷот бидеҳ.

 ad-i-raj

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар касе субҳ, ё шом як бор ин калимотро бихонад, пас Худои таоло як чаҳоруми ӯро аз ҷаҳаннам озод мекунад ва ҳар кас ду бор бихонад, Худои таоло нисфи ӯро аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад ва ҳар шахс се бор бихонад, Худои таоло се чаҳоруми ӯро аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад ва ҳар кас чаҳор бор бихонад, Худои таоло ӯро комилан аз оташи ҷаҳаннам озод мекунад».[2] Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асбаҳту ушҳидука ва ушҳиду ҳамалата Аршика ва малоикатака ва ҷамеъа халқика иннака Анталлоҳу ло илоҳа илло Анта ва анна Муҳаммадан абдука ва расулук.

Тарҷума: Эй Аллоҳ, ман дар ҳолате субҳ кардам, ки Туро гувоҳ қарор медиҳам ва ҳомилини Арши Туро, фариштагони Туро ва тамоми маҳлуқоти Туро гувоҳ қарор медиҳам, бар ин, ки Ту Аллоҳ ҳастӣ, ба ҷуз Ту маъбуде нест ва бар ин, ки Муҳаммад (с) банда ва расули Туст.

 

[1]   Ин ҳадисро Абӯдовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …