Главная / Гуногун / ДУ МАЙДОН (Озоди ва Шаҳидон)

ДУ МАЙДОН (Озоди ва Шаҳидон)

3 марти соли 1992 Раиси Шӯрои олӣ Сафаралӣ Кенҷаев дар ҷаласаи ин ниҳод вазири корҳои дохилӣ – зодаи Бадахшон – Мамадаёз Навҷувоновро шадидан танқид карда, истеъфои ӯро талаб кард, ки ин аз тариқи телевизион намоиш дода шуд. Дар натиҷа, рӯзи 26 март ба қонуни манъи таҷаммуъ нигоҳ накарда, ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» дар назди кохи Раиси ҷумҳур аз ҳисоби мардуми Бадахшон тазоҳурот ташкил карда, истеъфои Раиси Шӯрои олӣ Кенҷаевро талаб кард. Аз ин фурсат истифода бурда, мухолифон тарафдорони худро ба майдон хонданд. Аз ин ба баъд мухолифон дар майдони Шаҳидон, ҳамон майдоне, ки фоҷиаи хунини баҳманмоҳи на- вад рух дода буд, моҳҳо хайманишинӣ карда, ҳаёти пойтахт ва кишварро фалаҷ гардонданд. Онҳо натиҷаҳои интихоботи Раёсати ҷумҳуриро тақаллубӣ номида, талаб мекарданд, ки раъйдиҳӣ аз нав баргузор шавад. Ман он вақт, баъди баргаш- тан аз Ҳинд, дар соли охири донишгоҳ мехондам ва дар рӯ ба рӯи чойхонаи «Роҳат» иҷоранишин будам. Барои ба донишгоҳ рафтан, роҳам аз дохили ин майдон, ки пур аз хаймаҳо буд, мегузашт. Баъзан, аз канор истода, тамошо мекардам ва ба ҳарфҳои нотиқонашон гӯш медодам. Ин тазоҳурот аз тазоҳуроти дар Ҳинд дидаи ман комилан фарқ дошт. Ин ҷо ҳеч кас фикри мусолиҳа ва музокира надошт.

Майдони Шаҳидон ва озоди
Вовчики и Юрчики

Қорӣ Қиёмиддини «ғозӣ» ба назди микрофон мебаромад ва фиғон меандохт: «Во, дино, во шариато, Қуръон зери пой шуд, шариат аз даст рафт, марг ба кофирон!» ва мардум ба навҳа ҳамроҳ мешуданд. Шиори дигаре, ки ин рӯҳонӣ медод, ҷолиб буд ва шунавандаро ба тааммул водор мекард. Пас аз навҳа ӯ шиор медод «Марг ба Амрико!» ва мардум ғулғула меафканданд «Золимин, золимин, марг ба найрангатон, Хуни шаҳидони мо мечакад аз чангатон!», ки дақиқ нусхаи шиорҳои инқилобии Эронро ба хотир меовард.

Дигарӣ мебаромаду эълон мекард: «Бас аст Маскавро хӯрондан! Мо фақат пахта ва тиллои худамонро бо нархи ҷаҳонӣ фурӯшем, роҳҳоямонро ба ҷои асфалт аз тилло месозем!» ва чашмони ҳозирон барқ мезад! Дар ҳоле, ки Тоҷикистон аллакай кишвари алоҳида ва соҳибистиқлол буд.

Бозор Собир мебаромаду «Азизон, ҳар кӣ аз ағбаи Анзоб он сӯст, ӯзбак аст, манғит аст, дафъ шавад! Шумо бо инҳо нав му- бориза оғоз кардед, ман 25 сол мешавад, ки бо инҳо меҷангам!» гуфта, фитна меандохт, тӯда «Меҷангем, дафъ шаванд!» гуфта шиор медод. Ростӣ, ин шоири миллат аз ҳамон фитратҳоест,

ки ӯро «бояд кушт ва дар маргаш гирист». Ӯ мехост «табартақсим» ба сари миллат овардаро тақвият диҳад. Ме- хост қисми шимолии кишварро ҷудо ва дафъ кунад. «Равед, хонаҳои хуҷандиҳоро рӯйхат кунед ва кашида гиред», беибо дастур медод ӯ.

Шиори «меҷангем»-и онҳо лофи ҳавоӣ набуд. Онҳо гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ташкил карда буданд. Ҷавонони ин гурӯҳҳо ба пешониашон латтаи сафед, ки дар он «фидоӣ» навишта бу- данд, баста, дар рӯи роҳи мошингарди пеши чойхонаи «Роҳат» машқи низомӣ мекарданд. Вақти бо низом қадам задан, ҳамон шиори «Золимин»-ро бо мароми хос мехонданд. Дар дасташон коктейлҳои Молотов, бо низом қадам зада, аз майдон мегузаш- танд. Иштиёқи қудратхоҳияшон он қадр боло гирифта буд, ки чашми ақлашонро кӯр карда буд ва ба ҳар хунхорие тайёр бу- данд. Ин хирасарон мехостанд бо ҳама: «кофирон», шимолиҳо, русҳо, ӯзбакон яку якбора биҷанганд. Дар байни онҳо аз факул- таи мо низ чанд нафар буданд. Ман чандин бор саъй кардам бо онҳо суҳбат кунам. Фаҳмонданӣ мешудам, ки тазоҳурот бояд оромона баргузор шавад. Ниёз ба ҷангу кушокушӣ нест. Вале онҳо ба ман «ҳоло сабр кун, мо ғалаба кунем, худат ба тарафи мо мегузарӣ», мегуфтанд.

Шодмон Юсуф – раиси Ҳизби демократ пешниҳод кард, ки русҳои муқими Тоҷикистон гаравгон гирифта шаванд. Ба қавли дигар, гӯё ӯ гуфта будааст, ки агар Русия ба корҳои Тоҷикистон дахолат кунад, русҳои дар Тоҷикистонбударо дар ҳоли гарав- гон мегузорад. Дақиқ намедонам ӯ чӣ гуфта буд, вале сад дар сад медонам, ки ғайр аз ҳамин ҳарфи аблаҳонаи ӯ, ҳеч кас ба русзабонон на лафзӣ, на дар амал таҳдиде накарда ва озоре нарасонда буд. Вале мутаассифона, бар асари ҳамин гуфтаи ӯ матбуоти Русия мақолаҳои ҷавобӣ чоп карда, туҳмати зиёд ба тоҷикон заданд, ки гӯё русҳоро мекушанд, занҳои русро таҷовуз мекунанд ва аз ин қабил дурӯғҳо, ки дар натиҷа афсарони рус садҳо сарбозҳои тоҷикро, ки дар артиш хизмат мекарданд, бо азобу шиканҷа куштанд.

Шахс бояд ҷавобгари ҳар ҳарфи худ бошад. Вақте касе ме- хоҳад раҳбарии ҷомеаро ба даст гирад, ин масъулият ба маро- тиб боло меравад. Вақте қудрати тӯда дар ихтиёраш аст, бояд хеле боэҳтиёт бошад, зеро тақдири ҳазорон нафар аз ҳарфи ӯ вобаста аст.

Чизи ҷолиби дигаре, ки чандин бор шоҳид шудаам ин буд, ки як гурӯҳ аз майдон мехестанд ва чандсад метр дуртар рафта саф меоростанд ва бо низом қадам зада омада, ба майдон меда- ромаданд. Сардорашон пеши микрофон рафта «Мо, дусад на- фар, шаби дароз нахобида, пиёда роҳ гашта, аз ноҳияи Бохтар ба ёрии шумо омадем!» гуфта хабар медод. Тӯда «Зинда бод!, Зинда бод!» гуфта рӯҳбаланд мешуд. Ҳамин тавр, дар давоми рӯз чандин маротиба намояндаҳои ҳар ноҳия ба сафи майдон- нишинон «афзуда», онҳоро рӯҳбаланд мекарданд ва онҳо бо садои дучанд «Истеъфо! Истеъфо!» гуфта ғирев мебардоштанд.

Раиси ҷумҳур, шояд аз воқеаи хунини баҳманмоҳ панд ги- рифта буд, ки барои пароканда кардани тазоҳурот аз қувва истифода накард. Аслан, Раҳмон Набиев дар рафти ин моҷаро заъфҳои худро ба намоиш гузошт. Ӯ собиқаи роҳбарии ҷум- ҳуриро дар солҳои қаблӣ дошта бошад ҳам, бештар нақши як мудирро иҷро карда омада буд. Ҳамеша дастнигари Маска- ву Тошканд буда, мустақилият надоштааст ва чун аз ҷиҳати шахсиятӣ низ мулоимтабиат ва моил ба айшу нӯш буд, дар лаҳзаҳои ҳассос тасмимҳои саривақтӣ ва қатъӣ гирифта ната- вонист. Бесалоҳиятӣ ва саҳлангории ӯ сабаб шуд, ки дере на- гузашта, Вазорати корҳои дохилӣ худро бетараф эълон кард ва Горди Раиси ҷумҳур ба мухолифин пайваст, вале дар ҳар ҳол, ин ду амал, хиёнати рӯирост ба миллат аз сӯи сардорони ин мақомот буд, ки то ҳол баҳои ҳаққонӣ нагирифтааст.

Зери фишори тазоҳуротчиён Сафаралӣ Кенҷаев аз раисии Шӯрои олӣ истеъфо дод ва дар натиҷа ба тарафдории ӯ ва Набиев дар майдони Озодӣ, намояндагони вилояти Кӯлоб ва вилояти Ленинобод бар зидди тазоҳуроти майдони Шаҳидон тазоҳурот ташкил карданд. Раиси ҷумҳур аз ҳисоби онҳо горди мусаллаҳ ташкил кард ва ба онҳо 1800 адад Калашников тақ- сим кард.

Низомиёни рус, намедонам барқасдона ё тасодуфан, ба тазоҳуркунандагони мухолиф дар майдони Шаҳидон аслиҳа доданд. Ман шахсан шоҳиди он будам. Рӯзе ҳамроҳи барода- рам Абдулҳаким аз дарс бармегаштам, ки ду мошини боркаши рӯйпӯш, аз қисми низомии дивизияи 201-и он замон дар мар- каз қарордошта баромад. Тазоҳуротчиён он мошинҳоро манъ карда, ҳуҷҷат пурсиданд. Майори рус чӣ ҳуҷҷате нишон дод, ки онҳо қонеъ нашуда, болои мошин баромада диданд, ки он пур аз сандуқҳои аслиҳа аст. Ин замон яке аз роҳбарони май- дон расида омад ва ба он майор фармон дод, ки мошинҳоро гардонда ба штаб (ситод) биёрад. Ҷавонони зиёде дар атрофи ин мошинҳо ҷамъ буданд. Вақте мошинҳо гашта ба сӯи қасри Раиси ҷумҳур равон шуданд, хиёбон пур аз одам буд ва онҳо оҳиста-оҳиста мерафтанд. Ҷавонон хез карда, ба болои мошинҳо баромаданд ва дар як лаҳза рӯйпӯши брезентии мошинҳоро лах-лах карданд. Вале чун теъдоди зиёд баромада буданд ва дар рӯи сарпӯши сандуқҳо меистоданд, онҳоро кушода наметаво- нистанд. Ҳеч кас ҳам ҳозир набуд аз мошин фурояд, зеро ҳама мехостанд дигарӣ фурояду ӯ соҳиби силоҳ шавад.

Майдони пеши кох пур аз хайма буд. Мошинҳоро аз гузар- гоҳи пушти бинои ЗАГС ба ҳавлӣ дароварданд. Мо дукаса аз қафои ин мошинҳо давида мерафтем. Дар ҳавлӣ мошинҳо як лаҳза таваққуф карданд. Баччаҳои болои мошин, ки аллакай брезентро тикка-тикка карда буданд, як сандуқро кушоданд. Аз дохили он автоматҳои Калашникови наппа-навро гирифта, ба сӯи ҳамроҳонашон дар замин мепартофтанд ва онҳо аслиҳаро гирифта мегурехтанд. Ин сандуқ дар як лаҳза холӣ шуд ва му- боризаи кушодани сандуқҳо авҷ гирифт, зеро намуди силоҳ иштиёқи ба даст овардани онро дучанд карда буд. Ин замон он роҳбар расида омад ва дод зад:

– Зуд мошинҳоро ба штаб рон!

Мошинҳо аз аркаи он бино гузашта, ин дафъа босуръаттар ба сӯи қозиёт рафтанд. Вақте мо давон-давон ба он ҷо расидем, онҳо дар даруни дарвозаи панҷарагии қозиёт буданд ва ҳанӯз ҳам муборизаи ҷавонон барои кушодани сандуқҳо идома дошт. Ин замон Мӯсо паҳлавон аз бино баромада, аз камони шикории дасташ ду тир ба ҳаво андохт. Баччаҳо худро аз болои мошин ба замин партофта, гурехтанд. Як бачча аз фурсат истифода карда, сарпӯши сандуқро кушод ва аз он як пулемёти (тирбор) Калашниковро бароварда, ба ёраш, ки дар замин мунтазир буд, партофт ва яки дигареро гирифта, фаромад. Бо фармони Мӯсо паҳлавон касоне, ки дар ҳавлии қозиёт мегаштанд, аслиҳаҳоро аз дасти онон кашида гирифта, худашонро ба дохили бино кашола карда бурданд. Ҳамин тавр, майдони Шаҳидон низ мусаллаҳ шуд.

Дидаю дониста, ба майдони пур аз тазоҳуротчиён бе муҳо- физат баромадани ду мошини пур аз аслиҳа ва фавран расида омадани яке аз сардорони тазоҳуротчиён одамро ба тааммул водор мекунад.

Шиорҳои ҳарду майдон торафт оҳанги ҷангҷӯёна пайдо ме- карданд, ду майдони мусаллаҳ дар чандсадметрӣ аз ҳам қарор доштанд ва фазо бӯи хун мекард. Ба зудӣ силоҳ ба садо омад. Яке паси ҳам кушторҳо оғоз шуданд. Аввалин шуда, тарафдо- рони майдони Озодӣ қурбон шуданд. Тазоҳуркунандагони кӯло- биасли майдони Озодӣ ба Кӯлоб баргашта, Фронти халқиро

таъсис доданд ва эълон карданд, ки барои барқарор кардани ҳокимияти қонунӣ мубориза мебаранд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …