Главная / Гуногун / Духтари раис – чиновник

Духтари раис – чиновник

Имсол мўҳлати мураххасиамро дар деҳа гузаронидам. Азбаски чанд сол боз ба зодгоҳам нарафта будам, мардуми зиёд, хешу таборон, ҳамсояҳо ва ҳамсинфон ба дидорбиниам омаданд. Аз ин сабаб чанд рўз аз хона ба ҷое нарафта меҳмон қабул мекардаму гусел. Пас аз канда шудани қадами меҳмонон рўзе бафурҷа дар байни ҳаётамон сайругашт доштам, ки чашмам ба Абдусалом-амак афтод. Аз бозе ки худамро мешиносам, мо бо ў ҳамсоя ҳастему байни боғҳоямон девор надорад. Онро танҳо яқ шохҷўй, ки лаб-лаби он дарахтони сафедор қад кашидаанд, ҷудо мекунад. Бино бар гуфти падарам ҳанўз бобову бобокалонҳои мо ҳамсоя будаанду миёндевор надоштаанд.

duxtaroni-tojik-104Абдусалом-амак дар миёнаҷои пали юрушқа дикак нишаста, алаф медаравид. Ҳамин, ки қабзаи дасташ пур шуд, онро канор мегузошту боз медаравид. Ҳамин тарз чанд дарза даравида аз ҷой хест ва баъд онҳоро як-як ҷамъ оварда, дар як ҷо ғун кард. Фақат як дарзааш танҳо мехобид. Аз афташ, ҳама дарзаҳои даравидаашро ҳисоб карда буд, ки ҳамон қабзаро хеле кофта наёфт. Гирду атрофашро даст-даст мекард, аммо намеёфт. Ҳол он ки каме дуртар аз вай мехобид.

– Духтари чиновник! – фарёд кард ба сўи хонааш. Аммо аз он сў касе ҷавоб надод. Куҷо рафт ин дайду, – гуфт  хастаҳолона ва ба ҷояш нишаст.

Аз дармондагиаш дилам вайрон шуд. Охир, вай дар ҷавониаш як марди паҳлавонҷуссаи қоматбаланд, пешонааш кушод, синааш фарох, бозувонаш рустамона буд. Агар баланд гап мезад ва ё механдид овозаш мисли раъд гулдуррос мезад. Тобистону зимистон дар сараш телпак, дар бараш ҷомаи ласи сиёҳ ва дар пояш мўзаи кирзагӣ буд. Ҳатто солҳое ки муаллимӣ мекард, ҳамин ки аз мактаб баргашт, зуд либоси тозаашро иваз намуда, ҷомаву телпаку мўза мепўшид ва то бегоҳ дар байни оғилу каҳдон, боғу анбор ҷунбуҷўл мекард. Лекин ҳозир пирӣ асар кардааст: қоматаш хамида, ҷабинаш пурожанг ва ҷисмаш лоғар шудааст. Аммо овозаш ҳамоно базарба, гулдуроссӣ.

Ёд дорам,мо, мактаббачаҳо аз байни муаллимон бештар аз ў метарсидем. Он қадар сахтгир буд, ки ҳатто фориғ аз дарс, рўзҳои истироҳат ҳам дар кўча дучор оем, пинҳон мешудем. Худо нокарда чашмаш афтад, пагоҳ ҳатман ба назди тахтаи синф ҷеғ зада, вазифаи хонагиро мепурсид. Агар ҷавоб дода натавонем, сахт танбеҳ медод. Қисса кўтоҳ, аз ў на танҳо мо, шогирдонаш, балки калонсолон, ҳатто раиси колхозу ҷамоат ва директори мактаб низ метарсиданд, дар ҳузураш ҳар гапро намегуфтанд, ибо мекарданд. Чунки вай ҳақбину ҳақгўй буд, дурўғро чашми дидан надошт, ноҳақиеро дида, ором нишаста наметавонист. Ҳатман овоз баланд мекард, лозим ояд мушт ба гиребон мешуд. Агар зўри худаш нарасад, ба ташкилотҳои болоӣ, то додситонӣ аризаи шикоятӣ менавишт. Аз ин сабаб мардуми деҳа ба ў «нависанда» лақаб монда буданд. Аммо ҳеҷ кас дилёб намешуд, ки дар ҳузураш лақаби ўро ба забон орад. Хулоса, офати порахўру ҳаромгулўҳо буд. Вақте ки ба ин гуна зотҳои касиф сангар гирифта, аз болояшон шикоят менавишт, шиораш “ё марг, ё ғалаба” буд. То одами гунаҳкорро аз вазифа сабукдўш накунанд, ё огаҳии қатъӣ дода, дар байни мардум “ҳайфи ту” нагўянд, Абдусалом ором намегирифт, мубориза мекард. Аҷибаш ў дар ин муборизаи худ касеро шарик намегирифт, гурўҳбозӣ намекард, мардумро бар зидди он нобакорон намешўронд. Танҳо буд.

Оқибат зотҳои шариру ифлос тибқи одат муттаҳид шуда, Абдусаломро аз пой дароварданд.

***

Он сол зимистон сахт омад. Аллакай дар миёнаи моҳи ноябр барфи калон ғалтида, мардуми деҳаро дар ғафлат мононд. Кисми зиёди ҳосил дар саҳро монду меваҳоро дар шохи дарахт сармо зад. Алалхусус масъалаи сўзишворӣ мушкил буд.

Зимистон нисф нашуда, ангишти захира намудаи мактаб низ тамом шуд. Синфхонаҳо мисли яхдон сард буданд. Фаррошзанҳо, ки ҳар пагоҳӣ дар бухории чўянӣ алав дармегиронданд, аз набудани ангишт шикоят карда, ба чўбу тахтапора ва саргини гов алав мекарданд. Ҳамон чўбу чағ низ фаровон набуд. Тафси алав зуд паст мешуду синфхона – хунук.

Абдусалом аз ин ҳолати сангин ва азоби мактаббачаҳо, ки аз хунукӣ дар паси парта дарақ-дарақ меларзиданд, ба танг омада, аз боби хунукназарии директори мактаб ба мудири маорифи ноҳия шикоят навишт. Директор, Фармон Осим, ки хусури Абдусалом буд, ин хабарро шунида, сахт дар ғазаб шуд.

Рўзе аз ноҳия чанд нафар намояндагон барои тафтиш ба мактаб омаданд. Фармон Осим дар ҳузури аъзоёни комиссия ба сари Абдусалом дўғ зад:

– Ту дар аризаат навиштаӣ, ки гўё ман, директори мактаб ангиштро ба хонаам бурдаам…

– Рост, – гуфт Абдусалом. – Бурдед нисфаша. Ман ҳамчунин дар аризаам оид ба бисёр ҳаромкориҳои шумову думравонатон маълумот додаам… Ё не? – ҷониби аъзоёни комиссия рўй овард ў.

– Саросема нашавед, ҳамаашро ба навбат месанҷем, – гуфтанд онҳо.

– Исбот кун! – ба шўр омад директор.

– Ягон ҷои исбот кардан нест, – гуфт Абдусалом оромона. – Зеро ҳамааш мисли рўз равшан. Ҳамсарам – духтари шумо – ду ҳафта пеш аз хонаатон як ҷувол ангишт овард. Баъд ним соат дар бехи гўши ман чашми кордонии падарашро таъриф кард, ки  ним мошин ангишти мактабро натарсида рост ба ҳавлиатон бурда рехтаед. Боз ба шумо чӣ хел исбот лозим?

– Занатон ҳамин гапро тасдиқ мекунад? – пурсиданд аъзоёни комиссия.

– Албатта. Агар дар зарфи ин ду ҳафта ақлашро нахўрда бошад, бояд тасдиқ кунад.

Аммо вақте ки ҳамсари ўро ҳамчун гувоҳ ба мактаб ҷеғ заданд, занак дар ҳузури мардони бегонаву падари сахтгираш нисфи рўяшро ба ҳошияи рўймоли сараш пўшонида гуфт, ки дурўғ мегўяд шавҳараш.

Фармон Осим, аз ҷавоби духтараш рўҳ гирифта, ба ҳуҷум гузашт:

– Ҳой кўрнамак, агар ман ғами бачаҳои ту сакалтуро хўрда, аз ангишти ба пули ҳалоли худам харида ду-се сатил дода бошам, гунаҳкор шудам, а?! Ба ивази некӣ бадӣ,а?!

  Марди қадпасти тоссар ва шикамғафс, ки аз афташ, сардори комиссия буд, аз ҷавоби  занак қаноатманд, бо истеҳзо ба Абдусалом гуфт:

– Даъвоятон исбот нашуд, ку, муаллим!

Абдусалом, аз ришханди марди тоссар буд ва ё аз рўирост дурўғ гуфтани занаш, якбора инони хеш аз даст дод:

– Ҳой, қанчиқ! – дод зад ў ба сари ҳамсараш. – Чаро дурўғ мегўӣ?! Медонам, падарат туро гап ёд додааст. Аммо ба сарат теғ ояд ҳам, гапи ростро гўй, охир!

– Ана! Ана! – нидо кард Фармон Осим ба ҷониби комиссия рўй оварда. – Боз шон номи муаллимиро бардошта гаштаанд. Ба фарзандони мардум аз адабиёт дарс медиҳанд. Гапзанишона бинед. Э мур, ба ҳамин рўзат!

– Шумо чӣ хел мардак, ки дар ҳузури мардҳои бегона ҳамсаратонро таҳқир мекунед, – гуфт марди тоссар низ маломати Фармон Осимро қувват дода.

Абдусалом фаҳмид, ки ин садди чиниро гузаштан ба ў муяссар намешавад. Директор, аз афташ, кайҳо бо намояндагони маориф гапро пазондааст. Болои сўхта намакоб, нуктаи дигаре, ки Абдусалом дар аризааш аз кори директори мактаб гирифта буд, низ тасдиқ нагардид. Ба қавли Абдусалом мудири қисми хоҷагӣ ва чанд нафар муаллимон ба рўяшон пўсти хар кашида, гуфтанд, ки аз мурдани хеш хабар доранду аз як қисм маблағи барои таъмири мактаб ҷудошударо ба ҷайбаш задани директор – не. Ҳол он ки маҳз онҳо чандин маротиба дар ҳузури Абдусалом аз қаллобии директор даҳони шикоят кушода буданд.

Хулоса, Абдусалом оқибат дар ҳалқаи муборизаи худ танҳои танҳо монд. Бар замми ин ўро барои ба шаъни директори мактаб тўҳмат заданаш ба иғвогарӣ муттаҳам карданд. Баъди ба итмом расидани тафтишот рўзе мудири маорифи ноҳия Абдусаломро ба ҳузураш хонда, гуфт,ки ўро барои кор ба мактаби дигар мегузаронанд.

Мактабе, ки Абдусаломро барои кор фиристоданд, дар як деҳаи баландкўҳ воқеъ буд. Ў ҳар рўз ба онҷо харсавор рафта меомад. Боре ҳангоми бозгашт ба бўрон дучор омада, дасту пой ва рўяшро сармо зад. Ду моҳи дароз дар беморхонаи ноҳия хобида муолиҷа гирифт. Баъди як сол, аз таъсири ҳамон сармо, чашмонаш хира шуданду ўро ҷарроҳӣ карданд. Оқибат нобино шуд. Дигар ба кўча намебаромад, ба тўю маъракаҳо намерафт. Ҳамеша дар хона менишаст. Дилаш бухс мекард, ба кафидан оид мешуд. Дар чунин лаҳзаҳо ў ҳама қаҳру ситезашро ба сари занаш мерехт. Акнун тез-тез овози гулдурросиаш дар фазои ҳавлӣ танин меандохт.

– Духтари чиновник! Ҳе дар арвоҳи падари ҳаромхўрат… – ҳақорат медод вай.

Агар ин лаҳза ҳамсараш дар хонаи мо бошад, баробари шунидани овози Абдусалом-амак ҷаста аз ҷояш мехест.

– Илоҳӣ, ба паи чиновник равӣ, – мегуфт вай роҳравон. – Дар гўр ҳам ором хобидан намон чиновника… Мана, ман, омадам.

– Куҷо будӣ? – дод мезад Абдусалом-амак.

– Хонаи ҳамсоя ҳам наравам?

– О, мон, ҳамун ҳамсояҳо аз паи бечорагиашон шаванд. Рўзи дароз лақ-лақ карда, вақти ҳамунора нагир. Ҳама ту барин  бекор нестанд… Чанд бор ба ту фаҳмонам, а, духтари чиновник…

***

Оҳиста ба боғи Абдусалом-амак гузашта, наздаш рафтам. Вай ҳамоно дар ҷойи пештарааш нишаста, яқин фикр мекард, ки як дарза алафи даравидаашро куҷо монда буд?

Шарфаи поямро шунида аз ҷой нимхез шуд, ва чанд лаҳза ба садои атроф гўш андохта:

– Духтари чиновник! – гўён дод зад. – Кадом гўр шудӣ?!

– Салом, муаллим, – гуфтам ман ва пеш аз ба ў даст додан, дарзаи юрушқаи гумкардаашро аз замин бардошта, болои ғарам партофтам.

Абдусалом-амак сар бардошта, зуд аз овозам шинохт маро.

– Шавкатӣ? – пурсид ў.

– Ҳа, – дасти ўро гирифтам ман.

– Сиҳат-саломат ҳастӣ, бачаҳакот нағзанд. Шунидам, ки омадаӣ. Духтари чиновника чанд бор гуфтам, маро хонаи ҳамсоя гузарон, имрўз-пагоҳ гуфта набурд.Худам равам гўям, метарсам; мабодо дар ягон ҷой афтам. Дар пиронсолӣ шикасту банд баробари марг аст. Агар ягон ҷои марди пир шиканад, дигар устухонҳояш намесабзанд, бо ҳамин дард мемурад.

Ман танҳо ҳамин лаҳза аз чанд рўз боз Абдусалом-амакро хабар нагирифтанам сахт дар ҳиҷолат мондам.

– Гап зан-ку! – гуфт Абдусалом-амак. – Дар Душанбе чӣ гап? Газ нест, барқ нест, мегўянд, наход рост бошад, а! Охир, вай пойтахт-ку! Чаро масъулинро ҷазо намедиҳанд?

– Ҳозир, шукр ҳаст, – гуфтам ман.

– Ҳа, хайрият. Дар шаҳр бе газу барқ чӣ хел зиндагӣ карда мешавад… Намешавад. Биё, хона равем, – аз ҷой бархост Абдусалом-амак ва хам шуда аз замин досу банди алафро бардошта, зери каш кард.

Ҳарчанд хостам аз дасташ банди алафро гирам надод.

– Либосат чиркин мешавад, – гуфт вай пеш даромада. – Биё, чорта чақ-чақ кунем. Чанд сол шуд на газет мехонам, на радио ҳаст… Радио ҳасту батари надорад. Порсол, тирамоҳ, ба додарат гуфтам, ки маъракаи обуна сар шудагист, маро ба газити “Правда” обуна кун, механдад. Ин хел газит нест, мегўяд. Агар бошад ҳам, ба гумон, ки нафақаи шумо барои се моҳ обуна кардан расад, мегўяд. Рост мегўяд? Лекин газит бошад ҳам, одами мехондагӣ нест. Худам оҷиз, фарзандон мисли ту паррончак шуда ба ҳар тараф рафтанд. Ин духтари чиновник савод надорад, ки ба ман хонда диҳад, – шикояткунон сар-сари вот мерафт Абдусалом- амак. Вай, аз афташ, ин роҳро азёд карда буд, ки дар ягон ҷой қадами беҷо нагузошт, пешпо нахўрд. Вақте ки ба хонааш наздик шудем, алафи дасташро дар бехи дарахти чормағзи пир гузошта, қоматашро рост кард ва аз чи бошад бо ду даст миёнашро дошта, овоз андохт:

– Духтари чиновник! Чой мон, хона меҳмон омад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …