ДУМБАЛИ БОФТАҲОИ НАРМ, иллатест, ки дар натиҷаи ба бофтаҳои нарм роҳ ёфтани сироят пайдо мешавад. Сироят ба бофтаҳо метавонад аз ҷойҳое, ки пучак баромадааст, ҳамчунин дар мавриди пиодермия, доругузаронӣ ва ғ. асар кунад. Варам ва дард кардани ҷои осеб, сахт шудани бофтаҳо, сурх гаштани пӯст ва табу тасф аломатҳои Д. мебошанд. Аввал ҷои думбал сахт (инфилтрати илтиҳобӣ) сипас маркази он мулоим мешавад (мавриди палмосидан лиқ-лиқ мекунад, ки онро флуктуатсия меноманд). Ҳангоми чуқур ҷой гирифтани думбал (хусусан думбале, ки баъди доругузаронӣ дар сурин пайдо шудааст) флуктуатсия дертар ба вуҷуд меояд. Бинобар ин пайдоиши онро интизор нашуда, думбалро муолиҷа кардан лозим аст, зеро эҳтимол дорад, ки оризаҳои хавфнок (мас., сепсис, зардоб гирифтан) ба мушоҳида расанд.
Думбалҳои сатҳи пӯстро бо дору табобат мекунанд. Узви иллатиро ором гузошта, гармбандӣ менамоянд, аз усулҳои физиотерапия истифода мебаранд. Барои таъсири умумӣ расондан ба организм антибиотикҳо, сулфаниламидҳо, доруҳои табфарор тавсия мешаванд. Дар сурати нарм шудани Д. роҳи асосии муолиҷа ҷарроҳӣ аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …