ДОРУҲОИ ҚАЙОВАР, моддаҳое, ки боиси пайдоиши қай мегарданд. Д. қ.-ро дар аснои заҳролудии шадид кор мефармоянд. Онҳо ду хел мешаванд: доруҳое, ки бевосита ба маркази қайи мағзи сар (апоморфин) ва доруҳое, ки ба ретсепторҳои луобпардаи меъда таъсир расонида, рефлексҳои шартӣ ва ангезиши маркази қайро ба вуҷуд меоранд (решаи афсонак, ҳамчунин сулфати руҳ, сулфати мис, хлориди аммоний ва ғ.). Аз Д. қ. ҳангоми муолиҷаи майзадагӣ асосан апоморфинро истифода мебаранд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …