Главная / Илм / ДОРУҲОИ СУЛФАНИЛАМИДӣ

ДОРУҲОИ СУЛФАНИЛАМИДӣ

etazolДОРУҲОИ СУЛФАНИЛАМИДӣ, сулфаниламидҳо, моддаҳое, ки таъсири зиддимикробӣ доранд. Онҳо ҳосилаҳои кислотаи сулфанилат мебошанд. Д. с. ба ҳуҷайраи микробдор ворид гашта, ба туфайли аз ҷиҳати химиявӣ бо кислотаи параминобензоат шабоҳат доштанашон онро аз синтези кислотаи фолиат маҳрум месозанд ва бо ҳамин боиси таъхири сабзишу афзоиши микроорганизмҳо мегарданд. Рушду инкишофи ҳуҷайраҳои организми одам низ ба миқдори кислотаи фолиати таркиби онҳо вобаста аст. Вале, бар хилофи ҳуҷайраҳои микробдор, онҳо ба синтези кислотаи фолиат қобил нестанд ва кислотаи фолиати тайёрро, ки ба организм асосан бо хӯрок ворид мегардад, инчунин ба миқдори кам дар микрофлораи рӯда синтез мешавад, истифода мебаранд. Бинобар ин ҳуҷайраҳои организми одам ба таъсири Д. с. амалан ҳассос намебошанд.
Д. с.-ро барои табобати бемориҳое, ки ангезандаҳои сирояти римнок, сарсоми вогир, газаки шуш, сӯхтанӣ, хуноқ, исҳоли хунин ва ғ. ба вуҷуд меоваранд, истифода мебаранд. Барои табобати бисёр бемориҳо Д. с.-ро истеъмол менамоянд. Ҳангоми табобати захм ва бемориҳои римноки пӯст аз марҳам, линименту хокаҳои Д. с., дар мавриди табобати баъзе амрози чашм аз марҳаму чакраҳое, ки Д. с. доранд, истифода мекунанд. Тарзи таъсири Д. с. як хел буда, аз ҳамдигар бо дараҷаи ҷаббиш, давомоти таъсир, қобилияти дар узву бофтаҳо ғун шудан фарқ мекунанд. Аксарияти Д. с. дар меъдаю рӯда нағз ҷаббида мешаванд; онҳо ба узвҳои гуногун нисбатан осон ворид ва бо пешоб ихроҷ мегарданд. Таъсири Д. с. кӯтоҳмуддат (то 8 соат) ва давомдор (24 – 28 соат) аст. Ба гурӯҳи якум этазол, стрептосид, сулфадимезин, норсулфазол, уросулфан ва ғ., ба гурӯҳи дуюм сулфапиридазин, сулфадиметоксин ва ғ. мансубанд.
Д. с.-ро бо тавсияи духтур, ки барои ҳар бемор доруи мувофиқро интихоб мекунад, истифода бурдан лозим. Дар давраи табобат меъёр ва тартиби истеъмоли доруро риоя кардан шарт аст. Вагарна самараи табобат кам шуда, дар организм барои ташаккули микробҳои ба Д. с. устувор заминаи мусоид фароҳам меояд. Истифодаи дурудароз ва беназорати Д. с. мумкин аст боиси ихтилоли ҷараёни хунофарӣ, дилбеҳузурӣ, қай, таассури аллергӣ (ниг. Аллергия) ва ғ. гардад. Агар дар давраи табобат бо Д. с. аломатҳои таассури аллергӣ (дамидани доначаҳо, хориш, варам) пайдо шаванд, фавран бояд ба духтур муроҷиат кард (минбаъд дар ин бора ба духтуре, ки дору таъин мекунад, хабар медиҳанд). Ғайр аз ин, баъзе Д. с. мумкин аст боиси ба вуҷуд омадани санги гурда низ шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …