Главная / Маданият ва санъат / Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Достони «Юсуф ва Зулайхо»

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ на танҳо дар эҷоди навъҳои гуногуни лирикӣ табъи баланду ҳунари воло доштааст, балки дар достонсароӣ ҳам соҳиби истеъдоди фавқулодда мебошад.

Ҳозиқ дар заминаи сунати адабӣ достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф менамояд. Шоир достони мазкурро дар замони амир Умархон (1809-1822) оғоз намуда, соли 1724 онро ба итмом мерасонад:

Намуд илҳом дар таърихаш иншо:

Муфассал қиссаи «Юсуф Зулайхо».

Шурӯъаш буд аз даври Умаршоҳ,

Ки зад ба садри ҷаннат хаймаи ҷоҳ.

Набурдам худсарӣ дар ҷайби анҷом,

Ки даври салтанат з-ӯ ёфт итмом…

ishq

Ҳозиқ достони «Юсуф ва Зулайхо»-и худро дар пайравии достонҳои Ҷомию Нозим эҷод кардааст. Зимни асар шоир андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятии худро низ баён кардааст:

Ба дӯши қиссаи Юсуф Зулайхо,

Мурассаъ хилъати дигар биоро.

Либоси тозаву ушшоқи тоза,

Баҳори тозаву авроқи тоза.

Зи ҳар гул рангу бӯи тоза ҷӯшад,

Зи ҳар булбул наво дигар хурӯшад.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» дорои 60 боб ва 4496 байт буда, дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод карда шудааст, ки афоъили он чунин аст:

  • / V / V – –
  • / V / V – –

яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.

Сужети достон аз боби 12 оғоз мешавад.

Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» яке аз машҳуртарин қиссаҳо буда, таърихи пайдоиши он ба асрҳои XV – XIV то мелод тааллуқ дорад. Қиссаи мазкур дар китоби муқаддаси «Таварот» ва баъдтар дар «Қуръон»-и маҷид зикр шудааст.

Дар осори адабӣ-бадеии халқҳои форс-тоҷик ин қисса дар осори шоирони садаи X Абулмуайяди Балхӣ, Бахтиёрӣ ва Фирдавсӣ (мансуб ба ин эҷодкор), минбаъд Амонӣ (асри XI), баъдҳо Амъақи Бухороӣ, Масъуди Ҳиравӣ, Масъуди Деҳлавӣ, Озари Тӯсӣ, Масъуди Қумӣ, Шоҳини Шерозӣ ва бисёр касони дигар манзум шудааст. Ҳатто дар адабиёти туркзабон ҳам чанд тан: Ҳамдуллоҳи Чалабӣ, Дурбек ба ин қисса рӯ овардаанд.

Чанд тан шоирони асрҳои Х^1-Х1Х низ дар эҷоди қиссаи мазкур ранҷ бурдаанд, ки аз зумраи онҳо: Мавҷии Бадахшонӣ, Салими Табрезӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Муҳаммад Иброҳими Халилуллоҳи Бадахшонӣ, Авҳадии Балёнӣ, Ҷавҳари Табрезӣ, Шаҳоби Туршезӣ ва дигарон мебошанд. Вале машҳуртарини таълифгарони қиссаи мазкур Ҷомӣ, Нозими Ҳиравӣ ва Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ мебошанд.

Таҳлили Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ

Достон мазкур бо он характернок аст, ки он фоҷеавӣ нест. Аз тарафи дигар, дар ин қисса Зулайхо (нисбат ба достонҳои дигари ишқӣ- романтикӣ) хеле фаъол аст. Зулайхо тамоми вазнинии зиндагӣ, роҳи муҳаббатро бар дӯши худ мегирад. Ҷанбаъҳои воқеии рӯзгорӣ дар достони Ҳозиқ боз ҳам бештар ба назар мерасанд. Дар ин достон Юсуф таҷассуми иффат- покист.

Мазмуни мухтасари Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ

Дар Мағриб шоҳе бо номи Таймус ҳукмронӣ мекард. Ин шоҳ фарзанд надошт. Баъдҳо ӯ фарзанддор мешавад ва духтарашро Зулайхо ном мекунад. Зулайхо чунон зебо буд, ки дар ҳафт иқлим ҳаммонанд надошт. Зулайхо ба балоғат расида, шабе зеботарин ҷавонеро дар хоб мебинад ва мафтуни ӯ мешавад. Танҳо бори сеюми хоббинӣ Зулайхо аз ҷавон ному нишон мепурсад:

Куҷо будӣ, ки ман девона будам,

Зи хешу ошно бегона будам.

Бигӯ шаҳрат куҷо, кӯят кадом аст?

Туро, ай бенишон, охир чӣ ном аст?

Дар ҷавоб ҷавон мегӯяд:

Азизи Мисраму дигар ту худ рас,

Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.

Ба ӯ аз ҳар тараф хостгорҳо омада бошанд ҳам, ба касе розӣ намешавад.

Вазири шоҳи Миср – Азиз низ тавсифи ҳусни Зулайхоро шунида, бо ҳадяи зиёде хостгор равон менамояд. Таймус ба ин шахс розигӣ медиҳад. Зулайхо тӯй шуда ба Миср оварда мешавад. Зулайхо Азизи Мисрро ҳамон ҷавони дар хоб дидааш гумон карда хеле хурсанд буд. Вале маълум мешавад, ки он ҷавони дар хоб дидааш нест. Азиз базми бошукӯҳе ороста ҳокими Миср-Малик Рӯён низ дар он иштирок мекунад. Зулайхо дар қасри зеботарин зиндагӣ кунад ҳам, хурсанд набуд. Дар Канъон Яъқуб умр ба сар мебурд, ки дувоздаҳ фарзанд дошт. Юсуф фарзанди охирини ин мард буда, зеботарин мебошад. Ӯ на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам ниҳоят хушодобу хушрафтор буд. Аз ин рӯ, Яъқуб ӯро бештар дӯст медошт. Ин боиси рашки бародарон гардид ва онҳо дар паи нест кардани Юсуф мешаванд. Онҳо як рӯзи баҳор падарро розӣ кунонида Юсуфро бо худ мебаранд. Онҳо панди падарро фаромӯш намуда, Юсуфро бераҳмона мезананд, азоб медиҳанд. Ӯ аз ташнагӣ бемадор мешаваду меафтад. Яке аз бародарон ба Юсуф об медиҳад, вале Шамъун хашмгин шуда, аз ӯ обро кашида мегирад.

Вале Яҳудо бо ханҷар ба Шамъун ҳамла намуда, Юсуфро наҷот медиҳад. Онҳо ба сари чоҳе омада Юсуфро ба он чоҳ мепартоянд.

Онҳо бо нолаву зорӣ пеши падар меоянд ва пироҳани хунолуди Юсуфро ба падар нишон дода мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Вақте ки падар ба иғвои онҳо чандон бовар намекунад, онҳо ба саҳро рафта гургеро пайдо мекунанд ва даҳони онро хунолуд намуда ба Яъқуб нишон медиҳанд. Вале гург ба забони ҳол омада бегуноҳии худро хабар медиҳад.

Корвони Молик аз Мағриб ҷониби Миср раҳсипор буд. Онҳо барои ҷустани об ҷӯёи чоҳ мешаванд. Башрӣ ном ғулом аз қаъри чоҳ ба ҷои об Юсуфро пайдо менамояд. Бародарони Юсуф аз ин кор хабар ёфта, Юсуфро ба ивази ҳаҷдаҳ дирҳам мефурӯшанд. Вақте корвон ба Миср мерасад, ҳокими он ҷо Малик Рӯён, вазири ӯ Азиз ва завҷаи вазир Зулайхо низ огоҳ мегарданд. Зулайхо аз равзана Юсуфро дида ҷавони дар хоб дидаашро мешиносад. Азиз бо маслиҳати Зулайхо Юсуфро ҳамчун ғулом харида ба хона меорад.

Зулайхо ба Юсуф на мисли хоҷа бо ғулом, балки ҳамчун дӯстдоштаи худ муносибат менамуд. Онҳо бо ҳамдигар саргузашти худро нақл мекарданд. Баъдтар Юсуф пешаи чӯпониро ихтиёр мекунад. Зулайхо барои висол тадбирҳо меҷуст, вале Юсуф аз рафтори ӯ ҳаросида аз Худо имдод металабид. Бо хоҳиши Зулайхо қасри мӯҳташаме сохта мешавад. Зулайхо Юсуфро ба тамошои қаср мебарад. Дар ҳуҷраи ҳафтум Юсуфро оғӯш карданӣ мешавад, вале Юсуф дурӣ меҷӯяд. Зулайхо аз қафо домани Юсуфро кашида медаронад. Пас ба назди Азиз омада Юсуфро тӯҳмат мекунад. Баъд аз ин бо дархости Зулайхо Юсуфро бо дахолати занони Миср ба маҳкама меафкананд. Зулайхо аз кардаи худ пушаймон мешавад. Дар зиндон обдор ва суфрагустори шоҳ низ зиндонӣ буданд.

Шабе обдор хоб мебинад, ки шоҳ аз ӯ оби ширин хостааст. Юсуф хоби ӯро ба некӣ таъбир менамояд, ки аз зиндон озод гардида соҳиби мансабе хоҳӣ шуд. Он гоҳ дар бораи ман,- мегӯяд Юсуф, – ба шоҳ хабар бидеҳ. Иттифоқо, шабе Малик Рӯён низ хобе даҳшатборе мебинад, вале касе онро таъбир карда наметавонад. Обдор хабар медиҳад, ки Юсуф ном шахси таъбиргаре дар зиндон ҳаст, ки бо амри Азиз зиндонӣ шудааст. Юсуфро аз зиндон озод намуда ба назди шоҳ меоранд. Ӯ хоби шоҳро мудҳиш мегӯяд ва тадбирҳоро ҳам қоил мешавад.

Рӯён Азизро аз вазирӣ холӣ намуда, Юсуфро вазир таъин менамояд. Зулайхо дар вайронае истиқомат карда, исломро мепазирад. Юсуф инро фаҳмида ба назди Зулайхо меравад. Ӯ ҳоли Зулайхоро дида раҳмаш меояд ва Зулайхоро ба боргоҳи худ меорад. Зулайхо ғаму ғуссаро аз худ дур намуда аз нав ҷавон мешавад ва ҳуснаш бо амри Худо, барқарор мегардад:

Маро дубора бахшад зиндагонӣ,

Диҳам бозам зи сар ҳусни ҷавонӣ.

Намояд дидаам равшан зи рӯят,

Муаттар ҳам димоғи ҷон зи бӯят.

Зи лаъли ҷонфизоят ком ёбам,

Дар оғӯшат ҳамин ором ёбам.

Юсуф базм ороста бо Зулайхо хонадор мешавад. Онҳо якҷоя сӣ сол умр ба сар мебаранд. Баъд аз он Юсуф олами фониро падруд мегӯяд. Зулайхо сари қабр омада онро оғӯш мекунад ӯ низ ҷон месупорад.

Достони Ҳозиқ бо ҳамин хотима меёбад.

Образҳои Достон.

Дар достони мазкур ба ғайр аз образҳои марказӣ-Юсуф ва Зулайхо як қатор образҳои дигар: Шоҳи Миср Малик Рӯён, Азизи Миср, Таймус, Яъқуб, бародарон, Молики Бишрӣ, корвониён, занони Миср, зиндониён ва зиндонбон, дастурхондор ва обдори шоҳ. Ин образҳо низ лаҳзавӣ бошанд ҳам, хеле ҳалкунанда ва ҷолибанд.

Образи Юсуф образи марказӣ ва ҳалкунандаи достон аст. Ӯ носеҳ ва пок аст. Инчунин боақлу доно, покиза ва пуртоқату поктинат аст. Танҳо дорои хислатҳои ҳамида буда, ягон хислати бад надорад. Ӯ на танҳо зоҳиран, балки ботинан ҳам зебост. Дурандеш, бо мулоҳиза, зираку оқил буда, ба оянда боварӣ дорад. Хислатҳои ҳамидаи ӯ сари ҳар як қадам ба назар мерасанд. Юсуф пайғмбарзода низ ҳаст. Ӯ боз ба ғуломӣ розӣ мешавад.

Ҳангоми таъбири хоби зиндонӣ дар маҳбас боз ҳам бузургии ӯ ошкор мешавад. Хоби Рӯёнро таъбир намудан ӯро соҳиби мансаб мегардонад.

Шоир ба ин восита иффату покӣ, ростиву росткорӣ, адлу инсоф, садоқату инсоф ва ғайраро тарғиб намуда, хисоли ҳамидаро афзалият мебахшад. Шоир хоби шоҳро чунин тасвир мекунад:

Малик Рӯён шабе чун чашм пӯшид,

Ба хобаш ҳафт гови фарбеҳе дид.

Пас аз вай ҳафт гове дид лоғар,

Ки хурд ин ҳафт лоғар ҳафти дигар.

Дар он дам хӯшаҳои сабзу хуррам,

Намудаш ҳафт буд он хӯшаҳо ҳам.

Пас он гаҳ ҳафти дигар хӯшаҳо дид,

Ки ҳар як хушктар будӣ зи хуршед.

Бар он тарҳо чу печиданд он ҳафт,

Ҳама гаштанд хушку хуррами рафт.

Хоби Маликро касе таъбир карда наметавонад ва танҳо Юсуф онро чунин таъбир мекунад:

Ки аввал ҳафт соли нек ояд,

Ба рӯи халқ неъмат дар кушоянд.

Пас аз вай ҳафт соле дур гирад,

Ки гардад зинда қаҳт, арзон бимирад.

Аз он ҳафт ин қадар гиранд хӯша,

Ки бошад дар раҳи ин ҳафт тӯша.

Ба шаҳ то нархи давлат бошад арзон,

Вазири шаҳ набояд буд нодон.

Нигаҳ гар бол накшояд ба ғафлат,

Расад кай сар ба девори мазаллат.

Ин аст, ки аз зиндон раҳо ёфтани Юсуф ҷорӣ шудани адолат, тантанаи озодӣ, вазир таъин шудани Юсуф, сари қудрат омадани адолату озодӣ, яъне ғалабаи озодиву адолат бар зулмоту ҷаҳолат мебошад. Зеро Юсуф ҳатто худи шоҳро чунин панду насиҳат медиҳад, ки чунин ҷуръатро кӣ метавонист ба ҷо биёрад?!

Чунончи:

Бувад чун бо раъият шоҳро ҷоҳ,

Раъиятпарварӣ мебояд аз шоҳ.

Чу бошад бар шукӯҳи шоҳ иллат,

Ғами худ мехурад, хоҳ аз раъият.

Раъият гар набошад, бо кӣ шоҳ аст?

Фалакро рӯзи беахтар сиёҳ аст.

В-агар бошад туро доно вазире,

Ки худ дарди сар аз кишвар нагирӣ.

Агар дар ин қазоват хиради сиёсӣ- иҷтимоии Юсуф намоиш дода шуда бошад, пас ӯ дар ҷодаи дигар низ бартарӣ дорад.

Юсуф дар ишқ низ симои покӣ ва иффат аст. Мо таъсири ислом ва «Қуръон» – ро ин ҷо бештар ҳис менамоем. Ӯ намехоҳад, ки ба хонадони набавӣ гуноҳу табоҳӣ биёрад. Аз ин рӯ, сабру таҳаммулро интихоб мекунад. Заррае ишқи шаҳвонӣ намудор намешавад ва ӯ дар ин роҳ ҳатто фикр ҳам намекунад.

Юсуф шахсияти бузург аст, ки ҳатто ба бародарони ҷафокору қотили худ ҳам шафқату раҳм мекунад. Ин аст, ки дар охир ба мақсад мерасад ва дар зиндагӣ ноком нест.

Образи Зулайхо. Ин симои махсуси зани нотакрор аст. Ӯ шоҳдухтар аст, вале ёде аз мансаб, боигарӣ намекунад. Ӯ миллат ва табақаи иҷтимоиро ҳам ба назар намегирад. Ӯ устувор ва мубориз аст. Зулайхо пок, бо иффату шармгин аст. Ҳамин ишқи пок дар аввал ӯро хеле уқубат медиҳад:

Маро ишқе бубин охир чиҳо кард,

Ватанбегона, ғурбатошно кард.

Азизи Миср ҷӯён хор гаштам,

Парӣ гуфтам, ба деве ёр гаштам.

Зулайхо дӯстдоштаашро ба зиндон меафканад, вале худ гӯё хешро дар он ҷо афканда бошад, ки азоби рӯҳӣ мекашад.

Ҳангоми вазир таъин гардидани Юсуф, Зулайхо боз хортар шуда, хонаву ҷои худро тарк мекунад ва дар роҳи дӯстдоштааш макон интихоб намуда, бо азоби зиёд ва гиряву нола зиндагӣ мекунад. Вале ҳамоно иффату исматро нигоҳ медораад. Ӯ низ поку беолоиш ва устувору пурсабр ва табовару пуртоқат мебошад. Зулайхо ҳам ҷонибдори барпо намудани оилаи пок, содиқ, мушфиқ, ҳалол, самимӣ, беолоиш аст. Ӯ барои дӯстдоштаи худ аз худ мегузарад. Зулайхо бе Юсуф зиндагиро тасаввур карда наметавонад. Аз ин рӯ, ӯ ба мақсад мерасад.

Дар достон образҳои шоҳи Миср – Малик Рӯён, Яъқуб, Таймус, корвониён, обдори шоҳ низ нақшҳои мусбатанд. Яъқуб умре барои Юсуф месӯзад, Малик Рӯён ҷонибдори адолат, дурандеш, мушоҳидакор ва донову оқил аст. Таймус низ шоҳи доност. Ӯ дар роҳи муҳаббати фарзандаш монеъ нест. Ҷонибдори ишқи пок ва ахлоқи ҳамида мебошад.

Бародарони Юсуф аз хонадони муқаддасанд, вале рашк, ҳасад, бадбинӣ, ҳавасҳои беҷо доранд. Аз ин рӯ, онҳо дар зиндагӣ роҳи худро пайдо карда наметавонанд.

Корвониён низ кори хайреро сомон медиҳанд, зеро онҳо боиси идомаи хатти сужети достон мешаванд.

Обдори шоҳ бошад кори ниҳоят некро сомон дода, боиси аз зиндон раҳоӣ ёфтани Юсуф ва инчунин ба мансаби баланд омадани ӯ ва ниҳоят ба мақсад расидани Зулайхо мегардад.

Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ дар таълифи достон нишон додааст, ки ӯ дар эҷоди навъҳои бузурги адабӣ маҳорати бештаре дорад. Ҳозиқ дар қасидаву ғазал, қитъаву рубоӣ, тарҷеоту шеъри тасмит ва ғайра табъи баланд дошта бошад ҳам, шӯҳрати ӯро ҳамчун эҷодкор ҳамин достони «Юсуф ва Зулайхо» таъмин кардааст.

Аз навъҳои лирикӣ ӯ ғолибан дар ғазал табъи баланд дошта, дар рушду таҳаввули жанри мазкур саҳми арзанда гузоштааст. Вале махсусан достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ баъд аз асарҳои ҳамноми Ҷомию Нозими Ҳиравӣ ва умуман миёни ҳамаи онҳое, ки 10 аср дар ин мавзӯъ асар эҷод кардаанд, мавқеи намоён дорад.

Ҳозиқ дар ин достон лаҳзаҳои иловагии зиёд дорад, ки дар асарҳои қаблӣ дида намешаванд: лаҳзаи тӯҳмати гург ва ба забони ҳол омадани он, ё худ бевосита Ҳозиқ аз тавлиди Юсуф асарро оғоз мекунад, вале Ҷомӣ то ин ҷо изҳори чанд андешаи фалсафӣ, шарҳу тавзеҳи баъзе чизҳо сар кардааст. Ё ки дар достони Ҷомӣ падари Зулайхо ба ҷониби Азизи Миср хостгор мефиристад, ки ин дар асари Ҳозиқ нест ва ғайра.

Ҳозиқ шоҳи идеалии худро дар симои малик Рӯён тасвир намуда, муқаддас будани хонадони набавиро дар образи Юсуф ба тасвир овардааст, ки дар ҷузъиёт хеле ҷолиб эҷод шудаанд.

Ҳунари шоирии Ҳозиқ дар сатҳи Ҷомӣ ва Нозими Ҳиротӣ набошад ҳам, пояи ӯ аз дигар шоироне, ки дар ин мавзӯъ достон эҷод кардаанд, баланд аст. Барои мисол:

Зи рӯи хашм он қавми ҷафокор,

Ба сад хорӣ дар он саҳрои хунхор.

Зи по бурданд кафш, аз сар кулоҳаш,

Саропо шуд бараҳна ҳамчу моҳаш.

Шуд он домони дашти пур зи хоре,

Зи хуни захми пояш лолазоре.

Дар ин абёт Юсуф ба моҳ монанд карда мешавад, зеро моҳ низ бараҳна дар биёбони фалак роҳ мепаймояд. Агар дар ин ҷо ташбеҳи баланду ҷолиб бошад, дар байти дигар тавассути ғулувв аз хуни пои Юсуф рангин гардидани даштро таъкид мекунад, ки хеле хотирмон ва дилнишинанд ва хонандаро комилан мутаассир менамоянд.

Ё ин ки ба воситаи лаҳзаи тамсилӣ ва тавассути санъати ташхис гург чунин ҳолати ҳалкунандаро мусбат ҳал мекунад:

Ки ман ҳарчанд дур аз ақлу ҳушам,

Наям инсон, аз ҷинси вуҳушам.

Вале донам, ки ин феъли қабеҳ аст,

Ба ҳар нодониям қубҳаш сареҳ аст.

Ҳамин фарзанди худ гумкарда будам,

Дар ин саҳро суроғаш менамудам.

Ки шояд ёбам он гумкарда фарзанд,

Ба доми тӯҳматам карданд побанд.

Бибастанд инчунин бо ресмонам,

Биёлуданд ҳам бо хун даҳонам.

Задандам гаҳ ба чӯбу гоҳ бо санг,

Биёварданд аз саҳро бад- ин ранг.

Кашидам бе ҷиноят гарчӣ бедод,

Вале рӯи ту чун дидам, шуд аз ёд.

Яъне ба воситаи чунин санъати баланду табъи волои шоирӣ Ҳозиқ ҳатто гурги ваҳшии хунхорро раҳмдил намудааст. Ҳамчунин бо чунин ҳунару маҳорати эҷодӣ шоир кирдори бародарони Юсуфро басо ваҳшиёна тавонистааст биёфарад, то ин ки хонандаро бештар мутаассир намояд.

Достон бо назардошти гузориши масъала, ҳалли он, ҳукму муҳокимарониҳо, мантиқи ифода, корбурди калимот, интихоби он, коргирӣ аз мақолу зарбулмасал, таъбиру ифодаҳои халқӣ, ҳунари шоирӣ, истифодаву интихоби радифу қофияҳо, вазн, истифодаи санъатҳои бадеии маънавию шаклӣ ва ғайра низ басо ҷолиб ва хотирмон аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ баробари арзишҳои ҳунарӣ- шоирӣ, адабӣ-бадеӣ, захираи луғавӣ-лексикӣ беш аз ин ҳама, аҳамияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дорад. Зеро покию иффат ва исмати инсонӣ дар нақшаи аввал меистад.

Хонанда намунаҳои олии ахлоқи ошиқонро меомӯзад ва ибрат хоҳад гирифт.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба даврони ҷавонӣ, овони таҳсилоти Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ чӣ медонед?
  2. Сабаби ба Мовароуннаҳр омадани Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро нақл кунед.
  3. Муносибати Ҳозиқ ва амирони манғит чӣ гуна сурат гирифтааст?
  4. Мероси адабии Ҳозиқ аз кадом навъҳои адабӣ иборат аст?
  5. Сахт ва таркиби девони Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқро баён намоед.
  6. Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии ғазалиёти Ҳозиқро шарҳ диҳед.
  7. Ғазали «Ёди айёме, ки пур аз май сабуе доштем»-ро азёд кунед.
  8. Ғазалиёти Ҳозиқ дорои кадом хусусиятҳои адабӣ- бадеиянд?
  9. Мазмуни мухтасари достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро нақл кунед.
  10. Доир ба сайри таърихии қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» то эҷодиёти Ҳозиқ маълумот диҳед.
  11. Кадом хусусиятҳои фарқкунандаи достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқро медонед?
  12. Образҳои марказии достон-образҳои Юсуф ва Зулайхоро таҳлил намоед.
  13. Образҳои мусбату манфӣ, лаҳзавӣ ва доимии достонро номбар кунед.
  14. Арзиши адабии достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ аз чӣ иборат аст?

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …