Дуои ҷомеъ

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) ривоят аст, ки: «Расули акрам (с) ин дуоро мехонданд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ҳудо ва-т-туқо ва-л-афофа ва-л-ғино».

Тарҷума: Бор Илоҳо, ман аз Ту ҳидоят, тақво, покдоманиву бениёзӣ аз махлуқотро металабам.

Дар ин дуо аз Худованди мутаол чаҳор чиз хоста шудааст:

  1. Ҳидоят, яъне қадам ниҳодан бо истиқомат дар роҳи Ҳақ.
  2. Тақвову парҳезгорӣ, яъне хавф аз Худои таоло ва парҳез аз маосиву мункарот.
  3. Иффату покдоманӣ.
  4. Ғино, яъне қалби ин ҳол ва кайфиятро дошта бошад, ки одамӣ дар худ ниёзу эҳтиёҷи ба ҳеҷ махлуқеро эҳсос накунад ва бар атои молики худ мутмаин бошад.[1]

*****

Аз Оишаи Сиддиқа (раз) ривоят аст, ки: Расули акрам (с) ба ман ин дуои ҷомеъро таълим доданд. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асъалука мина-л-хайри куллиҳи оҷилиҳи ва оҷилиҳи мо алимту минҳу ва мо лам аъламу ва аузу бика мина-ш-шарри куллиҳи оҷилиҳи ва оҷилиҳи мо алимту минҳу ва мо лам аълам. Аллоҳумма иннӣ асъалука мин хайри мо саалака минҳу абдука ва набийюка ва аузу бика мин шарри ма-стаоза минҳу абдука ва набийюк. Аллоҳумма иннӣ асъалука-л-ҷанната ва мо қарраба минҳо мин қавлин ва амалин ва аузу бика мина-н-нори ва мо қарраба илайҳо мин қавлин ва амалин ва асъалука ан таҷъала кулли қазоин тақзиҳи лӣ хайро.

Тарҷума: Бор Илоҳо, ман аз Ту ҳар навь хайру хубиро мехоҳам, хайри дунёву охиратро. Он хайреро, ки медонам ва онро, ки намедонам, низ аз Ту мехоҳам. Ва ман ба Ту паноҳ меоварам аз ҳар навь шарру бадӣ, шарри дунёву охират. Аз он шарре, ки онро медонам ва аз он шарре, ки намедонам.

Парвардгоро, бандаи хос ва Набии маҳбуби Ту (с) ҳар хайру хубиеро, ки аз Ту савол кардааст, ман низ онро савол мекунам ва аз ҳар шарру бадие, ки ба Ту паноҳ ҷустааст, ман низ аз он ба Ту паноҳ меҷуям.

Бор Илоҳо, ман аз Ту биҳишт ва он қавлу амале, ки ба биҳишт маро наздик кунад, хоҳонам ва ба Ту паноҳ меоварам аз дузах ва он қавлу амале, ки маро ба дузах наздик гардонад.

Бор Илоҳо, ман аз Ту мехоҳам, ки ҳар қазоват файсалае, ки дар ҳақи ман раво дорӣ, зомини хайру хубӣ бароям бошад.

Ба ҳар як калимоти ин дуо тадаббур ва андеша шавад он чи инсонро дар дунёву охират мавриди ниёз аст, дар ин дуо вуҷуд дорад.[1]

Дар як ривояти ин ҳадис ин тафсил ҳам баён шуда, ки як рӯз Ҳазрати Абӯбакри Сиддик (раз) ба маҳзари он Ҳазрат (с) дар хонаи эшон омад ва қасди суҳбате дар хилвату танҳоӣ дошт. Ҳазрати Оишаи Сиддиқа (раз) дар он вақт машғули хондани намозу дуоҳои бисёр тӯлонӣ буд. Он Ҳазрат (с) ба қасди холӣ кардани хона ба вай фармуданд:

  • Дуоҳои ҷомеъро бихону зуд тамом кун.

Ҳазрати Оишаи Сиддиқа (раз) изҳор дошт, ки:

  • Ба ман дуои ҷомеъе бигӯед.

Он гоҳ он Ҳазрат (с) ин дуоро ба ӯ талқин фармуданд.[2]

 

[1]  Ин ҳадисро Ибни Абӯшайба ва Ибни Моҷа ривоят кардаанд.

[2]  «Маорифу-л-ҳадис».

[1] Ин ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …