Главная / Гуногун / Дуоҳои гуногуни Расулуллоҳ (с)

Дуоҳои гуногуни Расулуллоҳ (с)

Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Оё ба шумо нишон диҳам дуое ҳар гоҳ онро бихонед, Худованд ҳамму ғам ва қарзи шуморо бартараф созад, пас, дар субҳу шом ин дуоро бихонед. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳума иннӣ аузу бика мина-л-ҳамми ва-л-ҳазани, ва аузу бика мина-л-аҷзи ва-л-касали, ва аузу бика мина-л-ҷубни ва-л-бухли, ва аузу бика мин ғалабати-д-дайни ва қаҳри-р-риҷол”.[1]

Тарҷума: Худоё, аз ҳамм, ғам, нотавонӣ, танбалӣ, тарс, бухл, қарзи бисёр ва қаҳру ғазаби одамони бадниҳод ба Ту паноҳ мебарам.

*             *          *          *          *

shutur-arab

Расулуллоҳ (с) мефармояд: “ Оё ба шумо ёд диҳам калимотеро, ки Худованд ба касе, ки иродаи хайр кунад, онро ба ӯ  ёд медиҳад ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Он калимот ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳума иннӣ заифунфа қаввӣ фӣ ризока заъфӣ, ва ҳуз ила-л-хайри ва носиятӣ, ва-ҷъали-л-ислома мунтаҳо ризоя. Аллоҳума иннӣ заифун фа-қ-қаввинӣ, ва иннӣ залилун фа-аъиззанӣ, ва иннӣ фақирун фа-рзуқнӣ, ва-кфинӣ би ҳалолика ва ҳаромика, ва ағнинӣ би фазлика амман сивок”.[2]

Тарҷума: Парвардигоро, ман заифам, ба ризои худат нерӯмандам бифармо ва ба сӯйи хайр маро бикашон, ниҳояти ризоятамро дар ислом қарор бидеҳ. Парвардигоро, заифам, нерӯмандам фармо; залилам, ба ман иззат бахш; фақирам, рӯзиям деҳ бо рӯзии ҳалол, аз ҳаром дурам бифармо ва ба фазлу бузургият аз ғайри худат бениёзам гардон.

*             *          *          *          *

Расулуллоҳ (с)  мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳума иннӣ аузу бика мин илми-л-ло янфау ва амали-л-ло юрфау ва дуои-л-ло юстаҷоб.[3]

Тарҷума: Парвардгоро, ба Ту паноҳ мебарам аз илме, ки суд нарасонад ва аз амале, ки ба сӯйи Ту авҷ нагирад ва аз дуое, ки мавриди қабули Ту набошад.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ғфирлӣ ва-рҳамнӣ ва алҳиқнӣ би-р-рафиқи-л-аъло.[4]

Тарҷума: Парвардгоро, маро бибахш ва ба ман раҳм кун ва рафиқи аъло, ки Аллоҳ аст, мулҳақу пайвастам бигардон.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ асъалука мина-л-хайри куллиҳи мо алимту минҳу ва мо лам аъламу ва аузу бика мина-ш-шарри куллиҳи мо алимту минҳу ва мо лам аълам.[5]

Тарҷума: Худовандо, тамоми некиҳоро ончи медонам ва намедонам, аз Ту металабам ва аз Ту мехоҳам. Худовандо, аз шарри ҳама бадиҳо ончи ки бар он огоҳӣ дорам ва ончи ки аз он бехабарам, ба Ту паноҳ мебарам.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Аллоҳумма-ҷъалнӣ мина-л-лазина изо аҳсану-стабшару ва изо асоу-стағфару.[6]

Тарҷума: Худоё, аз ҷумлаи онон қарорам деҳ ки ҳар гоҳ кори хайре анҷом диҳанд, хушҳоланд ва чун муртакиби гуноҳ шаванд, талаби бахшиш менамоянд (онҳоро мавриди афв қарор медиҳӣ).

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Аллоҳумма иннӣ аузу бика мин қалбӣ ло яхшаъу ва мин дуои-л-ло юсмаъу ва мин нафси-л-ло ташбаъу ва мин илми-л-ло янфау аузу бика мин ҳоулои-л-арбаъ.[7]

Тарҷума: Худоё, ба Ту паноҳ мебарам аз диле, ки дар он хушуъ набошад; ва аз дуое, ки қабул нашавад; ва аз нафсе, ки сер нахурад; ва аз илму донише, ки нафъу суде нарасонад; ва дар ҳар ҳол аз ин чаҳор ба Ту паноҳ мебарам.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-рзуқнӣ ҳуббака ва ҳубба май-янфаунӣ ҳуббуҳу индак. Аллоҳумма мо разақтанӣ миммо уҳиббу фа-ҷъалҳу қуввата-л-лӣ фӣ мо туҳиб. Аллоҳумма ва мо завайта аннӣ миммо уҳиббу фа-ҷъалҳу фароға-л-лӣ фӣ мо туҳиб.[8]

Тарҷума: Худоё, муҳаббати худат ва муҳаббати касе, ки муҳаббаташ нафъ ба ман мерасонад, насибам гардон. Худоё, ба ончи ки рӯзиям додаӣ аз ончи ки дӯст дорам, василаи тавоноиям гардон дар ончи ки Ту дӯст дорӣ. Худоё, ончи аз ман дур намудаӣ, ки ман онро дӯст доштаам, василаи фароғати ҳолам гардон, дар ончи ки Ту дӯст дорӣ, кӯшо бошам.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ҷъалнӣ шакуран ва-ҷъалнӣ сабуран ва-ҷъалнӣ фӣ айнӣ сағиран ва фӣ аъюни-н-носи кабиро.[9]

Тарҷума: Худоё, собиру шокирам гардон, дар чашми худ кӯчак ва дар чашми дигарон бузургам гардон.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ аузу бика мина-л-аҷзи ва-л-касали ва-л-ҷубни ва-л-бухли ва-л-ҳарам. Ва аузу бика мин азоби-л-қабр. Ва аузу бика мин азоби-н-нор. Ва аузу бика мин фитнати-л- маҳёи ва-л-мамот.[10]

Тарҷума: Худоё, аз аҷзу танбалӣ ва тарсу бухлу пирӣ ва азоби оташи дузах ва фитнаи (ошӯбу парешонии) зиндагӣ ва фитнаи марг ба Ту паноҳ мебарам.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма Раббано отино фӣ-д-дунё ҳасанатав-ва фӣ-л-охирати ҳасанатав-ва қино азоба-н-нор.[11]

Тарҷума: Худоё, дар дунёву дар охират ба мо некӣ ато фармо ва аз азоби оташи дӯзах маҳфузамон бидор.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма ло айша илло айшу-л-охираҳ.[12]

Тарҷума: Худоё, айшу зиндагӣ ҷуз зиндагии охират нест (зеро зиндагии охират доимӣ ва бидуни ранҷ аст, аммо зиндагии дунё ба ҷуз заҳмату машаққат чизи дигаре нест).

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ғфирлӣ хатиъатӣ ва ҷаҳли ва исрофӣ фӣ амри ва мо Анта аъламу биҳи миннӣ. Аллоҳумма-ғфирлӣ мо қаддамту ва мо аххарту ва мо асрарту ва мо аъланту Анта-л-Муқаддиму ва Анта-л-Муаххиру ва Анта ало кулли шайъин қадир.[13]

Тарҷума: Худоё, гуноҳонамро бибахш. Аз нодониву исроф ва зиёдаравӣ дар корҳое, ки кардам ва ончи ки Ту аз ман бар он огоҳтарӣ, даргузар. Худоё, аз гузаштаам ва аз ончи ки дар он кӯтоҳ омадаам ва таъхир кардаам, ончи дар пинҳону ошкор анҷом додаам, афв фармо. Ту азалӣ ва абадӣ ва бар ҳар чиз тавонову қадир ҳастӣ.

*****

Расулуллоҳ, (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннака тасмаъу каломӣ ва таро маконӣ ва таъламу сирри ва алониятӣ ло яхфо алайка шайъу-м-мин амри. Ва ана-л-боису-л-фақиру-л-мустаҷиру-л-ваҷилу-л-мушфиқу-л-муқирру-л-муътарифу би занбиҳи. Асъалука масъалата-л-мискини ва абтаҳилу илайка-бтиҳола-л-музниби-з-залил. Ва адъука дуоа-л-хоифи-л-музтарри ман хазаъат лака рақабатуҳу ва фозат лака абратуҳу ва залла лака ҷисмуҳу ва рағима лака анфуҳ. Аллоҳумма ло таҷъалнӣ би дуоика шақийяв-ва кун бӣ рауфа-р-раҳимо, ё Хайра-л- масъулина ва ё Хайра-л-муътин.[14]

Тарҷума: Худовандо, Ту суханонамро мешунавӣ, ҷоямро медонӣ, бар пинҳону ошкорам огоҳӣ дорӣ, чизе аз корҳоям бар ту пӯшида нест. Маъюсам ва фақирам, аз Ту таманно дорам, ба Ту паноҳ мебарам, дар баробари Ту рангзарду тарсонам. Иқрор мекунам ба гуноҳонам, монанди гадоён дасти гадоиямро ба сӯят дароз мекунам ва фарёд мезанам ҳамчун фарёди гуноҳгорони залил. Туро мехоҳам монанди онон, ки муҳтоҷу ниёзманданд гарданро ба тавозуъ фурӯ ниҳодаам, монанди онон, ки гардан ниҳодаанд ва ашк мерезанд ва вуҷуди онон дар баробари Ту залил аст. Пешонии залилӣ ба даргоҳат мемолам. Худовандо; маро дар дуои худ бенасиб магардон ва аз ҷумлаи бадкоронам машумор, эй Беҳтарин масъули меҳрубон ва эй Некӯтарини бахшандагон.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма аслиҳ зота байнино ва аллафа байна қулубино ваҳдино субула-с-саломи ва наҷҷино мина-з-зулумоти ила-н-нури ва ҷаннибна-л-фавоҳиша мо заҳара минҳо ва мо батан. Аллоҳумма борик лано фӣ асмоъино ва абсорино ва қулубино ва азвоҷино ва зуррийётино ва туб алайно иннака Анта-т-Таввобу-р-Раҳиму ва-ҷъално шокирина ли ниъматика муснина биҳо қобилина лаҳо ва атиммаҳо алайно.[15]

Тарҷума: Худоё, дар байни мо сулҳу сафо барқарор бифармо, дилҳои моро ба ҳам наздик гардон, моро ба роҳи росту солим ҳидоят намо, аз торикии гуноҳ моро наҷот деҳ ва ба сӯйи нури худат роҳнамоӣ бифармо ва аз корҳои бадӣ зоҳирӣ ва пӯшидаву пинҳон маро дур соз. Худовандо, гӯш, чашм, дил ва зану фарзандонамонро бар мо муборак гардон, тавбаи моро бипазир, танҳо Туӣ тавбаро мепазириву тараҳҳум мефармоӣ. Моро аз ҷумлаи шокирин бар неъмати худ маҳсуб гардон, ки дар баробари он сипосгузор бошем ва дар баробари неъматат санову таърифи Туро кунем. Неъмататро бар мо афзуну тамом гардон.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд: «Хостаи худро аз Худо чунин бихоҳед:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма аслиҳлӣ дини-л-лазӣ ҳува исмату амри ва аслиҳлӣ дунёя-л-латӣ фиҳо маошӣ ва аслиҳлӣ охирати-л-латӣ фиҳо маодӣ ва-ҷъали-л-ҳаёта зиёдата-л-лӣ фӣ кулли хайрив-ва-ҷъали-л-мавта роҳата-л-лӣ мин кулли шар».[16]

Тарҷума: Худоё, динамро, ки боиси обруям аст, ислоҳ кун. Худоё, дунёямро, ки боиси маишати зиндагӣ аст, ислоҳ фармо, охиратамро, ки ба он бармегардам, ислоҳ намо, зиндагиямро дар ҳар кори хайре афзун гардон, маргро василаи осоишу роҳати ман аз ҳар шарру ногуворӣ бигардон.

Расулуллоҳ, (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-ҷъал ҳуббака аҳабба-л-ашёи илайя ва-ҷъал хашятака ахвафу-л-ашёи индӣ ва-қтаъ аннӣ ҳоҷоти-д-дунё би-ш-шавқи ило лиқоика ва изо ақрарта аъюна аҳли-д-дунё мин дунёҳум фа ақрир айнӣ мин ибодатик.[17]

Тарҷума: Худоё, муҳаббати худатро дар дилам аз ҳар чиз азизтар гардон, хавфу тарси аз Туро дар дилам аз ҳар чиз тарсноктар гардон, ниёзмандиҳои дунёиямро ба василаи иштиёқ ба сӯи лиқоят аз ман бартараф соз, ҳар гоҳ чашми аҳли дунёро ба дунё равшан сохтӣ, чашми маро ба ибодати худат мунаввару равшан бифармо.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-фтаҳ масомиа қалбӣ ли зикрика ва-рзуқнӣ тоатака расулика ва амалам-би китобик.[18]

Тарҷума: Худоё, гӯши диламро барои фаро гирифтани зикри худат боз фармо ва итоату фармонбардори дар фармони Ту ва Расули Ту ва амал ба Китоби Туро насибам гардон.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма-лтуф бӣ фӣ тайсири кулли асирин фа инна тайсира кулли асирин алайка ясир, ва асъалука-л-юсра ва-л-муофата фӣ-д-дунё ва-л-охираҳ.[19]

Тарҷума: Худоё, дар осон намудани ҳар мушкил маро ёрӣ ва ба ман лутф кун, зеро ҳалли ҳар мушкил бар Ту осон аст. Осоишу роҳат ва офияти дунёву охиратро аз Ту металабам.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма ағнинӣ би-л-илми ва заййиннӣ би-л-ҳилми ва акримнӣ би-т-тақво ва ҷаммилнӣ би-л-офияҳ.[20]

Тарҷума: Худоё, ба василаи дониш бениёзам фармо ва ба ҳилму ҳавсала зиннатам деҳ ва ба тақвову парҳезгорӣ муҳтарамам шумор ва ба офият накӯномам гардон.

*****

Расулуллоҳ (с) мефармояд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма иннӣ аузу бика мин халили-м-мокирин, айноҳу тараёнӣ ва қалбуҳу яраонӣ ир-рао ҳасанатан дафанаҳо ва ир-рао сайиатан азоаҳо.[21]

Тарҷума: Худоё, ба Ту паноҳ мебарам аз дӯсти ҳиллагар, ки чашмонаш маро мебинад, дилаш муроқиби аҳволи ман аст ва ҳар гоҳ аз ман некие бинад, мепӯшонад ва чун бадие бинад, ошкору мунташир месозад.

[1] Ин ҳадисро Ибни Моҷа ва Ҳоким аз Абӯҳурайра (раз) ривоят кардаанд.

[2] Ин ҳадисро ривоят кардааст.

[3] Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ривоят кардаанд.

[4] Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (раз) ривоят кардаанд.

[5] Ин ҳадисро Табаронӣ аз Ҷобир ибни Сумра (раз) ривоят кардааст.

[6] Ин ҳадисро Ибни Моҷа аз Оиша (раз) ривоят кардааст.

[7] Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.

[8] Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят кардааст.

[9] Ин ҳадисро Баззор аз Бӯрайда (раз) ривоят кардааст.

[10] Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим аз Анас (раз) ривоят кардаанд.

[11] Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим аз Анас (раз) ривоят кардаанд.

[12] Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим аз Анас (раз) ривоят кардаанд.

[13] Ин ҳадисро Бухорӣ ва Муслим аз Абӯмӯсои Ашъарӣ (раз) ривоят кардаанд.

[14] Ин ҳадисро Табаронӣ аз Ибни Аббос (раз) ривоят кардааст.

[15] Ин ҳадисро Табаронӣ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) ривоят кардааст.

[16] Ин ҳадисро Муслим аз Абӯҳурайра (раз) ривоят кардааст.

[17] Ин ҳадисро Абӯнаим дар “Ҳулияту-л-авлия” ривоят кардааст.

[18] Ин ҳадисро Табаронӣ аз Ҳазрати Алӣ (раз) ривоят кардааст.

[19] Ин ҳадисро Уқайлӣ ва Табаронӣ аз Абӯҳурайра (раз) ривоят кардааст.

[20] Ин ҳадисро Бухорӣ аз Ибни Умар (раз) ривоят кардааст.

[21] Ин ҳадисро Баззор аз Бурайда (раз) ривоят кардааст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

66

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ. Кишоварзӣ дар асри XVI

Дар асри XVI асоси хоҷагии қишлоқ деҳқонӣ буд. Замин бсштар дар дасти давлат буд. Хон …