Главная / Гуногун / Дуои «Бахтнома» чи хосият дорад?

Дуои «Бахтнома» чи хосият дорад?

Хосиятҳои дуои «Бахтнома»

Ҳар он кас, ки дуои «Бахтнома»-ро баъд аз намози пешин як маротиба бихонад, бахти дуҷаҳонӣ ӯро ҳосил гардад ва низ душманону бадгӯёнаш бар ӯ зафар нахоҳанд ёфт, ҳеҷ ҷоду бар ӯ коргар нашавад ва дар миёни мардум боиззат бошад ва дар миёни ҳамаи махлуқот мақбулу мӯхтарам гардад ва ҳоҷатҳои дуҷаҳонӣ ӯро ҳосил шавад.

Агар дар миёни зану шавҳар носозише бошад, пас ҳамин «Бахтнома»-ро баъд аз намози пешини рӯзи ҷумъа бар қанд дам карда бихуронанд, бешак дар миёни эшон Аллоҳ таоло созгорӣ дарорад ва ба назари якдигар ҳамчун ширу шакар гарданд ва рӯз ба рӯз муҳаббати эшон афзунтар гардад ва ҳеҷ душман бар эшон ғолиб нашавад, ба баракату ҳурмати ҳамин «Бахтнома» Худои таоло онҳоро ҳамеша дар ҳифзу амни худ дорад.

duxtari-xushruХонандаи «Бахтнома» аз ҳамаи балоҳои самовиву арзӣ дар амон буда, аз назари бад ва аз шарри деву пари маҳфуз ва аз макри шайтон ва аз ҳар балоҳои охирӯззамон маҳфуз ва маъмун бошад.

Агар духтаре ҳамин «Бахтнома»-ро дар рӯзи душанбе ба вақти чошт бар қуфли оҳанӣ 41-бор бихонад, ба нияти кушодани бахт ва ҳамон қуфлро ба домани ҳамон духтар андозад ва ба марди солеҳ фармоянд, ки ба ҳамин духтар бикушояд. Албатта, бахти ҳамон духтарро Худованди таоло бикушояд, ба баракати ҳамин «Бахтнома». Ва бояд даҳони ҳамон касро аз набот сероб кунад, то ки хушнуд гардад.

Касеро душмане бошад ва ба ҳеҷ ваҷҳа аз ӯ халосӣ наёбад, ҳамин «Бахтнома»-ро шафеъ кунад, Худованди таоло ӯро аз ҷанги душман зуд бираҳонад.

Агар касе ҳамин «Бахтнома»-ро ба сафеда, сурма ва ба чарха ва ба оина дар рӯзи ҷумъа ҳафтод маротиба бихонад ба номи ҳар зан, то вақте ки сафеда ва ҳамон оина назди он зан бувад, бахти ҳар ду ҷаҳон ӯро ҳосил бошад.

Хосияти ин «Бахтнома» бисёр аст, лекин мухтасар навишта шуд, ки хонанда танг нагардад.

Дуои «Бахтнома»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Эй Худоё, Бузургворо ва Баргузида. Эй Худоё, Карими шодкунандаӣ, Худоё, азизкунандаӣ ҳар азизро ва залилро. Ё Аллоҳу, ё Раҳмону, ё Раҳиму, Субҳонака-с-Салом.

Биё, эй бахт, ба азамат ва ба бузургии Аршу Курсӣ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Лавҳу Қалам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати муҳофизи ин «Бахтнома».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати хонандаи ин «Бахтнома».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҳафт табақи осмон ва ҳафт табақи замин.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Шамсу Қамар.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷамеъи ситорагон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷумлаи фариштагони осмону замин.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати мутақаддимин ва мутаахҳирин.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммаду-р-расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати зулфайни Муҳаммад Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати айнайни Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати садри Муҳаммад, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати 444 мачмуаи 444 анбиёи мурсал, алайҳиму-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати 313 пайғамбарони мурсал.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати малоикаи муқарраб, алайҳиму-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Абӯбакри Сиддиқ, разияллоҳу анҳу.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Умари Хаттоб, разияллоҳу анҳу.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Усмони Зиннурайн, разияллоҳу анҳу.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Алии Муртазо, разияллоҳу анҳу.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати баргузидашудаи ҳар ду ҷаҳон амири муъминон Ҳазрати Имом Ҳасан, разияллоҳу анҳу ва Имом Ҳусайн, разияллоҳу анҳу.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Бибӣ Фотимаи Заҳро разияллоҳу анҳо ва Бибӣ Хадичаи Кубро, разияллоҳу анҳо.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷумлаи авлиёву асфиё ва атқиё.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷумлаи зоҳидону обидону сиддиқон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷумлаи абдолу автод ва мардони фӣ сабилиллоҳ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати 6666 оёти Каломуллоҳи шариф.

Биё, эй бахт, ба хурмати 99 асмоу-л-ҳусно.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати дуои «Қадаҳ».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати дуои «Сайф».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати дуои қурайшиён.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати «Дуруди акбар».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Нуҳ алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Иброҳим, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Исҳоқ, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Юсуф, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Луқмони Ҳаким.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Каъбаи муъаззама.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Мадинаи мунаввара.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Иброҳим, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷумла шоҳони ислом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати даврони онон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Боязиди Бистомӣ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Абдулқодири Ҷелонӣ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Шайх Ҷунайди Бағдодӣ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Хоҷаи Хизру Илёс, алайҳиму-с- салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Ризвони ҷаннат.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Молики дузах.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати азамати дарахти Тӯбо.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Идрис, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати зиндадилони субҳу шом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати некмардон ва некзанон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Пули Сирот ва Мизон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати асмоу-л-ҳуснои аъзам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ихлоси хонандаи ин «Бахтнома», алалхусус ба оҷизӣ.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Каломуллоҳи Ҷалил.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҳофизону қориён, ки шафеъ шаванд маро.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати уламои дин, ки амал карда бошанд ба илм.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати содот ва авлоди Ҳазрати Рисолатпаноҳӣ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати машоих.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати фатвои муфтиён, ки ба ростӣ бошад.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҳаҷҷи ҳоҷиён, ки ба даргоҳи Худои таоло, азза ва ҷалла, қабул афтад.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати маърифати орифон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати моҳи мубораки Рамазон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати оёти Қуръон, ки ба ҳаққи соимон нозил шуда бошад.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он, ки ба ту дӯстӣ мекунад.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он ҷумла, ки бо ту рӯза доранд.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он, ки мунтазирони моҳи Рамазони шарифанд.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати давлату иззат ва нусрат ва роҳат.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати хурсандии аҳли олам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Довуд, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ояти каримаи «Ё Довуду, инно ҷаъалнока халифатан фӣ-л-арзи, фа-ҳкум байна-н-носи би-л-ҳаққ».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Закариёи пайғамбар, алайҳи-с- салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ин ояти каримаи «Ё Закарийё, инно нубашширука би ғуломин-и-смуҳу Яҳё».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Яҳё, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ин ояти каримаи «Ё Яҳё, хузи-л-китоба биқувватив-ва отайноҳу-л-ҳукма сабийё».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Юнус, алайҳис-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ояти «Ва инна Юнуса ламина-л- мурсалин».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Аюб, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ин ояти каримаи «Ва Айюба из нодо Раббаҳу, иннӣ массания-з-зурру ва Анта Хайру-р-роҳимин».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Мусо, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ин ояти каримаи «Ва ламмо ҷоа Мусо лимиқотино ва калламаҳу Раббаҳ».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Исо, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ин ояти каримаи «Қола Иса-бну-Маряма, Аллоҳумма, Раббано, анзил алайно моидата-м- мина-с-самои».

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ваиду ваъдаи ин шаби ид.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати касоне, ки дарвозаи неъмат бар рӯяшон кушода шудааст.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати «Таврот»-и Мусо, алайҳи-с- салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати «Инҷил»-и Исо, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати «Забур»-и Довуд, алайҳи-с- салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати «Фурқон»-и Муҳаммад Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ҷумлаи кутуб, ки нозил шуда аз Борӣ таоло.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати муъминин ва муъминот.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати ин муноҷоти обидон.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Одам Сафийюллоҳ, алайҳи-с- салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Юсуф, алайҳи-с-салом.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он, ки омадаӣ бар подшоҳони олам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати шабу рӯз.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он исми акбар, ки хонда шавад.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати хонадони мубораки Расулуллоҳ, саллаллоҳу алайҳи ва саллам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати Ҷабраил, алайҳи-с-салом, ки инро шафеь кардаам.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он ояти карима, ки ба ҳаққи сиддиқон нозил шудааст.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он кас, ки муаттиқ бувад ғуломи худро.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он ояти карима, ки ба ҳаққи занони солеҳа омадааст.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он ояти карима, ки ба ҳаққи тифлони ширхор омадааст.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он офтоб ва шуои ӯ ва маҳтоби равшан ва оби равон ва боди чалида ва оташи сӯзанда.

Биё, эй бахт, ба ҳурмати он асмое, ки шафеъ кардаам ба даргоҳи Бениёз.

Илохӣ, Самадун, Аҳёун, Қайюмун, Маъбудун, Банданавозу Корсоз, ба ҳурмати асмои азимат ва сиддиқонат ва талабгоронат, бахту давлат ва нусрату иззат ва роҳату қариб ва ҳамнишину ҳамроҳ аз муҳофизи ин «Бахтнома» ва хонандаву нависандаи ин «Бахтнома» муборак бигардон ва ба фазлу карами бениҳояти Худ. Ё ғоята-л-аввалину ва-л- охирин. Ва саллаллоҳу ало хайри халқиҳи Муҳаммадив-ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва авлодиҳи-т-тайибина-т-тоҳирина ва саллама таслиман касиро. Ва-л-ҳамду лиллоҳи Рабби-л- оламин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимин.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …