Главная / Илм / ДОРУҲОИ РӯҲАФЗО

ДОРУҲОИ РӯҲАФЗО

sidnokarbДОРУҲОИ РӯҲАФЗО, моддаҳое, ки қобилияти кори фикрӣ ва ҷисмониро баланд мебардоранд (мас., меридил, сиднокарб, сиднофен, кофеин ва ғ.). Д. р. хоболудиро бартараф карда, ба одам таъсири рӯҳнавоз, хушҳолӣ, бардамӣ мерасонанд, ҳисси гуруснагӣ ва ташнагиро фурӯ менишонанд.
Д. р.-ро ҳангоми афсурдарӯҳӣ, сустию беҳолӣ, карахтӣ, суст шудани қобилияти корӣ, хоболудӣ таъин мекунанд. Табобат бо Д. р. зери назорати духтурони мутахассис сурат мегирад (психиатрҳо, психоневрологҳо).
Барои рафъ сохтани хастагӣ ва баланд бардоштани қобилияти кори фикрӣ ва ҷисмонӣ Д. р.-ро фақат дар мавриди ниҳоят зарур будан мефармоянд. Зеро истифодаи мунтазами онҳо мумкин аст боиси ихтилоли фаъолияти силсилаи асаби марказӣ, аз ҷумла бехобӣ, тундмизоҷӣ, беқарорӣ ва дорумандӣ шавад. Сиднофен ва сиднокарб фишори артерияро баланд мебардоранд, меридил боиси дилбеҳузурӣ мегардад.
Истифодаи Д. р. дар мавриди шиддати рӯҳӣ, бехобӣ, атеросклероз, ишемияи дил, гипертония ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …