Главная / Илм / ДОРУҲОИ МУСҲИЛ

ДОРУҲОИ МУСҲИЛ

phenolphthaleinДОРУҲОИ МУСҲИЛ, моддаҳое, ки доруҳое, ки кашиши мушаки девораи рӯда (перисталтика)-ро тақвият дода, ба ҳамин восита барои зуд холӣ шудани он кӯмак мерасонанд. Д. м.-ро ҳангоми қабзият, заҳролудӣ, инчунин дар аснои тайёрӣ ба муоина ва ҷарроҳии меъдаю рӯда таъин мекунанд.
Д. м. ба тамоми рӯдаҳо таъсир мерасонанд. Дар мавриди қабзияти музмин он Д. м.-е таъин карда мешаванд, ки ба рӯдаи ғафс асар меоранд. Чунин беморон Д. м.-ро бояд мунтазам ва тӯлонӣ истеъмол кунанд. Азбаски моддаҳои ғизоӣ асосан дар рӯдаи борик ҷаббида мешаванд, агар Д. м.-и ба тамоми рӯдаҳо таъсир доштаро таъин кунанд, ҳазми моддаҳои ғизоӣ халал ёфта, организм заиф мегардад. Камбудии Д. м.-и наботӣ (ревоҷ, унноб, санои Макка) дар он аст, ки ҳассосият нисбати онҳо суст мешавад; ҳангоми кам-кам ва дуру дароз истеъмол кардани ревоҷ, он, баръакс, мумкин аст боиси қабзият гардад. Истеъмоли тӯлонии доруҳои сунъӣ (мас. фенолфталеин ва изафенин) мумкин аст фаъолияти баъзе узвҳои дарунро халалдор созад. Бисёр Д. м. ретсепторҳо (нӯгҳои асаб)-и луобпардаи рӯдаро ба ангезиш меоранд. Ба ин гурӯҳ Д. м. намакҳо (сулфати магний, сулфати натрий) ва равғани канадона мансубанд. Намакҳои мусҳил дар об зуд ҳал мешаванд. Ионҳои дар ин маврид ҳосилшударо меъдаю рӯда нағз намеҷаббанд. Ғилзати баланди онҳо дар рӯда фишори таровишро меафзоянд, дар натиҷа ҷаббиши об дар рӯда душвор мегардад. Мӯҳтавии рӯда зиёд шуда, он каме меёзад. Ретсепторҳои девораи рӯда ба ангезиш меоянд, суръати кашиши мавҷмонанди он тез мешавад. Намакҳои муҳсил ҷаббиши обро дар рӯда ба таъхир андохта, ҷаббиши моддаҳои дигарро суст менамоянд. Бинобар ин онҳоро аксар вақт барои рафъи заҳролудӣ (агар моддаи заҳрнок ба меъдаю рӯда ворид шуда бошад) таъин мекунанд. Таъсири исҳоловари равғани канадона ба таҷзия шудани он вобаста аст. Равған дар рӯдаи дувоздаҳангушта таҷзия гашта, моддаҳое ҳосил мешаванд, ки ретсепторҳои луобпардаи рӯдаҳоро ба ангезиш меоваранд. Дар ин маврид ҳаракати мавҷмонанди онҳо пурзӯр мешавад.
Д. м.-ро фақат бо таъиноти духтур истеъмол бояд кард. Зеро дар мавриди қабзияте, ки бо баъзе бемориҳо, мас., аппендитсит вобаста аст, худсарона истифода бурдани Д. м. мумкин аст боиси оризаҳои ҷиддӣ гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …