ДОРОФЕЕВ Александр Александрович (тав. 13. 9. 1944, ш. Самарқанд), анатом, доктори илмҳои тиб (1984), проф. (1985). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1968). Ассистент (1968 – 79) ва дотсенти (1980) кафедраи анатомияи эътидолии ҳамин донишгоҳ. Аз с. 1980 мудири кафедраи анатомияи одам дар Ин-ти тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд. Самти асосии корҳои илмиаш: механизмҳои мутобиқати организм ба таъсири таҳмили фавқулода ҳангоми машғулият бо намудҳои гуногуни спорт. Д. муаллифи 38 асару мақолаҳои илмист.
Ос.: Методические рекомендации к практическим занятиям по анатомии человека с элементами программированного контроля, Д., 1984.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад
Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …