Главная / Илм / ДОМИНАНТА

ДОМИНАНТА

dominantaДОМИНАНТА (аз лот. dominans – ҳукмфармо), манбаи ҳаяҷон дар системаи асабҳои марказӣ, ки муваққатан хусусияти вокуниши ҷавобии организмро ба таъсири берунӣ ва дохилӣ муайян мекунад. Ҳар лаҳза ба организм таъсироти зиёде расида, дар марказҳои гуногуни асаб ҳаяҷон ба вуҷуд меорад, аммо як марказ бар марказҳои дигар ҳукмрон (доминанта) шуда, онҳоро бозмедорад.
Принсипи Д. дар натиҷаи омӯзиши фаъолияти пардаи майнаи сар муайян карда шудааст. Зӯроварии баъзе системаҳои марказии асабро бар дигар системаҳои марказии асаб бори аввал Введенский Н. Е. тасвир карда буд. Ухтомский А. А. қоидаҳои асосии таълимоти Д.-ро принсипи умумии кори системаи маркази асаб номидааст. Принсипи Д. барои донистани асосҳои физиологии диққат хеле муҳим аст.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …