Главная / Илм / ДОЪУЛФИЛ

ДОЪУЛФИЛ

doulfilДОЪУЛФИЛ (Elephantiasis), поғура, дарди филпоӣ, элефантиаз, калон шудани ҳаҷми ягон ҷузъи бадан (пой, хоя ва ғ.). Дар натиҷаи танбашавии доимии лимфа ва инкишофи обварам пӯст ва насҷи зери он ғафс мешавад. Аз сабаби газаки такрорёбанда ё музмин (ҳангоми саромос, ба лимфарагҳо гузаштани ангезандаҳои амрози сироятӣ, тромбофлебити музмин, қарҳаи соқи по ва ғ.) лимфарагҳо тангу баста мешаванд, ҳаракати лимфа душвор мегардад ва Д. ба миён меояд. Дар кишварҳои ниҳоят гарм (тропикӣ) Д. бештар дар натиҷаи лимфарагҳоро бастани филярияҳо (ҷонварҳои паразит аз гурӯҳи ҳалқакирмҳо) пайдо мешавад.
Д. аксар вақт пойҳоро иллатнок мекунад (аз ҳамин сабаб онро поғура номидаанд). Дар ибтидо дар рӯи панҷаи по обварами хурде ба вуҷуд меояд ва ҳангоми бардоштани по хурд ва ҳатто нест мешавад. Сипас он тадриҷан ба ҳама қисми по паҳн мегардад. Пӯсти по ғафс шуда, дар он ғурриҳои калон-калон, дар мобайн ҷӯякҳои чуқур падид меоянд. Пой ғафсу дағал ва ба пои фил монанд мешавад. Бисёр вақт дар рӯи пӯст обилаҳои майда-майдаи сершумор падид меоянд. Д.-ро бояд духтур табобат кунад. Дар мавриди вазнин будани беморӣ ба ҷарроҳӣ даст мезананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …