Главная / Гуногун / Дуоҳои баъд аз намозҳои панҷвақта

Дуоҳои баъд аз намозҳои панҷвақта

Се бор хонда мешавад:

Астағфируллоҳ.

Тарҷума: Аз Худованд мағфирати гуноҳҳоямро металабам.

*****

Аллоҳумма Анта-с-Салому ва минка-с-салому таборакта ё За-л-ҷалоли ва-л-икром. Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика Лаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир. Аллоҳумма ло мониа лимо аътайта ва ло муътия лимо манаъта ва ло янфаъу за-л-ҷадди минка-л- ҷадд.

Тарҷума: Бор Парвардгоро, Туӣ оромиву осудагӣ ва аз Туст оромиву осудагӣ. Пок ва муборак ҳастӣ, эй Соҳиби Бузургӣ ва каромат. Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеи ҳамду сано барои Ӯст. Ва Ӯ ба ҳар чиз Қодир аст. Парвардгоро, агар Ту чизеро ато кардӣ, касе натавонад, ки онро манъ кунад ва агар чизеро манъ кунӣ, каси бахшандае набошад ва соҳиби бахти баландро аз Ту бахт ва насибаш ҳеҷ фоидае надиҳад.

*****

Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарикалаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду ва Ҳува ало кулли шайъин қадир. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ. Ло илоҳа иллаллоҳу ва ло наъбуду илло ийёҳ. Лаҳу-н-неъмату ва Лаҳу-л-фазлу ва Лаҳу-с-саноу-л-ҳасан. Ло илоҳа иллаллоҳу мухлисина Лаҳу-д-дина ва лав кариҳа-л-кофирун.

Тарҷума: Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеи ҳамду сано барои Ӯст. Ва Ӯ ба ҳар чиз Қодир аст. Ягон тағйир ва табдилёбӣ ва ягон қуввату қудратмандие ба ҷуз бо сабаб ва хости Худованди таоло набошад. Ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ Худои барҳақ набошад ва ҷуз ӯ дигареро напарастем. Ӯст соҳиби неъмат ва Ӯрост тамоми санову ҳамди некӯ. Ба ҷуз Аллоҳ таоло ҳеҷ худои барҳақ набошад ва динро холис ва танҳо барои Ӯ гардонем, агарчи кофирон инро бад бинанд.

*****

Субҳоналлоҳ. (33 бор).

Тарҷума: Пок аст Худованд.

Ал-ҳамду лиллоҳ. (33 бор).

Тарҷума: Сипос мар Худовандрост.

Аллоҳу Акбар. (зз бор).

Тарҷума: Худованд Бузург аст.

Ва дар охир як бор:

Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарикалаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду ва Хува ало кулли шайъин қадир.

Тарҷума: Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеи ҳамду сано барои Ӯст. Ва Ӯ ба ҳар чиз Қодир аст.

Шахсеро, ки ин дуоҳоро баъд аз ҳар як намоз бихонад, гуноҳҳояш мағфират карда шавад ва агарчи гуноҳҳояш миқдори кафкҳои баҳр бошад.

*****

«Ояту-л-Курсӣ» низ як бор хонда мешавад:

Аузу биллоҳи мина-ш-шайтоии-р-раҷим

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳу ло илоҳа илло Ҳува-л-Ҳайю-л-Қайюм. Ло таъхузуҳу синатув-ва ло навм, Лаҳу мо фӣ-с-самовоти ва мо фӣ-л-арз. Ман за-л-лазӣ яшфаъу индаҳу илло би изниҳ. Яъламу мо байна айдиҳим ва мо халфаҳум, ва ло юҳитуна би шайъи-м-мин илмиҳи илло бимо шоъ. Васиа курсийюҳу-с- самовоти ва-л-арз. Ва ло яудуҳу ҳифзуҳумо ва Ҳува-л-Алийю-л-Азим.

Тарҷума: Худо, ки ба ҷуз вай ҳеҷ худое нест, Зиндаи Поянда аст; Ӯро на пинаке мегирад ва на хоб; он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Кист он, ки назди Ӯ-ҷуз ба ҳукми Ӯ-шафоат кунад? Он чиро медонад, ки пеши дасти онҳо аст ва он чиро, ки паси пушти онҳо аст; ва мардум аз илми Ҳақ чизеро, ба ҷуз он чи вай хостааст, дарнамегиранд; подшоҳии ӯ осмонҳову заминро фаро гирифтааст; ва нигоҳбонии ин ҳар ду барои ӯ гарон нест; ва Ӯ Баландмартабаи Бузургвор аст.

Шахсе, ки «Ояту-л-Курсӣ»-ро пас аз ҳар намоз бихонад, ӯро ғайр аз марг чизи дигаре аз дохили ҷаннат шудан монеъ нагардад.

*****

Ин сураҳоро се бор баъд аз намозҳои бомдод ва шом ва як бор баъд аз дигар намозҳо хонда мешавад:

Аузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул Ҳуваллоҳу Аҳад. Аллоҳу-с-Самад. Лам ялид ва лам юлад. Ва лам яку-л-Лаҳу куфуван аҳад.

Тарҷума: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон. Бигӯ: «Ӯ Худои Ягона аст. Худои Бениёз аст. На зодааст ва на зода шудааст. Ва ҳеч кас ӯро ҳамто нест».

*****

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул аузу би Рабби-л-фалак. Мин шарри мо халақ. Ва мин шарри ғосиқин изо вақаб. Ва мин шарри-н-наффосоти фӣ-л-уқад. Ва мин шарри ҳосидин изо ҳасад.

Тарҷума: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

Бигӯ: «Ба Парвардгори субҳ паноҳ мегирам, аз бадии ҳар чи офаридааст; ва аз бадии шаби торик, чун дарояд; ва аз бадии занони ҷодугари дар гиреҳҳо даманда; ва аз бадии ҳасуд, ки чун ҳасад барад».

*****

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Қул аузу би Рабби-н-нос. Малики-н-нос. илоҳи-н-нос. Мин шарри-л-васвоси-л-ханнос. Ал-лазӣ ювасвису фӣ судури-н-нос. Мина-л-ҷиннати ва-н-нос.

Тарҷума: Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон.

Бигӯ: «Ба Парвардгори мардум паноҳ мегирам, ба Подшоҳи мардум, ба Худои мардум, аз бадии васвасакунандаи бозпасраванда, он, ки дар синаҳои мардум васваса меафканад, аз ҷинниён (бошад) ё аз мардум».

*****

Даҳ бор баъд аз намозҳои бомдод ва шом хонда мешавад:

Лo илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарикалаҳу Лаҳу-л-мулку ва Лаҳу-л-ҳамду юҳйӣ ва юмиту ва Ҳува Ҳайю ло ямуту ва Ҳува ало кулли шайъин қадир.

Нест маъбуде ба ҷуз Худои таоло, ки Яктову Ягона аст. Мулк барои Ӯст ва ҷамеъи ҳамду сано барои Ӯст. Ҳам Ӯ Зиндакунанда асту Маргдиҳанда. Ва ӯ ба ҳар чиз Қодир аст.

Чигунагии дур намудани назари бад

Ҳазрати Ҷабраили Амин (а) дар иртибот бо дур намудани чашмзахм ба Расулуллоҳ (с) ин таъвизи хосро омӯзонида ва гуфт:

  • Онҳоро бар Ҳазрати Ҳасан (раз) ва Ҳазрати Ҳусайн (раз) бихон.

Дар «Таърих»-и Ибни Асокир омадааст, ки Ҷабраил (а) пеши Расулуллоҳ (с) омад ва дар он ҳангом Расулуллоҳ (с) ғамгин буданд. Пурсид:

  • Ё Расулаллоҳ (с), чаро ғамгин ҳастед?

Фармуданд:

  • Ҳасан ва Ҳусайнро чашмзахм намудаанд.

Ҳазрати Ҷабраил фармуд:

  • Оре, чашмзахм ҳақиқат дорад. Шумо ин калимотро чаро нахондед ва чаро онҳоро паноҳ надодед?

Расулуллоҳ (с) фармуданд:

  • Онҳо кадом алфоз ҳастанд?

Фармуд:

  • Онҳо аз ин қароранд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма За-с-Султони-л-Азим ва-л-манни-л-Қадим, За-л-ваҷҳи-л-карим, валийи-л-калимоти-т-томмоти ва-д-даавоти-л-мустаҷоботи офи-л-Ҳасана ва-л-Ҳусайни мин анфуси-л-ҷинна ва аъюни-л-инс.

Баъд аз он ки Расулуллоҳ (с) ин дуоро бар Ҳазрати Ҳасан (раз) ва Ҳусайн (раз) хонданд, онҳо фавран бархоста ва дар ҳамон ҷо машғули бозӣ шуданд. Расулуллоҳ (с) фармуданд:

  • Эй мардум, худатонро ва ҳамсарону фарзандонатонро ба тавассути ин вирд[1] паноҳ бидиҳед, дуое ҳамонанди ин вирд барои паноҳ намебошад.

[1] Вирд-дуо.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …