Главная / Гуногун / Дуои бад

Дуои бад

Субҳи рўзи Татяна[1] ягон зарра ба зимистон монандӣ надошт. Чун рўзи тирамоҳ тира буду боронӣ.

Нафақахўр – Бобохол: марди хеле пиронсоли қадпасти лоғар, вале ҳанўз бақувват ба мухобира омаду ҳангу мангаш канд. Гўиё тамоми нафақахўрони ноҳия ин ҷо ҷамъ омада буданд.

Мухобира пур аз кампиру мўйсафед ва сўҳбату шавқуну ғалоғула.

– Ў-ҳў-ў! – Беихтиёр нидо дардод Бобохол. – Бозори «Саховат» барин-ку!

Касе ба ў эътибор надод. Вай як ин сў – он сў нигаристу сипас бо овози баланд пурсид:

– Кӣ охирон?!

Ин суоли ў дар ҳаво ҷавоб меҷўст. Каме дар хиҷолат монда, ба пирамарде рўй овард:

– Кӣ охир бошад?

– Охир нест! – бо ханда ҷавоб дод пирамард. – Ин ҷо ҳама аввал!

– Наход? – ҳайрон шуд Бобохол.

– Ин ҷо аввалу охир-похир нест! – асабиёна нидо намуд пиразани қадпасте.

– Чӣ хел? – бештар ҳайрон шуд Бобохол.

– Ана ҳамин хел, – посух дод пиразан. – Рақам аст, рақам. Соати чори шаб омада, номатро менависиву рақам мегирӣ.

– Ҳа-а, ин тур гўед, – бо ҳайрат ба рўи ў зеҳн монд Бобохол. – Пас шумо кадом рақам ҳастед?

– Яксаду бисту ду.

– Ин тавр бошад, ман яксаду бисту се?

– Хестӣ, ки хобат! Шояд дусадум шавӣ. Ё сесадум…

Дили пирамард гўиё ки ба он нештар зада бошанд, дардолуд сахт тапид. Ва ўро ҳисси ноумедӣ фаро гирифту як оҳи сарду бадарде кашид.

Худи ҳамин вақт пирамарди хурдҷуссаи файласуфтабиат бо ходими мухобира маншаву моҷаро дошт.

– Охир, як ту не, ҳама нагирифтаанд, – мегуфт ходими мухобира.

Қадре ба хашм омада, дод зад:

– Ман ҳама не!

Ходими мухобира дигар сухане нагуфт, сар ба поин афканд. Чеҳраи пирамард суп-сурх шуда, чашмонаш аз қаҳру ғазаб дурахшиданд.

– Ман иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ!

Ходими мухобира аз ин сухан мисли мори афъӣ якбора сар боло кард.

– Ҳа, “иштирокчии ҷанг шудӣ” гуфта, атса занӣ «лаббай» гўем-мӣ?

Пирамард ба ў нигоҳи пурхашмонае афканда, дод зад:

– Лаббаят даркор не!

– Чӣ даркор?

– Пули худамро бидеҳ!

– Пул нест, чанд бор гўям?!

– Чӣ хел нест?! – боз дод зад пирамард. – Чой нест, қанд нест, равған нест, собун нест, наход ҳамин қоғаз ҳам набошад?!

– Охир, айби ман-чӣ? – гўён, ходими мухобира намегиристу бас. – Ман чӣ…

Пирамард гапи ўро лагад зада, бо таҳдид пурсид:

– Набошад, айби кӣ?!

Вай тамасхур зад:

– Саволи бемаврид!

Пирамард бештар ба ғазаб омада, густохона талаб кард:

– Ту ҷавоб деҳ!

Ва ў дод зада, ҷавоб дод:

– Бонк!

Эътирозомез дод зад:

– Ин ҷавоби кўдакона!

Вай якбора даргирифт:

– Охир, бонк пул намедиҳад!

Пирамард ҳамчун барги хушки дар оташ афтода даргирифт:

– Бонк! Бонк! Корат айбҷўӣ. Ба боло арз мекунем. Туро аз кор меронанд.

– Тоза тарсондед-ку! Худам аз ҳамин кор безор. Даҳто ариза навиштам, ки «бо хоҳиши худам ҷавоб диҳед» – ҷавоб намедиҳанд. Равед. Арз кунед. Шояд ронанд. Ҷонам халос мешавад. Раҳмат мегўям.

Шояд охирин, вале басо пурқиммат лаҳазоти умри пиронсолон, ки беиллату миннат заҳмат кашида, ба нафақа баромада буданд, дар ин мухобира мегузашт.

Мўяшон сафед, рўяшон пурожанг, қоматашон хамида ва ниҳоят бадбахт. Ҳоло онҳо дар як ҷой истода наметавонистанд, гоҳ дар ҷои худ менишастанд, гоҳ мехестанд. Аз бешафқатӣ, ғиромбозӣ, ноадолатӣ ҳарф мезаданд. Бо дард, бо алам, бо шўру қиём. Ва гоҳе бо ашк.

Бобохол риши сафеди худро бо дастони хароби серрагу паяш қабза карда, даме ба фикр фурў рафт. Баъд нафаси чуқуре кашиду истоданро бефоида шумурда, рафтанӣ буд, ки хаткашони кўчаашонро дид. Ба наздаш рафт. Ва оҳиста:

– Ассалом, – гуфт.

Холаи хаткашон ба ў нигаристу аз дил гузаронд:

“Мўйсафеди аҳмақа бинанд-а!”

Баъд бо оҳанги дўстона гуфт:

– Ҳа, ришу фаша леса карда, худро орову торо додӣ? Свиданӣ дорӣ, чӣ бало?

Аз ин шўхии ў хушҳол шуда, посух дод:

– Аз свиданӣ омадам.

– Нахо-о-од?!

– Ҳа, имрўз зодрўзи ҳамсарам, ба наздаш рафта будам.

– Чӣ, магар ў шўи дигар дорад?

– Эъ не-е! Шумо чиҳо мегўед?.. Вай… дар гўристон.

– Ҳа-а-а…

Миёни онҳо хомўшӣ уфтод. Вале Бобохол онро зуд барҳам зад:

– Мегўям, ки пул мешуда бошад?

– Пул? – пурсид холаи хаткашон ва лаб фурў баста, оромона ва дурудароз ба пирамард нигарист. Баъд боз ба гап сар карда, ким-чӣ хел асроромез гуфт:

– Ҳа, бояд шавад. Чаро намешудааст? Албатта мешавад.

– Кай мешуда бошад?

– Кай? – пурсид холаи хаткашон ва сипас ба ёдаш чизе расидагӣ барин лаҳзае ба рўи Бобохол зеҳн монду меҳрубонона пурсид:

– Магар нафақаатонро нагирифтед, ака?

“Ака” гуфтани ў ба Бобохол басо хуш омад. Ва ў ҳам меҳрубонона ҷавоб дод:

– Не, хоҳарҷон.

Боз бо меҳрубонӣ пурсид:

– Якмоҳа?

– Не, – ҷавоб дод ў ҳамчунин, – думоҳа.

– Думоҳа? Наход? – даставвал бо камоли таҳайюр ба ў нигарист, сонӣ бо дилсўзӣ гуфт:

– Охир, бе ин ҳам аҳволатон бад!

– Ҳм-м, ҳа-а, – ғурингид Бобохол.

Холаи хаткашон ба сўи ў чашм дўхт:

– Мехоҳед гиред?

– Ҳа, албатта мехоҳам…

– Аз ақиби ман биёед.

Ин сухани холаи хаткашон ба гўши Бобохол: «Биё, нафақата гир!» – гуфтагӣ барин расид. Ва ў бо умед аз паси ў равон гашт.

Онҳо ба долон ворид гаштанд. Долони тангу дароз. Чапу рост – дарҳо… Чўбин, баста, чандранга, бадсифат. Бадафт. Чашмхарош. Аз паси онҳо ким-чӣ хел садоҳо ба гўш мерасид. Бўи хўрок ба димоғ мезад.

Инак, то охири долон рафта, дари тарафи ростро кушода, ба ҳуҷраи калоне ворид шуданд. Мўйсафед дарҳол пай бурд, ки ҳуҷра ҷои кори хаткашонҳост. Вале ҳоло ҳуҷра холӣ буд.

– Марҳамат шинед, ака, – холаи хаткашон бо илтифот ба Бобохол ҷои нишаст нишон дод.

– Ташаккур, хоҳар, – гўён, Бобохол даст ба рўи дил бурд ва ба курсӣ нишаст.

Холаи хаткашон ба ў як табассуме ҳадя карду сипас:

– Як дақиқа! – гўён, рафта қутии варақаи нафақагириро бардошта овард.

Сақичи даҳонашро берун оварда, ба пешонааш часпонд. Ва бе он ки ба ў нигоҳ кунад, бо лаҳни меҳрубонона пурсид:

– Фомилияатон чӣ буд, акоҷон?

– Кабудов.

– Чӣ? – нафаҳмид холаи хаткашон.

– Кабудов, – баландтар такрор кард ў.

– Ҳа-а, Кабудов, Кабудов, – чиликашро бо забонаш тар карда, варақаҳоро як-як аз назар гузарондан гирифт. – Кабудо-о-ов… Ҳозир-р-р… меёбем…

– Ана он! – ниҳоят нафақаварақаи ўро ёфт ва ба наздаш гузошт.

Пирамард суоломез ба ў дида дўхт.

– Ана, ба ин ҷо имзо гузоред, – боз ҳам меҳрубонона гуфт ба ў холаи хаткашон.

– Хуб шудааст, – гўён, қаламро ба даст гирифту сарашро ба болои нафақаварақа хам кард. Нафасашро дошта, саросема нашуда, бафурҷа имзо гузошт.

– Олиҷаноб!

– Чӣ?

– Имзоятон! Имзои зебо доштаед! Имзои вазирзеб! – хандаи маснўе зад холаи хаткашон.

Аз ин таъриф хиҷолат кашид, суп-сурх шуд, ба ҳаяҷон омад.

– Наход? Маъқул шуд?

– Хеле!

– Тасаддуқ, хоҳарҷон!

– Акоҷон, шумо осуда ба хонаатон рафта, бемалол дам гирифта гардед. Пул, ки шуд, пеш аз ҳама мегирам ва ба хонаатон дароварда медиҳам. Шумо дигар овора шуда наоед.

Пирамард аз ин рафтори холаи хаткашон беҳад хурсанд гашт. Аз шодӣ боғ-боғ шукуфта, дар дил гуфт:

«Эҳа, ин Зебо одами савобҷў будааст-ку?!»

Мехост дасти ўро гирифта бибўсад, изҳори миннатдорӣ кунад, аммо истиҳола кард. Баъд аз самими дил:

– Илоҳӣ ба сад дароӣ, хоҳарам! – гуфт.

Сўзу дарду алами дилро дар мухобира монда, берун баромад. Замину осмон гўиё мотам дошт. Тумани ғафси абр ҳама ҷоро печонда, ҳаворо боз дилгиртар сохта буд. Боди сарди барфовар баргҳои хазони заб-зардро дар ҳаво бозӣ медоронд.

Вале табъи ў болида, дилаш беғубору гарм!

Қомати хамидааш чун алиф рост!

Чеҳраи асабӣ ва хастааш кушода, табассум онро зеб медод!

Чашмонаш пурнур!

– Сад шукр Худоро, ки одамони нек ҳастанд! Ҷонам қурбони чунин инсонҳо!

Кўча пур аз кўлмаку лой буд. Вай ба ҳеҷ куҷо не, танҳо ба пеши пояш нигоҳ карда қадам мезад. Дар зери пояш обу лой баланд-баланд шалаппос мезад.

Дар рўи ҳавлӣ кўдакон беғамона даву тоз доштанд. Вағу чиғ мекарданд, механдиданд…

Дилу чеҳрааш боғ-боғ мешукуфт, ҳиҷ намехост, ки ба хона дарояд. Дилаш мехост бо онҳо гирояд, баробарашон даву тоз намояд.

Ҳа, тозад, садо занад, ханда занад!

Як ҳафта гўиё бо хотири осуда хушҳолу бепарво зист.

Баъд…

Ду чашм ба дар…

Интизор…

Аммо интизорӣ тўл кашид. Як ҳафта, ду ҳафта сипарӣ гашт. Аммо холаи Зебои хаткашон наомад. Бобохол хавотир шуд. Аз сараш сад хаёл мегузашт. Барои чӣ наомад-а? Боз фаромўш накарда бошад?

Не-е, о, пир не-ку?!

Ё пул нашуда бошад?

Шояд?!

Хайр меояд, албатта меояд!

Боз ҳафтае дар интизорӣ сипарӣ гашт. Не, наомад. Ба дили Бобохол алов афтод. Наход, ки бетоб шуда бошад? Боз як ҳафта интизорӣ кашид. Аз холаи Зебои хаткашон ҳиҷ дарак нашуд. Ва ў ба мухобира рафт.

Чун аз хона берун омад, ба ёдаш зад, ки ришу фашашро дуруст накардааст.

– Оҳ! – гўён, даст ба ришаш бурд, каме музтар бимонд.

Сипас бо овози шунаво:

– Қафо гаштан хуб не, – гуфта, роҳашро идома дод.

Боз ҳамон долони шиноси танги дароз ўро пешвоз гирифт.

Бўи намӣ, заҳу мағор.

Бўи ҳоҷатхона омад.

Он дафъа ин бўйҳоро бўи хўрок пахш мекард. Муше аз пешрўяш давида гузашт.

Холаи Зебо бе он, ки назаре ба сўи Бобохол афканад, ба кори худ андармон шуд.

– Ассалому алайкум, хоҳарам! – гуфт Бобохол.

Холаи Зебо ба саломи ў бо ишораи сар алек гирифт. Ва на лом гуфту на мим. Гўиё ки ўро намешинохта бошад. Гўиё ў барояш бегона. Бобохол ҳайрон шуд, бо ҳисси кунҷковии пирона хеле зеҳн монд. Холаи Зебо худро тарзе вонамуд месохт, ки гўиё дар рў ба рўи ў Бобохол вуҷуд надошта бошад. Вай чашмдошти истиқболи хуш буд. Вале беэътиноӣ ва нописандӣ бидид. Бо вуҷуди ин гапи сахтро ба худ эб надид.

Беихтиёр ба тирезаи беҳунарона рангмолида нигарист. Рўи зертиреза лашу луши беҳисоб. Баъд нигоҳаш ба сурати дар девор овезон афтид. Ким-кадом манзараи нофаҳмое кашида шуда. Чорчўбааш шикаста, каҷ гашта.

Пирамард ноилоҷ:

– Ўҳў! Ўҳў! – гўён, сурфаи сохта зад.

Вале холаи Зебо кореро баҳона карда, рўй ба дигар сўй тофт.

Бобохол боз ҳам наранҷиду оҳиста:

– Хоҳар, – гўён, садо дод.

Вале – афсўс! – «хоҳараш» ин дафъа ҳам сари мўе ба ў эътибор надод.

– Хоҳар! – баланд садо кард ў. – Ҳо, хоҳар!

Якбора тарафи ў гашта, бо қавоқи овезон, бедимоғу дағал пурсид:

– Э, ба ту чӣ лозим?!

Чунин сурат гирифтани корро ҳиҷ умед надошт.

«Ё тавба! Ба ў чӣ шуда бошад?» – гўён, ҳайрон шуд.

– Аз ту мепурсам, чӣ мехоҳӣ?!

– Чӣ мехоҳам? Мехоҳам нафақаамро гирам.

– Чӣ-ӣ?! Кадом нафақаро?

– Нафақаи худамро. Ваъда додед, ки меоред. Наовардед, худам омадам, ки гирам.

– Чӣ-ӣ? О, нафақаатонро гирифтед-ку. Чӣ, ду бор мехоҳед гиред?

– Чӣ-ӣ? – Сарфаҳм нарафт Бобохол. – Нафақаамро гирифтам? Чӣ хел? Кай?

– Се-чор ҳафта пеш, – ҷавоб дод Зебо. – Худатон имзо гузоштед. Чӣ, фаромўшхотир шудед?

Якбора дастпоча шуда монд.

Як ҳамкори Зебо: зани башарабезеб писханд зад:

– Чӣ ҷои шубҳа: “Старост не радост!” – гуфтаанд. Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ!

Ба худ омада, ба гўшҳояш бовар накарда, гашта пурсид:

– Ман нафақаамро гирифтам?

– Ҳа, ту худат гирифтӣ!

– Кӣ? Ман?! – сахт ошуфт Бобохол. – Ман гирифтам?!

– Чӣ ин қадар «ман, ман!» – мегўӣ?! Ҳа, ту! Ту!

Дили Бобохол, гўиё ки ба он нештар зада бошанд, сахт тапид ва лаҳзае даступо хўрда, сарҳисобашро гум кард…

Хомўшӣ лангар партофт. Онро зани башарабезеб шикаст:

– Э бобо?!

– Ҳа, – ба худ омад ў. – Чӣ?

– Баро! – хунсардона гуфт ў. – Халал нарасон!

Вай лолу пакар шуд. Хомўшии риққатангезу нафтатоваре ба амал омад. Ин ба дили Бобохол вазн овард.

– Ман ба ту мегўям!

– Чӣ мегўӣ?

– Баро, халал нарасон, мегўям! – ин дафъа дағалона гуфт ҳамон хаткашонзани башарабезеб.

Бобохол низ мисли бештари собиқадорони ҷанг, марди зудранҷу тунд буд. Вале ҳоло худро медошт. Наход ин зан бе ягон шарму ҳаё нафақаи ўро аз худ карда бошад? Аммо ин ҳақиқат буд! Ва алҳол ин зан онро инкор мекард.

– Пул ширин-дия. Бо лўлигӣ соҳиби пули муфт шуданӣ. Осмон ба сари одамон чаппа шуда, замин кафида онҳоро фурў намебарад, хуб гап!

Ин таънаи ноҳақу ногаҳонӣ барқе буд, ки аз ҷисму ҷони Бобохол гузашт.

– Ё наузанбиллоҳ! – гиребон ба даст гирифт ў. – Беҳуда намегуфтаанд, ки: «шўхакон медаванд лаб-лаби бом, хапакон кора мекунанд тамом». Инсоф доштан лозим! Яксаду чил сўма ҳаром мехўрӣ?

Холаи Зебо аз ҷояш ба шаст хест ва чашмонашро бозӣ доронда, дўғ зад:

– Ҳой ба даҳонат нигоҳ карда, гап зан! Ту киро таҳқир мекунӣ?! Тўҳмата бинед-а! Ё тавба! – гиребони куртаашро гирифт ў. – Ҳайфи ҳамон мўи сафед!

Хун ба сару рўи Бобохол зад, пеши чашмаш лаҳзае торик шуд. Сипас, ба Зебо нафратангез назар андохта гуфт:

– Ҳам ғарию ҳам пешхезӣ! Ман ин кора суст намемонам. Арз мекунам. Ҳа, ҳатман.

– Арз кун, арз кун! Ба худат ҷабр мекунӣ, шармандаи ду дунё мешавӣ.

– Фаҳмо…, – гўён, ба дасти ёд афтоду побанд гашт.

Чорае дидан мебоист!

Чӣ хел чора?!

Намедонист…

Банохост фикре чун барқ ба сараш омад. Ва беихтиёр пурсид:

– Шумо калон-палон доред?

– Калон-палонаш чӣ?

– Сардор.

– Дорем.

– Канӣ ў?

– Дар ҷояш.

– Дар кадом ҷояш? Куҷост ҷои вай?

– Куҷое, ки лозим бошад, дар ҳамон ҷо. «Канӣ ў, канӣ ў?!” Гўиё сардор ба ҷуз ту дигар коре надошта бошад!

Ва ин дам Бобохол ба ёд овард, ки утоқи сардорро медонад. Дигар ҳарфе ба забон наоварда, вазнин-вазнин қадам монда, долони ба назараш гўиё беохирро тай карда, ба қабули сардори мухобира даромад. Сардор дар намуд зане буд миёнсол, андак ба фарбеҳӣ моил, дар танаш куртаи хориҷӣ. Дар чашмаш айнаки симин, қиёфааш ҷиддӣ, гуфтораш хушки дуруштоҳанг.

Воқеаро як ба як нақл кард. Сардор бошад, бо сардӣ:

– Хуш, чӣ шудааст? – гуфт.

– Чӣ хел “чӣ шудааст?!” – ба тааҷҷуб афтод ў. – О, зиёда аз ин чӣ шавад?!

Дар ҷавоб чин бар абрў кашида, пурсид:

– Хайр, аз ман чӣ мехоҳӣ?

– Ҳақиқатро, танҳо ҳақиқатро, – оромона гуфт ў. – Мўйро аз хамир ҷудо кунед.

Пас аз каме сукут ба ў рў овард::

– Шоҳид дорӣ?

– Шоҳид? – ҳайрон шуд ў. – Чӣ хел шоҳид?

Асабиёна овоз баланд кард:

– Яъне, дар вақти имзо гузоштан ягон кас буд?!

– Дар куҷо?

– Оҳ, Худоё!.. Дар наздатон?!

Баъди лаҳзае андеша, сар такон дода, гуфт:

– Не, не, касе набуд. Ману ў танҳо будем. Як ба як.

– Ана, дидӣ! Шоҳид надорӣ! Агар шоҳид медоштӣ, гувоҳӣ медод, кор ранги дигар мегирифт. Шоҳид, ки надорӣ, забонат кўтоҳ. Боз кӣ медонад… Умуман ба як одами ҳалолу покиза тўҳмат задан гуноҳ аст.

Ба ў як нигоҳи сард афканду боз илова намуд:

– Ҳеҷ ҷои тааҷҷуб нест. Тўҳматзанӣ одати пирон аст.

Фарёди тунд аз замири сина кашид:

– Шумо чиҳо мегўед?! Ман тўҳмат намезанам, рост мегўям!

Ин ҷо фарёди баландтари мудир бархост:

– Рост бошад, равед ба додгоҳ арз кунед!

– Ҳамту? – абрў чин кард ў. – Майлаш! Гила аз худатон!

– Бирав! Ба куҷое, ки мехоҳӣ, рафтан гир!

Нафасаш танги кард. Гиребони куртаашро кушод. Мехост ҳар чӣ зудтар аз ин ҷо баромада равад. Вале пойҳояш ба ў итоат намекарданд. Даме нишаст. Ҳамагӣ чанд дақиқа. Вале ин дақиқаҳо дақиқаҳои бисёр вазнин ва дуру дароз, дақиқаҳои беохир буданд. Илоҷи аз гирдоби ғаму андўҳ раҳосозии худро наёфта, бо ҳасрати ҷигарсўз, бо азобе бархост.

Ҳаво софу беғубор ва тару тоза. Офтоб ба рўи замин доман-доман нур мерехт. Аммо дар тасаввури Бобохол ҳаво пурабр, ғуборолуд буд. Набзаш тунду тез мезад. Ҷигараш месўхт. Гўиё ба он намаки суда пошида бошанд.

Боз ба дилаш сўзу дарду алам ҷо гашт.

Қоматаш хам зад

Боз дарду алам ба чеҳрааш соя густурд.

Худ ба худ ғур-ғур дошту ким-чиҳо мегуфт, афсўс мехўрд, мазамат мекард…

Зани харобу лоғаре халтаи пурбори вазнинро базўр, қоматашро хам карда, мебурд. Обу арақ аз сару рўяш мерехт.

Дилаш ҷаз-ҷаз ба сўхтан оғозид. Мехост фарёд кашад, нола кунад, наъра занад. Ба ҷои он бошитоб худро ба хона гирифт. По ба помонакҳои бетонӣ гузошт.

Ва баногоҳ касе ўро аз лаби домони боронӣ дошт.

Дар ҳолате ки буд, ҷо ба ҷо ях баст.

“Худоё, кӣ бошад?! – дилаш сахт-сахт ба тапиш даромад. – Наход ки ба дасти ғоратгар афтода бошам?!”

Аз ҷониби ғоратгар на садое шуду на амале. Ва ў оҳисата рўяшро ба қафо гардонд.

Не, касе нест!

Лаби боронӣ ба оҳани дастқапаки помонакҳо дар мондааст. Касе онро шикаста, қад кардааст.

– Оҳ, қариб заҳракаф шавам-е!

Боронӣ ба қадри чор ангушт дарида. Дилаш ҷаззас сўхт. Ин боронӣ барояш азиз, тўҳфаи ҳамсараш.

Хост оҳанро ба боло ба ҷои худ баргардонад. Аммо зўраш нарасид. Лаб зери дандон монда, зўр зад.

– Ҳай-ҳай! Дигар кор надорӣ, пиракӣ?!

Ин ҳамсояи ошёнаи чорум буд, ки дигар ба ў эътибор надода, баромада рафт.

Шом даррасид. Чароғи барқиро фурўзон кард. Тиреза сип-сиёҳ шуд ва ўро аз олами беруна ҷудо сохт.

Даруни чор девори бетонӣ сари танҳо дошт!

Ва боз дилаш ҷаз-ҷаз месўхт!

Ва боз мехост фарёд кашад, нола кунад, наъра занад!

Субҳи тоза дамид. Дар оғўши рўзи нав берун омад. Дидаи ақл ба рўяш, ба гўшаш садо бизад:

– Нашитоб, сабр мебояд!

Ба ақл гўш дод, сабр пеша намуд. Бале, ў ба додгоҳ арз накард. Андешид, ки саросемагӣ хуб нест. Шояд холаи Зебо пушаймон шаваду пулро оварда, узр хоҳад. Аммо ин тавр нашуд. Хаёлаш пуч баромад.

Боз ҳам таги забон дору аз помонакҳо поён мешуду боло.

Поён мешуду боло, боло мешуду поён!

Бад-ин минвол се рўз таги забон дору бар ин роҳ равуо дошт. Анбўҳи абрҳоро шамол бозӣ медоронд. Ўро ду суоли кўргиреҳ азоб медод.

Равад?!

Наравад?!

Бераҳмона азоб медод. Дар ҷавоб дар монда, танҳо оҳ мекашиду оҳ. Оҳи вазнин ва талху сўзон.

Барги дарахтон ҳам баробараш оҳи талх мекашиданд.

Барояш рўзҳо дарозтар шуданд. Шабҳо аз он ҳам дарозтар.

Рўзе дид, ки Зебо меояд. Истоду бо чеҳраи гарму нигоҳи нарм интизор шуд. Аммо ў рўй турш карда, ҳақорате бар лаб овард. Баъд ба замин туф карда, рўй дигар сўй тофту бо ҷидд гузашта рафт.

Дили пирамард дардолуд афшурда гашт. Вуҷудашро оташи дарду алам сўхт. Вай дигар тоқат накарда, аз ҷайбаш рўймолча бароварду ашки чашмонашро пок карда, бо андўҳи зиёд ба хона даромад.

Шаби дароз – оҳ чӣ шаби дароз! – ғам хўрду сўхт!

Сўхту ғам хўрд!

Субҳи содиқ дамид. Боз ҳам шитоб накард, сабр пеша намуд. Садои занги дар ўро як қад паронд. Ҳамсоя будааст. Пул қарз пурсид. Ўро ноумед кард. Пасон оҳи ҷонсўз кашид ва ба хулоса омад:

– Аз афташ, ба виҷдони ў умед бастан маъно надорад.

Аз хона бурун гашт. Чанд қадам гузошту истод. Ба чор сўй чашм давонд. Ва боз ҳам нашитофт. Дудила гашт. Ба андеша рафт. Боз ба чор сўй чашм давонд. Сипас китф дарҳам кашид ва худ ба худ гуфт:

– Ҳар чӣ бодо бод!

В-он гаҳ рўй бар додгоҳ овард. Дари утоқи додрасро оҳиста кушода:

– Мумкин, писар? – гўён, иҷозати даромадан пурсид.

Додрас, марди қадпасти сиёҳҷурдаи бадқавоқ, оҳиставу вазнин сар бардошт. Ким-чӣ хел як нигоҳи бефарқу аҷибе ба ў афканду рўй турш намуд. Сипас айнакашро аз чашмонаш гирифта, ба пирамард, ки музтар монда буд, нохоҳаму сард:

– Даро, – гуфт.

Ҳарчанд хотири пирамард аз ин истиқбол озурда гардида, дасту по хўрда шуд, вале худро ба даст гирифт. Ва баъди аз дар даромадан:

– Ассалому алайкум! – гўён, даст ба вохўрдӣ моил қадам зад. Аммо додрас нигоҳашро гурезонда:

– Шин! – гуфт.

“Шин” чунон сарду дағал садо дод, ки дили пирамард аз изтиробу ҳаяҷон ларзида, аз омаданаш сад бор пушаймон гардид.

Аммо чӣ илоҷ, ки тир аз камон ҷаста!

Аввал хост чанд сухани коғазпеч гуфта, дил холӣ кунаду атояшро ба лиқояш бубахшад. Вале зуд аз ин раъяш гашт, изтиробу ҳаяҷонашро фурў бурд ва бо як даст аз лаби миз дошта, базўр нишаст. Оҳи сарде кашиду нафас рост кард.

– Хизмат? – бо ҳамон сардӣ рў ба ў овард додрас.

Боз як оҳи сарде кашид пирамард ва воқеаи рўйдодаро як ба як гуфт ба ў.

– Ҳа-а-а… – абрў гиреҳ зада, мад кашид додрас. – Ин хел гў-ў-ўй…

Баъд каме гиреҳи абрў кушода, бо тамасхур мепурсад:

– Наход, наход ки ҳамин хел шуда бошад-а?

– О, нақл кардам-ку, – норозиёна ғурунгид пирамард.

– Гўш кун, барои чӣ ин хел кард?

– Ман надонам.

– Ба ростӣ намедонӣ?

– Гуфтам-ку, намедонам.

Додрас ба рўи ў як назар давонд. Ва чунон ки беихтиёр аз хоб хеста, акнун ҳушёр шуда бошад, бо ҳайрати афзун пурсид:

– Воқеан, ту ба чанд даромадӣ?

– Ба ҳафтоду се қадам гузоштам, – филҳол ҷавоб дод Бобохол.

– Эҳа-а, аз пайғамбар даҳ сол гузарондӣ-ку?!

Аз чӣ бошад, ба дили пирамард сиёҳӣ давид.

– Бачу кач дорӣ?

– Доштам, – бо андўҳ ҷавоб дод Бобохол. – Чор писари нозанин доштам. Ҳасану Ҳусейн, Рустаму Суҳроб. Ҳасану Ҳусейн дар ҷангҳои озод кардани ноҳияҳои водии Қаротегин ҳалок гардиданд. Рустам бошад дар Хуҷанд қурбон гашт. Суҳроб…

– Хайр, кифоя! – аз чӣ бошад, қаҳраш хеста, ба миёни сухани пирамард лагад зад додрас.

Лаҳзае сукунати сангин ҳамаро ба оғўши худ гирифт.

– Тавба! – яхи сукунатро шикаста калла ҷунбонд додрас. – Тавба!

Сипас ба Бобохол бад-бад нигоҳ карда:

– Аҷиб, – гуфт.

– Чӣ аҷиб? – бо ҳайрат ба рўи ў нигарист Бобохол.

Додрас гўиё осори ҷиноятро дар чеҳраи ў меҷуста бошад, чанд лаҳза ба рўйи пурожангу рангпаридаи вай дида дўхта, пурсид:

– Боз дурўғ нагўӣ, мўйсафед?

Вай бепарво, коҳилона, бе ҳеҷ гуна ҳавас ба Бобохол менигарист. Гўиё ки ўро зўран ба ин вазифа шинондаанд.

Дар ҷояш такконе хўрд пирамард.

– Не-е, дурўғгў – душмани Худо, ман дар умри сарам ягон каса тўҳмату ғайбат накардаам. Акнун дар пирӣ ин кор ба ман намезебад.

– Ҳм-м, – боз мад кашид додрас, пешонӣ дошт ва ба андеша рафт. Пас аз чанде ба пирамард рўй оварду гуфт:

– Умуман ин кирои гап ҳам не-ку!

Бо тааҷҷуб ба ў нигарист Бобохол.

– Ҳм-м! – гўён, додрас аз чойники болои миз ба ў як пиёла чой рехт. Вале ў даст дароз накард, нагирифт, рад кард. Бо зардаву димоғи сўхта:

– Ман чойнўшӣ наомадаам, – гуфт.

– Ҳмм! – писханд зад додрас. – Фаҳмидам! Яъне, ки ту сер! Сер, ҳамту не?!

Нигоҳи тезу тунде афканд ба рўяш.

– Не, ман ташна, ташна!

– Чӣ-ӣ?! Ту ташна?! – хандаи изтеҳзо зад додрас.

– Ҳа, ман ташна! – ҷиддӣ гуфт Бобохол. – Ташнаи адолат!

– Ҳа-а, ташнаи адолат гўй? – бо писханд гуфт додрас ва ҷиддиву бозарда идома дод: – Адолат, адолат?! Кадом адолат?! Чӣ хел адолат?! Ку адолат?! Чаро обро надида, мўза мекашӣ?! Гўш кун, мўйсафед, ба ту як маслиҳат. Худат раву корро ба хушӣ-хушӣ ҳал кун. Фаҳмидӣ?!

– Ба хушӣ-хушӣ? – ба тааҷҷуб омад Бобохол. – Ман нафаҳмидам. Яъне, ин чӣ тавр?

– Аз ман мепурсӣ?! – оташин шуда, гуфт додрас. – Мўята дар куҷо сафед кардӣ?

Боз ба рўи додрас нигоҳи тезу тунде афканду қатъиву ҷиддӣ гуфт:

– Ба мўи ман кордор нашав!

– Э биё, бас кун, пиракӣ! – қадре ғазаболуд гуфт додрас. – Барои як пула гап сари якдигара гаранг накунем. Алами Исоро аз Мўсо нагирем. Биё, хезу бирав. Исо ҳам ба роҳи худу Мўсо ҳам.

Аз нигоҳи додрас лабони пирамард хушк шуданд, хун аз рўяш парид. Дилаш беист мезад ва гўё аз қафаси сина халосӣ меҷуст.

– Бирав! – даст афшонд додрас.

Инони ихтиёр аз даст дода, якбора дод зад:

– Не!

– Ҳой, вазнин шав! – аз ҷояш бархоста, дод зад додрас. – Рав, бачагӣ накун!

– Намешавад! Ҳа, ба ҳеҷ куҷо намеравам! Ин гапи якпула не, сухан дар бораи шаъну шарафи инсон меравад. Ва шумо бояд мўйро аз хамир ҷудо кунед. Ин вазифаатон, моҳона мегиред.

– Моҳона, моҳона… – асабиёна мижа зад додрас. – Намеравед?

Бобохол ба чашмони номуайянранги додрас нигоҳ кард. Почакҳои биниаш ба ҷунбиш даромаданд ва бо қатъият гуфт:

– Не!

– Чӣ илоҷ! – ба чапу рост чашм давонд додрас. – Оҳ, чӣ илоҷ! Гила аз худат! Набошад навис!

– Чиро нависам?

– Аризая! – бо ситез қаламу коғазро наздаш гузошт додрас.

Бобохол бо кароҳат қаламу коғазро гирифт.

– Чӣ нависам?

– Аз ман мепурсӣ? Ҳар чӣ хоҳӣ, навис.

Бобохол бо изтиробу ҳаяҷон ва дастони ларзон воқеаи рухдодаро бо як азобе рўи коғаз овард. Оҳи сарду бадарде кашиду онро ба додрас дароз кард. Додрас на танҳо коғазро нагирифт, ҳатто ба ў нигоҳ ҳам накард. Танҳо дўғ зад:

– Санаро мондӣ?!

– Чиро? – нафаҳмид Бобохол.

– Числоро!

– Ҳа, мондам.

Ў боз дўғ зад:

– Имзо чӣ?!

– Кардам! – бо оҳанги ў посух дод Бобохол.

Ў боз дўғ зад:

– Мон!

– Ба куҷо монам?!

– Ба куҷое, ки хоҳӣ!

Вай аризаро рўи мизи додрас гузошт.

– Рав, мебинем! – гўё ранҷидахотир гуфт додрас.

– Ҳо-о, – гўён, калла ҷунбонд Бобохол.

– Ҳо! Ту дигар бор наё!

– Чаро?

– Худамон ҷеғ мезанем.

– Кай?

– Кай, ки лозим шавад!..

Ҳақиқатан ҳам ҷеғ заданд. Пас аз як моҳ. Бо умед рафт, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Додрас умедашро бар бод дод. Корро ба фоидаи холаи Зебо ҳал кард.

– Шарм намедоред, мўйсафед? – гуфт ба ў додрас. – Имзо имзои худатон, шоҳид надоред. Чӣ лозим буд ин бузакбозӣ?

Бо дили пурдоғ, чун аз кати беморӣ хеста, берун омад. То хеле карахту гунгу кар ба равуои одамон нигарист. Баъд ба худ омад. Бо як афсўси гарон лаби поинашро газида-газида гуфт:

– Ҳа-а-а… Ҳайфи қонун! Кўр аст чашми адолат! Наркушу модапарвар аст фалаки каҷрафтор!

Офтоб шаъшаъа меафканду дунё медурахшид. Аммо дар чашми ў ҳама ҷо сип-сиёҳ метофт.

Ўро аз дарёи хаёл садои холаи Зебо берун кашид.

– Ҷазота гирифтӣ, пирхари беимон!

Як қад парид, музтар монд.

– Зунукут гирифт, пирхари беимон!

Ба худ омад ва дар ҳоле, ки базўр нафас мекашид, бо овози хаста ўро дуои бад кард:

– Илоҳӣ ба ҳамон пул кафан бихарӣ! Аллоҳу акбар!..

Ва дарунбадарун сўхта меандешид. Наход ки айём ҳамин тур ғалаба кунад? Наход ки қиссаҳои дигари рўзгори мо шурўъ шуда бошад? Наход ки…

Бо нишони эътироз ду моҳ ба мухобира нарафт. Аз тарафи дигар на дилаш мекашид ва на пояш. Моҳи сеюм нафақаи ўро як духтаракихандонрў ба хонааш овард. Ягон шонздаҳ-ҳабдаҳ сол дошт ў. Тоза. Озода. Рўяш гарм. Чашмонаш меҳрубон. Пурҷилло. Дар танаш куртаи обшустаи чит. Вале ба ў басо зебанда. Мўйҳои зарҳалинаш болои китфонаш афтода.

– Кабудов Бобохол шумо? – пурсид духтарак бо оҳанги хуш.

– Ҳа, ман, – бо нигоҳи гарму сафобахш ба рўи духтарак кунҷковона чашм дўхта, ҷавоб дод ў. – Тинҷӣ-мӣ, духтарам?

– Ман хаткашони нави шумо, – бо овози маҳину лаҳни бисёр нарм гуфт духтарак.

Андоме дошт фавқулодда қашангу зебо.

– Ту хаткашон? – гўиё ба гўшҳояш бовар накард ў.

– Оре, хаткашон! – бо ифтихор нидо намуд духтарак.

– Оҳ, бифармо, бифармо, – духтаракро ба хона даъват кард ў.

Ворид гашт. Зебо ворид гашт. Гўиё ба хона моҳи тобон ворид гашт. Пирамард ўро паси миз шинонд. Ва худаш ҳам нишаст.

– Акнун, ҳар моҳ нафақаатонро худам ба хонаатон оварда, медиҳам, – бо табассуми малеҳ ба рўи ў дида дўхт духтарак.

Аз суханрониву рафтори духтарак ба дили Бобохол як рўшание ворид гашт. Ва бениҳоят ҳам хушҳолӣ вуҷудашро фаро гирифт.

– Э, офарин духтарам, ба ҳазор дароед! Ҳамин хел рўзҳо ҳам будааст-дия, – чашмони Бобохол барқосо дурахшиданд. – Номи шумо чист, духтарам?

– Номам Шаҳло, – лабханди базеб намуд духтарак.

– Бай-бай-бай! Аҷаб номи хушрў доштаед! – Бобохол бо табассум ба рўи сафеди Шаҳло бо шавқ менигарист.

Шаҳло нафақаи Бобохолро ба дасташ дод. Ва аз ҷо бархост. Пирамард ҳам бархост.

– Саломат бошед, падар!

– Духтарам, ана ина бигир, – Бобохол ба духтарак пул дароз кард.

– Не, не, лозим не, – рад намуд ў саросема. – Эҳтиёҷ надорам.

– Гир, духтарам, ҳақи хизматат, лозим мешавад…

– Ин кори ман, барои ин ман маош мегирам. Лозим не.

Ва ў ин «лозим не»-ро ба таври худ фаҳмида, боз як панҷсўма зам намуд.

– Шумо маро меранҷонед, падар! – Боз рад намуда, гуфт духтарак.

– Ту ҳам маро меранҷонӣ, духтарам. Хайр, чӣ мехоҳӣ, ба ту диҳам.

– Мехоҳам, ки фикрҳои бадро аз саратон дур андозед.

Бо вуҷуди ин хост пулро ба дохили сумкааш тиқонад.

– Падар! – басо ҷиддӣ гуфт Шаҳло. – Маро наранҷонед!

Ва ин дафъа овозаш қатъӣ буд. Ва Бобохол ба чашмони калону нилобии ў нигариста фаҳмид, ки дар ҳақиқат ҳам ўро меранҷонад. Ва ў дар хиҷолат монд. Суп-сурх шуда рафт. Шармаш омад. Замин накафид, ки дарояд. Ва ҳамзамон як рўшание ба дилаш роҳ ёфт. Ва барои рафъи ҳолати ногувор ба ў суол дод:

– Зебо куҷо шуд?

– Холаи Зебо? – гашта пурсид Шаҳло ва зери бори ғам монд. – Бечора… мурд.

– Наход?! – гўиё аз ғайб барқе ба тани нимҷони Бобохол зада бошад, андомаш ба таври ҳайратангез сахт такон хўрд. – Чӣ хел мурд? Магар мариз буд?

– Не, мариз набуд, – ғамгинона ҷавоб дод Шаҳло. – Аниқтараш ҳалок шуд…

Бори дигар андомаш сахт ларзид. Ва бо ҳарос пурсид:

– Ҳалок шуд?! Чӣ хел ин воқеа рўй дод?

Басо маҳзунона посух дод:

– Ҷузъиёташ ба ман маълум нест. Аз рўи шунидам, пагоҳӣ ба кор мешитофтааст, ки таги мошин монда, дар беморхона ҷон додааст…

– Об-бо-о…

14 марти соли 1992

20 ноябри соли 2003

[1] Рўзи Татяна – рўзи иди аіли насорост, ки ба 12 январ рост меояд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …