Главная / Илм / ДОРУХОНА

ДОРУХОНА

aptekaДОРУХОНА (Officina), аптека, муассисаи тиббист, ки аҳолӣ ва беморхонаҳоро бо дору, васоити санитарӣ ва гигиенӣ, бо обҳои минералӣ, масолеҳи захмбандӣ ва ғ. таъмин мекунад.
Д.-ҳои аввалин дар Хитой, Миср ва Рим ба вуҷуд омадаанд. А. 8 дар Бағдод Д. ташкил ёфт, ки муассисаи давлатӣ ҳисоб мешуд. Дар Д.-ҳои он давра лабораторияҳо ба тайёр ва синтез кардани доруҳои мураккаб машғул мешуданд. Дар а.-ҳои 19 – 20 бинобар инкишофи саноати дорусозӣ лабораторияҳое, ки дар назди Д.-ҳо вуҷуд доштанд, аҳамияти худро гум карданд.
Дар қаламрави Тоҷикистон аввалин Д.-ҳои хусусӣ с. 1900 дар ш. Хуҷанд, с. 1916 дар ш. Истаравшан ташкил карда шуданд. Аввалин Д.-и давлатӣ с. 1923 дар ш. Хуҷанд ташкил ёфт, ки мудири он Болотников бо шогирдонаш Олимхон Мирсаидов, Абдунабӣ Тоҳиров, Ҳамидбой Муродбоев ва диг. буданд. Окт. с. 1924 дар ш. Душанбе Д.-и давлатӣ ва аввалин мағозаи санитарӣ ташкил гардид. Д.-ҳои давлатӣ с-ҳои 1926 – 29 дар Конибодом, Спитамен, Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Рашт ва Панҷакенти ҳозира низ ташкил карда шуданд. Дар он Д.-ҳо зиёда аз 50 наф. дорусозон кор мекарданд. Аввалин дорусозон (А. Набиев, О. Почоҷонов, Н. Почоҷонов) аз аҳолии таҳҷоии Хуҷанд буда, с-ҳои 1924 – 28 дар Тошкент таҳсил кардаанд. Сент. с. 1929 дар назди Комиссариати халқии ҳифзи тандурустӣ раёсати Д.-ҳои тоҷик ва савдои асбобу анҷоми тиббӣ ба кор даромад. С. 1975 дар ш. Душанбе анбори дорухонаҳо мавриди истифода қарор гирифт, ки масоҳ. он 2500 м2 буд. С. 1980 раёсати Д.-ҳои ш. Душанбе ташкил карда шуд.
Дар Д. доруҳо нигоҳ дошта мешаванд, кормандони он ба аҳолӣ дору ва диг. васоити тиббӣ мефурӯшанд, растаниҳои шифоиро захира мекунанд, дар байни аҳолӣ корҳои санитарию маърифатӣ мебаранд, ба коркунони тиббӣ доир ба доруҳои нав, тарзи истифодаи онҳо маълумот медиҳанд. Барои ин дар поликлиника ва шифохонаҳои калон кабинетҳои фармасевтӣ амал мекунанд. Назорати мӯҳлати истифодаи адвиёт, инчунин расондани ёрии аввалин ба касоне, ки ногаҳон бемор ё ба фалокат дучор шудаанд, аз ҷумлаи вазифаҳои кормандони Д. мебошад.
Тарзи фаъолияти Д.-ҳо, тартиби қабул, нигаҳдорӣ ва фурӯшӣ адвиёт дар онҳо, вазифаи кормандони Д. тибқи дастури махсус танзим карда мешавад.
Барои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо адвиёт Д.-ҳои дараҷаи 1 (дар он дору тайёр мекунанд) ва дараҷаи 2 (ба дорусозӣ ҳуқуқ надоранд), инчунин дӯконҳои доруфурӯшии шахсӣ сохта шудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …