Главная / Маданият ва санъат / Дуо ба ҳангоми беморӣ

Дуо ба ҳангоми беморӣ

Ҳар касе дар ҳолати беморӣ то чиҳил маротиба ин дуоро бихонад, агар дар ин даврон бимирад, монанди шаҳид подош хоҳад ёфт ва дар сурати тандуруст шудан, Худованд гуноҳонашро мавриди бахшиш қарор медиҳад. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ло илоҳа илло Анта Субҳонака иннӣ кунту мина-з- золимин.

Муолиҷаи рӯҳонии нишони захм ва дона

Дар сурате, ки бар бадан нишони захму обила ва думмал[1] бошад, ин оятро 41-маротиба бар дору ва ё чизи дигаре хонда, сипас онро истеъмол кунад, иншоаллоҳ муфид хоҳад буд. Оят ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Мусалламату-л-ло шията фиҳо.[2]

 Муоличаи рӯҳонии гурда ва санги он

Агар касе мубтало ба санги гурда мебошад ва ӯро азият мекунад, ин оятро 41-маротиба бар обе бихонад ва модоме ки мушкил бартараф нашудааст, онро идома диҳад, иншоаллоҳ Худованд он беморро шифо иноят хоҳад фармуд. Оят ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ва инна мина-л-ҳиҷорати ламо ятафаҷҷару минҳу-л- анҳору, ва инна минҳо ламо яшшаққақу фа яхруҷу минҳу-л-моу, ва инна минҳо ламо яҳбиту мин ҳашятиллоҳи, ва маллоҳу биғофилин аммо таъмалун.[3]

Думмал – захму вараме, ки дар руйи пуст пайдо мешавад ва аз он чирку хуноба берун меояд.

[1] Думмал – захму вараме, ки дар руйи пуст пайдо мешавад ва аз он чирку хуноба берун меояд.

[2] Сураи Бақара, ояти 71.

[3] Сураи Бақара, ояти 74.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …