Главная / Маданият ва санъат / Дуои «Чиҳил коф»

Дуои «Чиҳил коф»

Хосиятҳои дуои «Чиҳил коф»

«Чиҳил коф» аз мақулоти Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ мебошад. Адади нисоби ин дуоро баъзе 1000 маротиба ва баъзе 6634 маротиба низ гуфтаанд. Ва баъд аз он, ки ба нисобаш расад, ин дуоро ҳар рӯз 41 маротиба бихонад.

Агар касе ин дуоро 41 маротиба хонда, ба беморе бидамад, он бемор шифо хоҳад ёфт. Ва барои беморе, ки ҷин расида бошад 21 маротиба бихонад.

Агар касе ин дуоро 10 маротиба хонда, ба дасти худ дамида, пас ба аъзои худ бимолад ва ба назди салотин ва ҳокимон равад, аз лутфу меҳрубонии эшон бархурдор гардад.

Агар касе, ки ин дуоро бо ҳамроҳии «Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» 41 маротиба бихонад ва дар аввалу охир ба Пайғамбари Худо (с) дуруд фиристад ва каме аз ширинӣ ба рӯҳи Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ садақа кунад ва баъд аз он мақсаду матлабашро талаб кунад, хоҳад ёфт. Ва барои хондани ин дуо, албатта, устоди комил мебояд.

Ҳар касе, ки ба ӯ асари ҷинниёт расида бошад, ё ба сеҳру ҷоду мубтало шуда бошад ва ё ба кадом бемории бедаво дучор шуда бошад, пас се, ё ҳафт, ё нӯҳ ва ё ёздаҳ маротиба ин дуоро хонда ба сӯйи он бемор бидамад, Худо хоҳад он бемор ба зуддӣ сиҳҳат хоҳад ёфт.

Дуои «Чиҳил коф»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Кафока Раббука кам якфика вокифатан кафкофаҳо какаминин кона мин калико такарру карран каккари-л-карри фӣ кайди таҳкӣ мушакшакатан калуклукин лакако кафо мо бикафока-л-коффу карайбатан ё кавкабан кона яҳкӣ кавкабан фалако.

Хосияти дуои «Чиҳил қоф»

Агар касе ин исми «Чиҳил қоф»-ро барои ҳар мушкиле, хусусан барои ҷин 11-маротиба хонда дам кунад, иншоаллоҳ, дарҳол ҷин дур шавад. Ин «Чиҳил қоф» аз мақулоти Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ аст.

Дуои «Чиҳил қоф»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қодиру Рабба қаддара қазоан қақаҳқара ақулу биқарқорин маъа қарқашин фӣ қайқушин биҳаққи қалонисин қутби-л-қамқоми-л-қаноқини фақарқарирӣ тақаббал биқабулин қурбин қаддаса ани-л-қавоми қаёқайюми биқавқамиҳо фӣ қиқотин биқафқафатин қафқафаҳу фақаҳҳир қатомӣ вақсим қуфиаҳу, ё қавий.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …