Главная / Илм / ДОМАНА

ДОМАНА

tifДОМАНА (Typhus abdominalis), тифи шикамӣ, бемориест сироятии шадид. Ангезандаи Д. салмонеллаҳо буда, бо табларза, аломатҳои заҳролудӣ, бактериемия, бузург шудани ҷигар ва сипурз, энтерит ва тағйироти махсуси системаи лимфавӣ падид меояд.
Ангезандаи Д. мансуби салмонеллаҳои гурӯҳи D аст. Вай аз ҷиҳати морфологӣ аз салмонеллаҳои дигар фарқ намекунад. Дар муҳити ғизоии муқаррарӣ нағз рушду инкишоф меёбад. Салмонелларо с. 1876 Н. И. Соколов тавсиф ва с. 1880 К. Эберт (аз сипурзи шахси аз бемории Д. фавтида) ҷудо кардааст. Салмонелла қамчинак дорад ва хеле серҳаракат аст; эндотоксин ҳосил карда, дар муҳити ғизоии иборат аз талха нағз нашъунамо меёбад.
Салмонеллаҳо дар оби равон ва меваву сабзавот то 10 рӯз, либоси таг то 2 ҳафта, наҷосат то 25 рӯз ва дар оби истода бошад, то 1 моҳ маҳфуз мемонанд. Ҳангоми ҷӯшонидан зуд маҳв мешаванд. Зери таъсири маҳлули хлоргексидин (4 – 5%), гипохлориди калтсий (0,5%), хокаи хлорнок (25%), маҳлули сулема (1:1000) ва хлорамин (3%) баъди 2 – 3 дақ. нобуд мегарданд. Онҳо ба таъсири гентамитсин, ампитсиллин, левомитсетин ва бисептол, доруҳои гурӯҳи нитрофуран (фуразолидон, фурагин, фуродонин, фуразолин), доруҳои гурӯҳи сефалоспоринӣ (сифлокс, сипролет, сипрофлоксатсин) ҳассос мебошанд.
Манбаи сирояти ангезандаҳои Д. шахси бемор аст. ӯ ба тавассути наҷосат, пешоб, оби даҳон ва қай микроб (салмонелла)-ҳоро ҷудо мекунад. Бактерияҳо бештар дар айни авҷи беморӣ ихроҷ мегарданд. Дар сурати саривақт дар беморхона бистарӣ кардани беморон, хавфи паҳн гаштани маризӣ кам хоҳад шуд. Хусусан он бемороне, ки мубталои шаклҳои нисбатан сабуки Д. гаштаанд, хавфнок мебошанд. Онҳо маризии худро пайхас накарда, дар вақташ муолиҷа намегиранд ва ҳамин тавр, ангезандаи бемориро муддати зиёд паҳн менамоянд. Чунин ашхос то 3 моҳ ва ҳатто то 10 сол метавонанд ангезандаҳои Д.-ро паҳн бикунанд. Дар китобҳои тиббӣ мисолҳое мавҷуданд, ки одам то 82 сол ангезандаи Д. – ро дар организм нигоҳ дошта, онро паҳн кардааст. Чунин ашхосро бактерияҳомилони музмин меноманд. Бахусус он одамоне, ки дар муассисаҳои хӯроки умумӣ ва кӯдакистонҳо кор мекунанд, хавфи бештар доранд. Роҳҳои интиқоли сироят гуногун мебошанд. Бактерияҳо ба одамони солим ба воситаи об, ғизо, дасти ношуста, асбобу анҷоми рӯзгор ва магасҳо мегузаранд. С.-ҳои 1996 – 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар бад гаштани вазъи санитариву эпидемиологӣ бемории Д. рӯ ба афзоиш ниҳод (ниг. ҷадвалҳо).
Як қисми ангезандаҳои Д. баъди ба меъда ворид шудан, зери таъсири кислотаи хлорид маҳв мегарданд. Бактерияҳои зиндамонда ба рӯдаи борик мегузаранд (муҳити ишқории он барои афзоиши салмонеллаҳо мусоид аст). Онҳо аз он ҷо тавассути ахлот бароварда мешаванд. Бактерияҳои дигар ба ташкилаҳои лимфавии девораи рӯдаи борик роҳ меёбанд. Чунин ақидае ҳам вуҷуд дорад, ки ангезандаҳои Д. ба бофтаҳои лимфавӣ на аз рӯдаи борик, балки аз мавзеи бодомакҳои гулӯ ворид мешаванд. Дар аснои ба ғуддаҳои лимфавӣ дохил шудани ангезандаҳо ду раванд ба вуқӯъ мепайвандад: а) фагоситоз – микробҳоро ҷаббида маҳв сохтани фагоситҳо; б) эндоситобиоз – андаруни ҳуҷайраҳо афзоиш ёфтани микробҳо ва маҳв шудани ҳуҷайраҳо.
Дар сурати фаъолона ҷараён гирифтани фагоситоз беморӣ ба вуҷуд намеояд. Аломатҳои аввалини Д. баъди ба хун гузаштани микробҳо (бактериемия) мушоҳида мешаванд. Зери таъсири бактерисидии хун як қисми микробҳо маҳв шуда, эндотоксин хориҷ мекунанд. Чунин ҳолат дар ғуддаҳои лимфавӣ низ рух менамояд. Эндотоксин бо хун ҳаракат карда, боиси заҳролудии организм мегардад. Дар хун захира шудани эндотоксин ба заҳролудии силсилаи асабҳои марказӣ оварда мерасонад (ин хусусияти бемории мазкур буда, «вазъи доманавӣ» ном дорад). Аломатҳои он баланд шудани ҳарорат, ихтилоли силсилаи асабҳои марказӣ ва наботӣ (вагетативӣ), халал ёфтани фаъолияти дилу рагҳо мебошанд. Ангезандаҳои Д. ба воситаи хун ба тамоми организм паҳн шуда, дар узвҳои гуногун (ҷигар, сипурз, гурда, ғуддаҳои лимфа, мағзи устухон ва ғ.) ҷой мегиранд.
Баъди чанд муддат давраи аз организм хориҷ шудани ангезандаҳо фаро мерасад. Дар ин кор аҳамияти гурда, ғадудҳои ҳозимаи рӯдаҳо ғадудҳои оби даҳон, арақ ва ҷигар калон мебошад. Қисми зиёди микробҳо бо талха бароварда мешаванд. Тақр. 80 фоизи ангезандаҳо, ки ба тавассути хун аз ҷигар мегузаранд, дар он маҳв ё ба воситаи талха ихроҷ мегарданд. Бо пешоб тақрибан 25 фоиз микробҳо хориҷ карда мешаванд.
Ҳангоми ба ҷавфи рӯда фаромадан, як қисми микробҳо бо наҷосат берун баромада, қисми дигар аз сари нав ба системаи лимфавии рӯдаи борик мегузаранд. Ва ин ҳолат солҳои зиёд мавзӯи баҳси олимон қарор дорад. Як гурӯҳ олимон бар он ақидаанд, ки захми рӯда дар натиҷаи аксуламалҳои аллергӣ ҳини такроран аз ташкилаҳои лимфавии рӯдаи борик гузаштани микробҳои Д. ба вуҷуд меояд. Вале ақидаи мазкур чандон эътимоднок нест, зеро Д. аксуламалҳои аллергии возеҳ надорад ва захми рӯда мумкин аз таъсири заҳрогини эндотоксин ба ғуддаҳову нӯги асабҳои наботӣ ва ташкилаҳои лимфавии рӯда пайдо шавад.
Раванди Д. аз 5 давра иборат аст: якум (ҳафтаи якум) – варам кардани ташкилаҳои лимфавии рӯдаи борик (гиреҳчаҳои Пейер ва фоликуллаҳои ҷудогона); дуввум (ҳафтаи дуввум) – мавт (некроз) шудани ташкилаҳои мазкур; минбаъд давраи ташаккул (пайдоиш) – и захм фаро мерасад; чаҳорум (ҳафтаҳои 3 – 4) – давраи захмдорӣ; панҷум (ҳафтаҳои 5 – 6) – давраи шифо ёфтани захмҳо. Баъди аз сар гузаронидани Д. масуният (иммунитет)-и бардавом (15 – 20 сол) боқӣ мемонад. Вале ҳолатҳои пас аз 1 – 5 сол дубора мариз шудан низ ба назар мерасанд. Эҳтимол, сабаби ин ихтилоли иммуногенез бинобар муолиҷа бо антибиотикҳо бошад.
Давраи ниҳонии Д., ки 1 – 3 (бештар тақр. 2) ҳафта идома меёбад, ба миқдори микробҳои сирояткарда вобаста аст. Дар сурати аз хӯрок сироят ёфтан, давраи ниҳонӣ кӯтоҳ буда, беморӣ нисбат ба сироятёбӣ аз об вазнинтар мегузарад.
Дар ҳолатҳои муқаррарӣ беморӣ тадриҷан оғоз меёбад, ки гоҳо муқаррар кардани рӯзи аввали он душвор аст. Беморон аз сустиву беҳолӣ, хастагӣ, бемадорӣ ва сардард шикоят мекунанд, ҳол он ки онҳо боз чанд муддат метавонанд ба кор бароянд. Баъдтар ин аломатҳо пурзӯр ва ҳарорати бадан батадриҷ баланд мегардад (рӯзҳои 4 – 5 ба 39 – 400С мерасад); иштиҳо кам, хоб номураттаб (бемор рӯз хоболуд шуда, шаб бехобӣ мекашад) хоҳад шуд, қазои ҳоҷат ба таъхир меафтад, шикам дамиш мекунад. Дар рӯзҳои 7 – 9 беморӣ ба авҷи пурраи худ мерасад. Хусусан, карахтии мариз ҷолиби диққат аст. ӯ, одатан, бо чашмони пӯшида дароз мекашад, гӯё ғанаб дорад. Ба суолҳо посух намедиҳад, қиёфааш ором, чеҳрааш рангпарида ё каме сурхча, пӯсташ хушк, тафсон аст. Дар ибтидои беморӣ брадикардияи нисбӣ рух менамояд. Фишори артерия паст ва шуш хирросӣ (садои хушки пароканда) гашта, баъзан пневмония ба вуҷуд меояд.
Баҳри саривақт ташхис кардани Д. тағйироти узвҳои ҳозима аҳамияти калон дорад. Забон хушки бӯртоб (нӯг ва канорҳояш сурхча) ва ғафс мешавад (инро аз изи дандонҳо дидан мумкин аст). Баъзан луобпардаи ҳалқум сурх (гиперемия) хоҳад гашт. Дар вақти ламс (палпатсия) кардани шикам кӯррӯда садо медиҳад, ки аломати аз рӯдаи борик бисёр омадани обият аст. Дар охири ҳафтаи якум нишонаҳои калон шудани ҷигар низ ба назар мерасанд. Аз рӯзҳои 3 – 5 – уми беморӣ сипурз калон мешавад. Аввалҳои ҳафтаи дуввум баъзе аломатҳое ба вуҷуд меоянд, ки ташхиси Д.-ро осон менамоянд. Заҳролудӣ авҷ мегирад ва ақли мариз тира гашта гоҳо ӯ ҳазён мегӯяд. Дар пӯст бусурот (экзантема) – и хос ба вуҷуд меоянд; онҳо аз холҳои майда (диаметрашон 2 – 3 мм) – и сурхтоб иборат мебошанд. Холҳо аз чанд соат то 3 – 5 рӯз боқӣ монда, сипас нест мешаванд ва дар ҷои онҳо мумкин аст холҳои нав ба вуҷуд оянд.
Брадикардияи нисбӣ боқӣ мемонад, фишори артерия боз ҳам пасттар ва оҳанги кори дил кунд мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо мумкин миокардити сироятӣ инкишоф ёбад. Аломатҳои пештараи беморӣ боқӣ мемонанд. Аз рӯзҳои 11 – 14 – и маризӣ ва баъдтар рух намудани оризаи вазнини рӯдаҳо (хунравӣ ё кушода шудани захми рӯда) аз эҳтимол дур нест. Дар ҳадди болои беморӣ дар хун миқдори лейкоситҳо, хусусан нейтрофилҳо ва эозинофилҳо кам мешавад. СОЭ, одатан, мӯътадил ё қадре баланд (то 15 – 20 мм/соат) аст.
Пас аз чаҳор ҳафта вазъи мариз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ҳарорати бадан паст, заҳролудӣ кам, хоб мӯътадил, дарди сар суст, иштиҳо хуб мешавад. Аммо бемадорӣ ҳанӯз боқӣ мемонад. Давраи офиятёбӣ 2 – 3 ҳафта тӯл мекашад. Аз 3 то 5%-и одамоне, ки Д.-ро аз сар гузаронидаанд, муддати зиёд бактерияҳои онро ҷудо мекунанд.
Авдат (ретсидив) бештар дар ҳафтаҳои 2 – 3-юми мӯътадил будани ҳарорат ба вуҷуд меояд (дертар низ пайдо шуданаш мумкин). Ретсидив метавонад як маротиба ё борҳо такрор ёбад. Давомоти таб аз 1 – 3 рӯз то 2 – 3 ҳафта тӯл кашиданаш мумкин аст. Нишонаҳои болинии авдати Д. ба хурӯҷи аввалаи он монанд мебошанд (фақат бо якбора баланд шудани ҳарорати бадан, бармаҳал рух намудани бусурот, кам давом кардани таб ва нисбатан сабук будани ҷараёни он фарқ мекунанд).
Оризаҳои Д.-ро метавон шартан ба махсус ва номахсус ҷудо кард. Оризаҳои махсус аз таъсири ангезандаҳо ва заҳри онҳо, оризаҳои номахсус бар асари микрофлораи ҳамроҳ рух менамоянд. Ба оризаҳои махсуси Д. хуншории рӯда, перитонити перфоративӣ, шоки сироятиву заҳрӣ, ба оризаҳои номахсус бошанд, пневмония, сарсом, пиелитҳо, паротитҳо, стоматитҳо тааллуқ доранд.
Хуншории рӯда, одатан, дар ҳафтаи сеюми беморӣ мушоҳида мешавад. Сабаби он осеб (эрозия)-и рагҳо дар қаъри захми доманавӣ мебошад. Каме хун рафтан бисёр вақт ба вазъи бемор таъсир намерасонад. Хуншории рӯдаро ҳангоми қазои ҳоҷат ё ба тавассути вокуниши (реаксияи) Грегерсен муқаррар мекунанд. Дар мавриди бисёр рафтани хун ҳарорати бадан ногаҳон паст (то ҳадди мӯътадил ё поёнтар) ва набз тез шуда, фишори шараён мефарояд. Хуншории андакро дар натиҷаи муолиҷаи бармаҳал метавон рафъ сохт. Вале хуншории фаровон метавонад боиси инкишофи шоки хунрез гардад, ки оқибаташ ҷиддӣ аст.
Перитонити шикофанда оризаи хавфноки Д. буда, баъди 2 – 4 ҳафтаи беморӣ инкишоф меёбад. Он натиҷаи сӯрох шудани захми рӯда аст. Метавонад чӣ дар мавриди вазнин ва чӣ дар аснои сабук будани беморӣ дучор ояд. Захм бештар дар рӯдаи тиҳигоҳ, 25 – 30 см дуртар аз ҷои ба кӯррӯда гузаштани он, сӯрох мешавад. Ба сӯрох гаштани рӯда дамиши шикам (метеоризм), ҳаракати тез, сурфаи сахт, зер кардани шикам ва ғ. мусоидат мекунанд. Аломати асосии сӯрох шудан, яъне дарди сахти ногаҳонӣ, бисёр вақт ба мушоҳида намерасад. Бинобар ин, андаке дард кардани шикам низ бояд диққати духтурро ба худ кашад. Аломати дигари инкишофи перитонит, яъне кашиш хӯрдани мушакҳои девораи шикам, дар беморони ақлашон тирагашта мумкин нишонаи ягона бошад. Сӯрох гаштани рӯда гоҳо боиси коллапси вазнин мешавад. Баъди чанд соати сӯрох шудани рӯда падидаҳои перитонит возеҳтар хоҳанд шуд; қай, ҳиккаки беист, дамиши шикам, дарди тоқатфарсо ба вуҷуд меояд. Аломатҳои мазкур хеле дер пайдо мешаванд. Бинобар ин, беморро дар сурате аз марг раҳондан мумкин аст, ки агар ҷарроҳӣ дар 6 соати аввали баъди сӯрох гаштани рӯда ба иҷро расад.
Шоки сироятиву заҳрӣ дар айни хурӯҷи беморӣ пайдо мешавад. Сабаби он ба хун бисёр ворид шудани заҳру бактерияҳо мебошад. Ҳарорати бадан якбора паст шуда, мариз арақи бисёр мекунад, тахикардия, паст фаромадани фишори шараён, кампешобӣ (олигурия), минбаъд бепешобӣ (анурия) инкишоф меёбанд. Дар сурати вазнин нашудани беморӣ оқибати он нек аст. Ҳангоми ба вуҷуд омадани оризаҳо (хусусан, дар вақти перитонити шикофанда) фарҷоми нохуш доштани беморӣ аз эҳтимол дур нест. Ҳолатҳои фавт 0,1 – 0,3 фоизро ташкил медиҳанд.
Дар ҳафтаи якум ташхис кардани беморӣ аҳамияти калон дорад. Барои муқаррар намудани Д. аз маълумоти клиникӣ, эпидемиологӣ ва лабораторӣ истифода мекунанд. Баҳри ташхиси лабораторӣ усулҳои таҳқиқи бактериологӣ ва серологӣ кор фармуда мешаванд. Ҳафтаҳои 1 – 2 ангезандаи бемориро аз хун, ҳафтаҳои 2 – 3 аз ахлот ва пешоб, дар тамоми муддати беморӣ бошад, аз маводи рӯдаи дувоздаҳангушта пайдо кардан осонтар аст. Ангезандаи Д.-ро дар натиҷаи кишти зудудаи (соскоб) гулгуна (розеолла), мағзи устухон, тарашшӯҳот ва балғам низ метавон пайдо кард.
Дар хун пайдо кардани микробҳо нишонаи бемории шадид, шарти асосии ташхиси Д. аст. Дар наҷосат мавҷуд будани онҳо мумкин натиҷаи беморӣ ё ҳомилии бактерия бошад. Дар чунин мавридҳо, агар аломатҳои болинӣ ба назар расанд, сухан аз боби Д.-и шадид ва агар ба назар нарасанд, пас сухан аз боби бактерияҳомилӣ меравад.
Бо мақсади ҷудо намудани гемокултура хунро аз рӯзи якуми маризӣ то охири давраи табу тасфи бемор кишт кардан мумкин аст. Хунро аз вена (5 – 10 мл) гирифта, дар шишачаҳое, ки 50 – 100 мл булйони 10 – 20 % талха дорад, ё дар муҳити Раппопорт кишт менамоянд. Ҳангоми дар муҳити ғизоӣ кишт бинмудани хун, бояд байни хун ва муҳит таносуби 1 : 10 боқӣ монад; дар сурати нокифоя будани ҳаҷми муҳити ғизоӣ хун ба ангезандаи касалӣ таъсири марговар мерасонад.
Бо мақсади ҷудо намудани гемокултура метавон ҳамчунин 10 мл хунро дар шишачаҳои гунҷоишашон 20 – 30 мл, ки 1 мл маҳлули 40%-и натрийи турш дорад, кишт кард. Даҳони шишачаро бо пӯки резинӣ маҳкам мекунанд. Усули мазкур нисбатан сода буда, имкон медиҳад, ки маводи кишта аз як ҷо ба ҷои дигар кашонда шавад. Ғайр аз ин, усули номбурда камхарҷ мебошад ва барои истифодаи муҳити ғизоии камёфту гаронбаҳо эҳтиёҷ намемонад. Самараи он аз диг. усулҳои маъмули дар муҳити ғизоии талха ҷудо кардани гемокултура кам нест.
Барои кишт мағзи устухон (миелокултура) – ро бо роҳи пунксия мегиранд. Бо мақсади аз хун ва мағзи устухон ҷудо кардани бактерияҳои L – шакл муҳити махсуси иборат аз пенисиллину зардоб истифода мегардад. Кишти талха, наҷосат ва пешобро дар муҳити Плоскирев мегузаронанд. Барои ташхиси серологии Д. аз аксуламали гемагглютинатсияи эритроситӣ O-,H- Vi- истифода мебаранд. Усули мазкурро метавон аз рӯзҳои 5 – 7 беморӣ кор фармуд. Аксуламали титри 1:200 ва болотар аз он, мусбат ҳисоб мешавад. Барои муқаррар кардани ҳомилони бактерия РНГА бо Vi – антиген мувофиқ аст.
Ташхиси тафриқавии тифу паратифҳо нисбат ба ҳасба, вараҷа, брутселлёз, листериоз, пневмония, сепсис, сил, лимфогранулематоз гузаронда мешавад.
Фарҷоми Д. ба нигоҳубини дуруст, парҳез, саривақт таъйин кардани доруҳои зарурӣ вобаста аст. Бемор бояд ором, рахти хоб ва утоқи ӯ тозаву озода бошад. Тозагии ҷавфи даҳон ва пӯст низ аз аҳамият холӣ нест. Баъди мӯътадил гаштани ҳарорати бадан, бемор бояд 6 – 7 рӯз аз бистар нахезад. Рӯзҳои 7 – 8-ум ба ӯ иҷозат дода мешавад, ки бишинад; гаштугузор баъди 10 – 11 рӯз ва вуҷуд надоштани аломатҳои номатлуб раво аст.
Ғизои бемор асосан аз таомҳои сабук, мас. ширчой, хомшӯрбо, мурғшӯрбо, мастоба, сметана, кефир, ҷурғот, картошкаи пюре, ширбиринҷ ва ғ. иборат аст. Бо мақсади пешгирии дамиши шикам аз истеъмоли нони гарм ва нони обаш напарида худдорӣ бояд кард. Аз нӯшокиҳо чой ва оби минералии хушсифат додан мумкин (вале гази обро ҳатман баровардан лозим аст).
Дар мавриди барои организми бемор бадпазир будани левомисетин (хлорамфеникол) аз амписиллин истифода мекунанд.
Бо мақсади муолиҷаи Д. метавон аз гентамитсин, фуразолидон ва доруҳои гурӯҳи сефалоспорин истифода бурд. Таҷрибаи с. 1996 дар ш.-ҳои Кӯлоб ва Душанбе гузаронида исбот кард, ки барои муолиҷаи Д. гентамитсин ё фуразолидон нафъ доранд. Дар мавриди сабук будани беморӣ фуразолидонро метавон ба вояи кам – 0,1 г ( рӯзе 4 маротиба) таъин кард. Доруҳои гурӯҳи сефалоспорин (сефазолин, сифлокс, сипролет, ситрофлоксасин) – ро бо вояи 500 ҳаз. (рӯзе 2 маротиба) 10 рӯз истифода бурдан лозим аст. Фуразолидонро баъди мӯътадил шудани ҳарорати бадан боз 15 рӯз ва доруҳои гурӯҳи сефалоспоринро боз 7 – 10 рӯзи дигар додан даркор.
Ҳангоми хуншории рӯда бемор бояд 12 – 24 соат ба пушт хобида аз ҷой нахезад. Ба шиками ӯ ях ё ягон чизи хунуки дигар мегузоранд. Истеъмоли хӯрок 10 – 12 соат манъ аст, миқдори нӯшокӣ низ то 500 мл кам карда мешавад. Минбаъд каме шарбат, мурғшурбо ё моҳишӯрбо таъйин кардан мумкин аст. Дар аснои хунравии кам хлориди калсий, витаминҳои С ва К, маҳлули гипертонии хлориди натрий (500 – 1000 мл), желатинол, плазма ва ғ.-ро истифода мекунанд.
Барои пешгирии Д., безарар кунонидани манбаъҳои сироят, бартараф сохтани роҳҳои сироятёбӣ, баланд бардоштани масунияти организм муҳим аст. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ташхиси бармаҳали беморӣ, аз дигарон ҷудо нигоҳ доштани мариз аҳамияти калон дорад. Дар давраи офият ёфтани бемор ахлот, пешоб ва талха се маротиба (баъди ҳар 5 рӯз) аз санҷиши бактериологӣ гузаронда мешаванд. Дар мавриди пайдо кардани ангезандаи беморӣ, бемори офиятёфтаро дар шифохона нигоҳ медоранд ва табобат мекунанд.
Шахсони ҳомили бактерия аз беморхона фақат бо рухсати эпидемиолог ҷавоб дода хоҳанд шуд. Беморони офиятёфта то 2 сол таҳти назорати духтури бемориҳои сироятии дармонгоҳ қарор гирифта, дар қайди СЭС меистанд. Ҳамаи одамон баъди аз бемористон ҷавоб шудан, бояд 3 моҳ зери мушоҳидаи диспансерӣ қарор гиранд. Моҳи аввал ҳарорати бадани онҳоро ҳафтае як маротиба, минбаъд дар ду ҳафта як маротиба чен менамоянд. Дар сурати баланд шудани ҳарорати бадан, зуд онҳоро аз муоинаи лабораторӣ (санҷиши бактериологии хун, наҷосат, пешоб) мегузаронанд ва ҳини ошкор гаштани авдат (ретсидив) боз дар беморхона мехобонанд. Моҳи сеюм баъди ҳар 10 рӯз ду маротиба наҷосат ва пешоб санҷида мешавад, ҳамчунин ба фосилаи 1 – 2 рӯз талхаро (як маротиба) таҳлил мекунанд. Агар натиҷаи санҷиш манфӣ бошад, пас бемор аз қайд бароварда мешавад. Дар сурати мусбат будани маълумот наҷосат ва пешобро 5 маротибаи дигар месанҷанд ва агар натиҷаҳо манфӣ бароянд, пас шахс 1 сол зери мушоҳида қарор хоҳад гирифт. Соли дуввуми аз беморхона ҷавоб шудан, ахлот ва пешобро боз як маротиба месанҷанд. Ҳангоми мусбат будани маълумот ахлот ва пешоб боз 5 маротиба, талха як маротиба санҷида мешавад. Агар натиҷаи санҷишҳо манфӣ бошанд, шахс аз қайд бароварда мешавад.
Манзили бемор ё ҳомили бактерия то давраи дар шифохона бистарӣ кардан ва баъди он гандзудоӣ (дизенфексия) карда мешавад. Ашхоси бо бемор алоқадошта низ мавриди муоина (ахлот, пешоб) қарор мегиранд.
Ҷадвали 1. Хуруҷи бемории домана дар Ҷамоҳири Осиёи Марказӣ

Ҷумҳуриҳо 1990 1991 1992 1993 1994 1995 1996
Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф.
Тоҷикистон 1800 33,9 1323 24 926 17 1581 28,4 1338 24 1558 27 1266 213,2
ӯзбекистон 1564 7,7 1220 5,9 803 3,8 739 3,4 588 2,6 486 2,1 348 1,5
Туркманистон 668 18,2 479 1,3 351 8,7 249 5,8 261 5,8 148 3,3 272 5,9
Қирғизистон 471 10,7 357 8,1 183 4 150 3,4 180 4 114 2,5 206 4,6
Қазоқистон 356 2,14 356 2,1 175 1 135 0,8 143 0,9 181 1,1 90 0,6

Ҷадвали 2. Хуруҷи бемории домана дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳру вилоятҳо 1990 1991 1992 1993 1994 1995 1996 1997
Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф. Ҳамагӣ Ба 100 ҳаз. наф.

ш. Душанбе 58 9,3 56 8,7 49 7,6 98 18,6 86 16 160 30,7 1376 257,6 8168
Навоҳии тобеи марказ 491 40,6 347 26,2 295 22,3 302 22,8 475 38,9 605 45,7 3330 246 3643 247,3
Вилояти Хатлон 957 69,4 779 56,5 390 28,2 721 52,3 488 354 299 21,6 7364 534 2570 146,7
Аз ҷумла минт. Кӯлоб 335 37,3 232 35 152 22,1 185 25,3 69 8,8 53 6,8 4774 599 1529 199,6
Аз ҷумла минт. Қӯрғонтеппа 622 65,1 547 52,9 238 23 536 48,5 419 37,8 246 22,2 2587 219,2 1041 93,9
ВМКБ 37 22 8 4,6 9 5,2 59 27,3 37 24 44 22,3 44 21,8 50 22
Вилояти Суғд 260 16,5 133 8,2 183 10,7 402 23,6 252 13,8 450 24,5 555 29,7 173 9,8
Дар ҷумҳурӣ 1803 33,9 1323 24,4 926 16,9 1582 28,4 1338 24,1 1558 26,6 12666 213,9 14604 235

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …