Главная / Гуногун / Дуои каффораи маҷлис

Дуои каффораи маҷлис

Ҳазрати Абӯбарзаи Асламӣ (раз) мефармояд, ки «Маъмули Расулуллоҳ (с) дар охирин айёми зиндагӣ муборак ин буд, ки ҳар гоҳ иродаи бархостан аз маҷлисро мекарданд, ин дуоро мехонданд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ал-ло илоҳа илло Анта, астағфирука ва атубу илайк.

Тарҷума: Бор Илоҳо, Ту Пок ҳастӣ, ман ҳамду ситоиш Туро баён мекунам. Гувоҳӣ медиҳам, ки ба ҷуз Ту маъбуде нест. Ман аз Ту бахшиш металабам ва пеши Ту тавба мекунам.

Шахсе арз кард:

  • Ё Расулаллоҳ (с), дар ин рӯзҳо Шумо дуое мехонед, ки қаблан онро намехондед?

Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд:

  • Ин дуо каффораи лағзишҳои маҷлис аст.[1]

*****

Ҳазрати Ҷубайр ибни Мутъим (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар шахсе дар охири маҷлиси зикр ин дуоро бихонад, ин дуо барои он маҷлиси зикр чунон аст, ки бар мадорики муҳим муҳр зада мешавад, яъне ин маҷлис назди Худои таоло қабул мешавад ва аҷру савоби он назди Худои таоло маҳфуз мемонад. Ва агар ин дуоро дар чунон маҷлисе бихонад, ки дар он ҳарфҳои беҳуда зада шавад, пас, ин дуо барои он маҷлис каффора қарор мегирад. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи. Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика, ашҳаду ал-ло илоҳа илло Анта, астағфирука ва атубу илайк.[2]

[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ривоят кардааст.

[2] Мустадраки Ҳоким.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …