Главная / Гуногун / Дуоҳо ҳангоми мусибат ва мушкилот

Дуоҳо ҳангоми мусибат ва мушкилот

Аз Саъд ибни Абӯваққос (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳазрати Зуннун[1] ҳар гоҳ дар шиками моҳӣ қарор гирифт, дар он ҳангом ин дуоро ба боргоҳи илоҳӣ хонд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Лo илоҳа илло Анта Субҳонака иннӣ кунту мина-з золимин».

Тарҷума: Бор Илоҳо, ҷуз Ту дигар маьбуде нест. Ту Поку муқаддас ҳастӣ, ман аз ситамгорон ҳастам.

Ҳар шахси мусалмоне, ки дар ҳангоми мусибату мушкилот бо ин калимот ба боргоҳи илоҳӣ дуо кунад Худованд онро қабул мефармояд».[2]

*              *                *                   *                   *

Ҳазрати Умми Салама (раз) ҳамсари гиромии Расули акрам (с) мефармояд, ки: «Расули акрам (с) иршод фармуданд, ки: “Ҳар бандае, ки ба мусибате гирифтор шавад ва ин дуоро бихонад, Худои таоло дар ин мусибат ба ӯ аҷру савоб ато мефармояд ва ивази он чизе, ки аз дасти ӯ рафтааст, чизе беҳтаре ато мекунад».[3] Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун. Аллоҳумма аҷурнӣ фӣ мусибатӣ ва ахлиф лӣ хайран минҳо.

Тарҷума: Бидуни шак мо аз сӯйи Худои таоло ҳастем ва ба тарафи Худои таоло руҷуъ хоҳем кард. Эй Аллоҳ, маро бар мусибатам аҷру савоб ато бифармо ва аз он чизе, ки аз ман гирифтаӣ, чизи беҳтаре ба ман ато бифармо.

Ҳазрати Умми Салама (раз) мефармояд: «Вақте ки Абӯсалама (раз) вафот кард, ман ҳамин гуна дуо кардам, ки Расули акрам (с) ба ман дастур дода буд, ки ин дуоро бихонам. Пас Худои таоло ба ман аз Абусалама (раз) ивази беҳтаре ато фармуд, яъне маро ба ҳамсарии Расули акрам (с) интихоб фармуд.[4]

*              *                *                   *                   *

Ҳазрати Абӯмӯсои Ашъарӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ҳар вақте ки фарзанди касе вафот мекунад, Худои таоло аз фариштаҳо мепурсад:

– Фарзанди бандаи Маро овардед?

Онҳо арз мекунанд:

  • Бале.

Худои таоло мефармояд:

  • Шумо ҷигаргушаи бандаи Маро овардед? Онҳо арз мекунанд:
  • Бале.

Худои таоло мепурсад:

  • Бандаи Ман чӣ гуфт? Онҳо арз мекунанд:
  • Ҳамду таърифи Туро кард ва «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун»-ро хонд.

Худои таоло ба фариштаҳо дастур медиҳад, ки:

  • Барои бандаи Ман дар ҷаннат хонае бисозед ва номи онро «Байту-л-ҳамд», яъне хонаи ҳамду ситоиш бигузоред».[5]

*              *                *                   *                   *

Аз Абӯҳурайра (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ дар мушкили бузурге қарор гирифтед, бигӯед:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Ҳасбуналлоҳу ва ниъма-л-вакил».[6]

Тарҷума: Худованди мутаол моро кофӣ аст ва Ӯ Беҳтарини корсозон аст.

Ин низ ҷумлаи хосе аз Қуръон аст. Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) ривоят аст, ки: «Ҳар гоҳ Ҳазрати Иброҳим (а)-ро қавми бутпарасти ӯ дар оташ андохтанд, бар забони мубораки ӯ ҳамин ҷумла ҷорӣ буд «Ҳасбуналлоҳу ва ниъма-л-вакил».

Дар вақти мусибатҳову мушкилот барои ҳар инсони муъмин лозим аст, ки ҳамин дуо вирди забони ӯ бошад.

*              *                *                   *                   *

Аз Ҳазрати Алии Муртазо (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Ҳар кас дар мушкил ва изтироби шадид қарор дошта бошад, ин дуоро бихонад:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма Рабба-с-самовоти-с-сабъи ва Рабби-л-Арши-л-азими, икфинӣ кулла муҳиммин мин ҳайсу шиъта мин айна шиъта.

Тарҷума: Бор Илоҳо, Молики ҳафт осмону Арши азим! Барои ҳалли мушкилоту муҳиммоти ман Ту кофӣ бош ва онҳоро ҳал бифармо, ҳар тавре, ки бихоҳӣ ва ҳар ҷо, ки бихоҳӣ.

Пас Худованд мушкили ӯро ҳал фармуда, аз изтиробу ғаму андӯҳ ӯро наҷот медиҳад.[7]

[1] Зуннун – Ҳазрати Юнус (а).

[2]  Ин ҳадисро Аҳмад, Тирмизӣ ва Насоӣ ривоят кардаанд.

[3]   Ин ҳадисро Имом Муслим ривоят кардааст.

[4]  «Ал-аҳодису-л-мунтахаб».

[5] Ин ҳадисро Тирмихӣ ривоят кардааст.

[6] Ин ҳадисро Ибни Мардвайҳ ривоят кардааст.

[7]  Ин ҳадисро Хароитӣ ривоят кардааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …