Главная / Гуногун / Дуо чист?

Дуо чист?

Дуо ибодат аст ! Ҳазрати Нӯъмон ибни Башир (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Дуо ҳамон ибодат аст». Баъд аз он Расулуллоҳ (с) ба таври далел ин ояти Қуръони маҷидро тиловат фармуданд:

Ва қола Раббукуму-дъунӣ астаҷиб лакум. Инна-л-лазина ястакбируна ан ибодатӣ саядхулуна ҷаҳаннама дохирин.[1]

molitva_dua2Тафсири ин оят. «Ва Парвардгори худатон фармуд: «Маро бихонед, то шуморо иҷобат кунам». Мурод аз «дуо» хондан, дархости ҷалби манфиатҳо ва дафъи зиён аз боргоҳи Парвардгор, ё ибодат ва ягонапарастии вай аст. Албатта, дуо дар зоти хеш ибодат аст, балки дуо чунонки дар ҳадиси шариф омадааст: «Қатъан Парвардгоратон дар бақийяи айёми рӯзгоратон (зиндагиятон) деҳишҳову бахшишҳое дорад, пас, худро барои онҳо пеш афганед. Чӣ басо дуо бо раҳмате мувофиқат ва ҳамроҳӣ кунад, пас, соҳибаш ба василаи он ба саодате ноил гардад, ки баъд аз он ҳаргиз ва барои ҳамеша зиёнманд нашавад».

Албатта, ин оят худ дар ин боб ҳуҷҷат аст, зеро Худованд худаш фармудааст: «Маро ба дуо бихонед, то шуморо иҷобат кунам». Сипас ба дунболи он фармуд: «Касоне, ки аз ибодати Ман», яъне: аз дуои Ман «истикбор меварзанд, зудо ки ба хориву зорӣ вориди дузах шаванд». Ин ҳушдорест сахт ба касоне, ки аз дуо намудани ба боргоҳи Худои таоло такаббур меварзанд. Бинобар ин касе, ки баровардани ҳоҷот, ҷалби манфиат ва дафъи зарарро аз мурдагон бихоҳад, дар воқеъ бо ин дуои хеш онҳоро ибодат карда ва чизеро барояшон сарф карда, ки сарф кардани он чуз барои Худои субҳон ҷоиз нест.

Аз ин, ки бигзарем дуои ғайри Худованд барои дуокунанда ҳеҷ суде дар бар надорад, зеро танҳо касе, ки бар иҷобат кардани дуо тавоност, Худои субҳон аст. Бинобар ин Ӯ бандагонашро ба дуо кардан ва дархости ҳоҷот аз боргоҳи худ дастур дода ва дар ин сурат иҷобати дуояшонро ваъда додааст ва ваъдаи ӯ низ ҳақ аст.

Пас, эй бандагони Худо, хостаҳои худро ба Худованд мутаваҷҷеҳ созед ва дар хостаҳои худ бар зоте такя кунед, ки шуморо ба тавҷеҳи ин дархостҳо ба сӯйи хеш фармон дода ва иҷобати онҳоро низ барои шумо тазмин кардааст. Оре, Ӯст зоти бахшандаи кариме, ки дуои дуокунандаро иҷобат мекунад ва бар касоне, ки ниёзҳову ҳоҷатҳои худро дар умури дунёву дин аз фазли бузург ва мулки фарогир ва васеи ӯ дархост намекунанд, хашм мегирад. Чунончи дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар кӣ ба боргоҳи Худои азза ва ҷалла дуо накунад, Ҳақ таоло бар ӯ хашм мегирад».[2]

*         *         *         *         *

Ҳазрати Абдуллоҳ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Аз Худои таоло фазл бихоҳед, барои ин ки Худои таоло дӯст дорад, ки аз ӯ талаб карда шавад ва баъд аз дуои вусъату кушоиш интизор шудани кӯшоиш беҳтарини ибодат аст».[3]

Тавзеҳ. Матлаб аз интизори кӯшоиш ин аст, ки умедвор бошад, ки он дуое, ки барои раҳмату ҳидоят ва хайр талаб карда шудааст, иншоаллоҳ, ҳатман ҳосил мешавад.[4]

*         *         *         *         *

Ҳазрати Савбон (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ҷуз дуо ҳеҷ чиз наметавонад тақдирро иваз кунад ва ба ҷуз некӣ ҳеҷ чиз наметавонад умрро изофа кунад. Ва инсон бисёр вактҳо ба сабаби гуноҳе аз ризқ маҳрум карда мешавад»[5]

Тавзеҳ. Матлаб аз ин, ки дуо тақдирро иваз мекунад, ин аст, ки дар тақдир чунин навиштааст, ки агар ин шахе барои бартараф кардани фалон ранҷ дуо бикунад, он ранҷ бартараф карда хоҳад шуд, чунонки дар ҳадис омадааст: «Дуо кардан низ назди Худои таоло муқаддар аст». Ҳамчунин назди Худои таоло навишта шудааст, ки умри ин шахс масалан шаст сол аст, аммо агар фалон некӣ, масалан ҳаҷ бикунад, умри ӯ бист сол изофа карда мешавад ва ин дар дунё ҳаштод сол зиндагӣ мекунад.[6]

*         *         *         *         *

Ҳазрати Салмони Форсӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Бидуни шак дар зоти олии Худои таоло сифати ҳаё зиёд аст ва ба ғайр аз савол бисёр зиёд атокунанда аст. Вақте ки инсон пеши Худои таоло дастҳои худро баланд мекунад, Худои таоло аз холиву номурод баргардонидани дастҳои ӯ ҳаё мекунад, бад-ин ҷиҳат ҳатман ато мефармояд».[7]

*         *         *         *         *

Ҳазрати Алӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Дуо силоҳи муъмин аст, сутуни дин аст ва нури осмону замин аст».[8]

*         *         *         *         *

Ҳазрати Абуҳурайра (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Шумо Худои таолоро бар иҷобати дуо яқин дошта бошед ва инро хуб бидонед, ки Худои таоло дуои он шахсро қабул намекунад, ки қалби ӯ дар вақти дуо кардан аз Худои таоло ғофил ва бо ғайри Худои таоло машғул бошад».[9]

*         *         *         *         *

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Бар ҳар шахсе фоқаву тангдастӣ биёяд ва ӯ барои дур кардани он аз мардум савол кунад, фоқаву тангдастии ӯ бартараф нахоҳад шуд. Ва бар ҳар шахсе, ки фоқа биёяд ва ӯ барои бартараф кардани он аз Худои таоло савол кунад, пас Худои таоло ба зудӣ ӯро ризқ ато мефармояд, фавран мерасад, ё бо каме таъхир».[10]

Дуои он шахсоне, ки қабул мешавад

  1. Инсони музтар ва парешонхотир.
  2. Мазлум ва ситамдида.
  3. Падар барои фарзанд.
  4. Фарзанди фармонбардор.
  5. Мусофир.
  6. Рӯзадор.

Вақтҳо ва ҳолатҳое, ки қабул шудани дуо дар онҳо тасреҳ шудааст

  1. Шаби қадр.
  2. Моҳи мубораки рамазон.
  3. Баъд аз намозҳои фариза.
  4. Дар ҳолати саҷда.
  5. Шабу рӯзи ҷумъа махсусан баъд аз намози аср.
  6. Баъд аз тиловати Қуръон.
  7. Мавқеи иҷтимои мусалмонон (намозҳои ҷумъаву идайн),

Ва ҳамчунин каме аз одоби дуо кардан

  1. Парҳез аз ҳаром дар хӯрдану пӯшидан.
  2. Таҳорат ва покизагӣ ҳангоми дуо.
  3. Ҳамду санои Парвардгор ва дуруд бар Расули акрам (с) дар аввалу охир.
  4. Эътироф ба тақсиру гуноҳ.
  5. Тавассул ба «Асмои ҳусно» ва сифоти Илоҳӣ.
  6. Такрори дуо ҳадди ақал[11] се маротиба.
  7. Илҳоҳу[12] тазарруъ ва изҳори аҷзу[13] дармондагӣ.
  8. Аз самими қалб дуо кардан ва умеди қабулият доштан.

Тариқаи дуо кардан

Банда вақти дуо мебояд, ки ҳар маъсияте, ки карда бошад пеши дил наёрад ва на ҳеҷ тоате, зеро ки агар тоат пеши дил дорад ва он уҷб2 бошад ва дуо ба уҷб мустаҷоб нашавад. Ва агар маъсият пеши дил орад, дар боварии дуо сустӣ орад. Пас, вақти дуо назари хос бар раҳмати Ҳақ таоло мебояд дошт ва муқин бояд буд, ки албатта ин дуо мустаҷоб аст, иншоаллоҳи таоло. Вақти дуо бояд, ки ҳар ду даст кушода бошад ва баробари сина. Ва ҳамчунин омадааст, ки ҳар ду даст муттасили якдигар бояд дошт ва нек баланд бояд дошт. Ва ҳамчунин сурат бояд баст, ки гӯӣ ҳамин замон чизе дар дасти ӯ хоҳанд андохт. Дуо таскини дил аст, Худои таоло медонад, ки чӣ мебояд кард.

Ин буд каме аз аҳамияту фазоили дуо, ки пешкаши шумо шуд. Ва дар охир чанд байте аз Мирзо Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ (paҳ) дар баёни ин матолиб аст меоварем:

Байтҳо:

Дасти хоҳиш чун садаф макшоӣ пеши хокиён,

Ҳар чӣ мехоҳад дилат аз олами боло талаб.

*         *         *

То ҷӯӣ садаф кунанд туро махзани гуҳар,

Бардор сӯи олами боло кафи ниёз.

*         *         *

Давлат па чароғест, ки хомӯш шавад зуд,

Фонус, агар аз дасти дуо дошта бошад.

*         *         *

Аз дари Ҳақ ба дари халқ чаро бояд рафт,

Шиква аз ёр ба ағёр намебояд кард.

[1] Сураи Муъмин, ояти 60

[2] Тафсири “Анвору-л-Қуръон”, ҷилди 5.

[3] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят кардааст.

[4] “Ал-аҳодису-л-мунтахаб”.

[5] Ин ҳадисро Имом Молик ривоят кардааст.

[6] “Ал-аҳодису-л-мунтахаб”.

[7] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят кардааст.

[8] “Ал-аҳодису-л-мунтахаб”.

[9] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят кардааст.

[10] Ин ҳадисро Имом Тирмизӣ ривоят кардааст.

[11] Ақал – кам.

[12] Илҳоҳ – дархост кардан.

[13] Аҷз – шикатагӣ.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …