Главная / Маданият ва санъат / Дуои аз хона берун омадан

Дуои аз хона берун омадан

Ҳазрати Анас ибни Молик (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: “Ҳар гоҳ касе вақти берун омадан аз манзил ин дуоро бихонад, дар он вақт ба ӯ гуфта мешавад, яъне фариштаҳо мегӯянд: «Корҳои ту дуруст карда шуданд ва аз ҳар бадӣ муҳофизат карда шудӣ». Шайтон номуроду ноком шуда аз ӯ дур мешавад»[1]. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Бисмиллоҳи таваккалту алаллоҳи, ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ.

Тарҷума: Maн бо номи Аллоҳ берун меравам, бар Аллоҳ таваккал мекунам. Ҳосил кардани ҳар хайр, ё наҷот аз ҳар бадӣ фақат бо амри Аллоҳ мумкин аст.

duo-az-xona

Ва дар ривояте чунин омадааст: «Дар он вақт (баъд аз хондани ин дуо) ба ӯ гуфта мешавад: «Комилан роҳнамоӣ карда шудӣ. Корҳои ту дуруст карда шуданд ва ту муҳофизат карда шудӣ». Пас шайтонҳо аз ӯ дур мешаванд. Шайтони дигаре ба он шайтони қаблӣ мегӯяд: «Ту чӣ тавр метавонӣ бар чунин шахсе ғолиб шавӣ, ки роҳнамоӣ карда шудааст? Корҳои ӯ дуруст карда шудаанд ва ӯ муҳофизат карда шудааст».[2]

  [1] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят кардааст.

[2] «Ал-аҳодису-л-мунтахаб».

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …