Главная / Илм / ДОНИШНОМАИ МАЙСАРӣ

ДОНИШНОМАИ МАЙСАРӣ

donishnomai-maysari«ДОНИШНОМАИ МАЙСАРӣ», асари манзуми панду ахлоқӣ буда, ба мавзӯи тиб бахшида шудааст. Муаллифи он шоир ва табиби маъруфи форсу тоҷик Ҳаким Майсарӣ мебошад. «Д. М.» қариб ба пуррагӣ то ба замони мо омада расидааст. Нусхаи хаттии он дар Китобхонаи миллии Париж зери шумораи R-7799-310 маҳфуз аст. Ин нусха бо хати настаълиқи хоно аз тарафи Маҳмуди Табрезии Шоҳномахон дар таърихи ҷаҳоршанбеи севуми моҳи рабеъу-л-охири с. 852 ҳ. мутобиқ ба с. 1448 м. навишта шудааст. «Д. М.» дорои 4481 байт буда, яке аз беҳтарин намунаи шеъри давраи Сомониён маҳсуб мешавад, ки аз соддагӣ ва равонии забони даврони худ бархурдор аст. Дар бораи сабаби ба забони дарӣ навишта шудани он худи Майсарӣ чунин мегӯяд:

Чу бар пайвастанаш бар дил ниҳодам,
Фаровон ройҳо бар дил кушодам,
Ки чун гӯям-ш ман то дер монад
Ва ҳар кас дониши ӯро бидонад.
В-агар тозӣ кунам, некӯ набошад,
Ки ҳар касро аз ӯ нерӯ набошад.
Дарӣ гӯям-ш, то ҳар кас бидонад
Ва ҳар кас бар забонам бар биронад.

«Д. М.» с-ҳои 980/981 таълиф гардидааст. Роҷеъ ба оғози эҷоди он ки ба с. 978 м. рост меояд, Ҳаким Майсарӣ мегӯяд:

Ман инро гуфтам андар моҳи шаввол,
Ба шасту сесаду ҳафт омада сол.

Ҳамчунин Ҳаким Майсарӣ нисбати ба анҷом расонидани таълифи китоб менависад:

Биянҷомид «Донишнома»-и ман,
Баромад з-ӯ муроду комаи ман.
Ба соли сесаду ҳафтод будем,
К-аз ин нома ҳаме пурдухта шудем.
Ман аз ду бисту ду се баргузаштам
Ва девони ҷавонӣ барнавиштам.

Аз ин маълум мегардад, ки «Д. М.» байни солҳои 367 – 370 ҳ. дар Хуросон дар замони ҳукмронии ҳокими маъруфи давр Абулҳасан Муҳаммад Иброҳими Симҷур эҷод гардидааст.
«Д, М.» намунаи олии асари манзуми панду ахлоқӣ ва илмии адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад. Он мисли дигар асарҳои давр бо қисми анъанавии маснависароӣ – ҳамду наът шурӯъ шуда, 376 мавзӯи хурду калони ҳам тиббиву ҳам панду ахлоқиро дарбар мегирад.
Майсарӣ аз бар намудани чор намуди дониш – дониши ситорашиносӣ, дониши ҳандаса, дониши пизишкӣ ва дониши диниро талқин намуда, дониши диниро сутуни донишҳо медонад ва мегӯяд, ки бо ин ки ситорашиносӣ дониши хубе аст, ин вуҷуд агар касе онро надонад, газанде надорад ва ҳамчунин агар касе риёзиётро ёд нагирифт ва таҳсил накард, зиёне надорад. Аммо агар пизишкиро ва динро надонад, ин дунё ва ҳам он дунё зарар хоҳад бурд.
Вай ба бартарии дониши тиббӣ ишора карда мегӯяд, ки агар касе бемор шавад, беморӣ ӯро аз касби дониши дин боз хоҳад дошт, зеро инсон то тандуруст набошад, наметавонад дониши диниро фаро гирад. Ва аз ин ҷо аҳамияти илми пизишкӣ дар миёни ҳар чаҳор илм ошкор мегардад. Майсарӣ аз ҳамин сабаб пизишкиро муҳимтар аз улуми дигар медонад ва ба ибораи дигар мехоҳад бигӯяд: донистани тиб сабаби саломатии тан аст ва саломатии тан барои ёд гирифтани дониш зарур мебошад:

Сутуни ҳарчи аз дониш чаҳор аст,
Ду з-он ҳамвора мардумро ба кор аст,
Нахустин з-ӯ ситора, к-аш бидонӣ,
Ҳама ойинҳои ӯ бихонӣ.
Бидонӣ сар ба сар рафтори ӯро,
Зи некиву бадӣ кирдори ӯро.
Дигар дониш туро гӯям кадом аст,
Мар ӯро ҳандаса зи Рум ном аст.
Шумурдан гар на паймудан-ш бунёд,
Ҷаҳон аз дониши ӯ ҳаст обод.
Севум донишпизишкӣ дониши тан,
Ки танро доштан беҳтар зи ҷавшан.
Чаҳорум дониши дини худоӣ,
К-аз ӯ ёбад тан аз дӯзах раҳоӣ.
Пизишкидонишаш танро паноҳ аст,
Ва дин донистанаш ҷонро сипоҳ аст.

Майсарии Ҳаким ба масъалаҳои тиббӣ дахл намуда, мисли таълимоти тибби қадими Шарқ оид ба чор навъ – гарм (гармиовар), хунук (хунукиовар), тар (тариовар) ва хушк (хушкиовар) тақсим шудани тамоми моддаҳо ва дар ин замина ба чор гурӯҳ ҷудо шудани мизоҷи инсонҳо (гарм, хунук, тар ва хушк) сухан меронад. «Д. М.» мавзӯъҳои таркиби инсон, андом ва бофтаҳо, мизоҷҳо, қувваҳо, бодҳо, набз ва анвои он, сабаб ва нишонаи аввалини бемориҳо, рӯйхати давоҳо, табиат ва таъсири он, бемориҳои захми бадан, варам ва омосҳо, моҳият ва зарари хунгирӣ, тоза кардани меъда, тадбир ва манфиати қай ва диг. намуди маризиҳо ва роҳҳои давои онҳоро фаро гирифтааст. Дар «Д. М.» инчунин ҷиҳати пешгирии бемориҳо, аз қабили тадбири фарбеҳӣ, моҳияти парҳез, қоидаҳо барои сайёҳон ва мусофирон, заҳрҳои мухталиф ва пешгирӣ аз онҳо, газидани мору каждум ва диг. ҳашароти заҳдор ва шинохти онҳо сухан рафта, муаллиф қоидаҳои ахлоқ ва одобу рафтори табибонро нишон додаст.
Майсарӣ дар асари худ дар мавриди номи дорувориҳо кӯшидааст, ки онҳоро бо номе, ки дар китобҳои тибби қадим омадаанд, ёд кунад, саъй ба он кардааст, ки китобаш мақоми илмӣ дошта бошаду мутобиқ ба равиши китобҳои устодони фан ҷой гирад. Зеро доруҳо дар навоҳии мухталиф бо номҳои гуногун истифода мешаванд:

Ҳар он дору, ки маъруф аст бешак,
Ҳама бингорамаш пеши ту як-як.
Бидон, номи табибонаш бихонам,
Нагардонамаш ҷуз кӯтаҳ наронам.

Ҳамчунин, дар ҳолати шинохт ва парҳез аз заҳрҳо ишора менамояд, ки шояд баъзе инсонҳои нопок барои нест кардани инсонҳои дигар аз ин заҳрҳо истифода намоянд, ки дар натиҷа домани ӯ ҳам ба гуноҳ олуда мешавад. Ба нафрини ин қабил одамон мегӯяд:

Касе, к-аз номаи ман заҳр гирад,
Касеро бардамад, то з-ӯ бимирад.
Бар ӯ бар лаънати Ҷаббор бодо
Ва ҷояш дӯзахи пурнор бодо.

Инъикоси масъалаҳои тиб дар қолиби шеър барои шоир як навъ мушкилиро пеш овардааст. Бинобар ин дар назми маснавӣ баъзан ноҳамвориҳо дар вазну қофия ва дигар ҷиҳатҳои шаклӣ ба назар мерасанд.
«Д. М.» нафақат дар омӯзиши таърихи тибби Шарқ, балки дар омӯхтани назария ва амалияи таърихи назми классикии форсу тоҷик мавқеи хоса дорад. Ин асари нодир аҳамияти таърихиро низ соҳиб мебошад, зеро он ягона асари мукаммали шеъри форсӣ-тоҷикӣ дар тиб буда, аз аҳди Сомониён ба таври комил то замони мо омада расидааст.

Б.Сайфиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …