Главная / Гуногун / Дуои баъд аз намоз

Дуои баъд аз намоз

Ҳар кас ин дуоро пайваста дар ақиби ҳар намоз бихонад, мустаҷоб гардад ва ҳашри ӯ дар қиёмат бо ин тоифа гардад, ки зикр мешавад. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ҷъал динано дина-н-набийина ва имонано имона-л-муъминина ва исломано ислома-л-муслимина ва салотано салота-л-хошеъина ва рукуъано рукуъа-л-мутавозеъина ва суҷудано суҷуда-л-хоифина ва ташаҳҳудано ташаҳҳуда-л-малоикати-л-муқаррабина ва нийётано нийёта-л-фоизина ва аъмолано аъмола-с-солиҳина ва зунубано зунуба-л-мустағфирина, фаллоҳу Хайрун ҳофизан ва Ҳува Арҳаму-р-роҳимин. Бираҳматика ё Арҳама-р-роҳимина.

Тарҷума: Худовандо, бигардон дини моёнро мисли дини пайғамбарон ва имони моёнро мисли имони муъминон ва исломи моёнро мисли исломи мусалмонон ва намози моёнро мисли намози оҷизикунандагон ва рукуъи моёнро мисли рукуъи шикастагикунандагон ва саҷдауои моёнро мисли саҷдаҳои тарсандагон ва «ашҳаду ал-ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ» гуфтани моёнро мисли «ашҳаду ал­ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ» гуфтани малоикаи муқаррабин ва қасди моёнро мисли қасди фирӯзмандон ва амалҳои моёнро мисли амалҳои солеҳон ва гуноҳҳои моёнро мисли гуноҳҳои толибони мағфират, пас Маъбуди барҳақ беҳтар аст аз ҷиҳати ҳифз ва Ӯ Меҳрубонтари меҳрубонон аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …