Главная / Илм / ДОРУҲОИ КИРМРОН

ДОРУҲОИ КИРМРОН

fenasalДОРУҲОИ КИРМРОН, моддаҳое, ки барои аз организм хориҷ кардани кирми бадан (гелминтҳо) истифода мешаванд. Муолиҷаи гелминтозҳо аз рӯи намуд (нематодозҳо, сестодозҳо, трематодозҳо) ва ҷойгиршавии онҳо дар организм – дохили рӯда ё берун аз он (ҷигар, шуш, мушакҳо, майна ва ғ.) гузаронида мешаванд. Нематодозҳои дохили рӯда – аскаридоз ва энтеробиоз бо доруҳои синтезӣ (пиперазин, нафтамон), трихосефалёз бо гептилрезорсин, анкилостомидоз ва стронгилоидоз бо нафтамон табобат карда мешаванд. Дар муолиҷаи сестодозҳои дохили рӯда доруҳои нави синтезӣ (фенасал, дихлорфен) хеле манфиатноканд. Табобат бо донаи каду камфоида, вале тамоман безарар аст. Бемориҳои кирми беруни рӯда (фастсиолёз, описторхоз) бо хлоксил ё гексахлорэтан ва баъзан бо намаки винносурмиати натрий табобат карда мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …