Главная / Илм / ДОРУҲОИ АНТИГИСТАМИНӣ

ДОРУҲОИ АНТИГИСТАМИНӣ

tavegilДОРУҲОИ АНТИГИСТАМИНӣ, доруҳои зиддигистаминӣ, моддаҳое, ки таъсири гистаминро қисман ё пурра фурӯ менишонанд. Ретсепторҳои нисбати гистамин ҳассос ду намуд мебошанд: H1-ретсепторҳо ва H2-ретсепторҳо. Ҳангоми ба H1-ретсепторҳо таъсир расондани гистамин мушакҳои суфтаи рӯда, бронхҳо ва бачадон кашиш мехӯранд; дар мавриди ба H2-ретсепторҳо таъсир кардани он бошад, тарашшӯҳи ғадуди меъда меафзояд. Дар рагҳои хунгард ҳар ду намуди ретсепторҳои гистаминӣ вуҷуд доранд. Зери таъсири гистамин ангезиш ёфтани онҳо боиси паст гаштани фишори шараён мешавад.
Ба доруҳое, ки H1-ретсепторҳоро интихобан муҳосира мекунанд, димедрол, дипразин, диазолин, супрастин, тавигел ва фенкарол мансубанд. Ба доруҳое, ки H2-ретсепторҳоро муҳосира менамоянд, симетидин ва ранитидин тааллуқ доранд.
Блокаторҳои H1-ретсепторҳо амалан қариб ҳама гуна таъсироти гистаминро суст мекунанд (ғайр аз таъсири ангезишовари он ба тарашшӯҳи меъда). Мас., Д. а.-и гурӯҳи мазкур ташаннуҷи мушакҳои суфтан бронхҳо, рӯда ва бачадонро, ки зери таъсири гистамин ба вуҷуд меояд, пешгирӣ ё суст мекунанд; нуфузпазирии мӯрагҳоро заиф сохта, бо ҳамин инкишофи варами бофтаҳоро, ки бар асари гистамин зуҳур меёбад, пешгирӣ менамоянд.
Давомоти таъсири бисёр Д. а. 3 – 6, тавегил 8 – 12, диазолин то 46 соат аст. Блокаторҳои H1-ретсепторҳоро асосан ҳангоми бемориҳои аллергии гуногун таъин мекунанд (саглес, варами ангионеврозӣ, табларзаи хасбедаӣ, конъюнктивити аллергӣ, аллергияи доруӣ ва ғ.). Д. а. зимни зиқи нафас ва шоки анафилаксӣ самараи кам доранд.
Блокаторҳои H2-ретсепторҳо тарашшӯҳи кислотаи хлоридро, ки зери таъсири гистамин, пентагастрин, инсулин, кофеин ва ғизо ба вуҷуд меояд, суст менамоянд. Онҳо бо ҳамин роҳ туршии шираи меъдаро кам мекунанд. Доруҳои мазкур барои муолиҷаи бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин дигар ноҷӯриҳое, ки ҳангоми онҳо туршии шираи меъдаро кам кардан лозим аст, кор фармуда мешаванд.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …