Главная / Маданият ва санъат / Дуое, ки аз ҳафт ҳазор маротиба тасбеҳ хондан беҳтар мебошад

Дуое, ки аз ҳафт ҳазор маротиба тасбеҳ хондан беҳтар мебошад

Дар ривояте аз Ҳазрати Муоз (раз) ворид шудааст, ки баъд аз намози субҳ дар маҷлиси Расулуллоҳ (с) музокираи илмӣ сурат мегирифт. Расулуллоҳ (с) асҳобашро таълим медод, аммо Ҳазрати Муоз (раз) баъд аз хондани намоз ба хонааш мерафт. Як дафъа Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Эй Муоз, чаро саҳоба дар маҷлиси мо ширкат намекунӣ?

Ҳазрати Муоз (раз) ин тавр узрхоҳӣ намуд:

  • Ё Расулаллоҳ (с), дар ҳар субҳ хондани ҳафт ҳазор маротиба тасбеҳро дорам, агар дар ҷое нишинам, ин одати ман фавт мегардад.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

  • Оё туро дуое ёд надиҳам, ки аз хондани ҳафт ҳазор маротиба тасбеҳ беҳтар бошад?

Арз намудам:

  • Ҳатман бифармоед.

Расулуллоҳ (с) фармуд:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Лo илоҳа иллаллоҳу адада ризоҳу.

Ло илоҳа иллаллоҳу зината Аршиҳи.

Ло илоҳа иллаллоҳу адада халқиҳи.

Ло илоҳа иллаллоҳу милъа самовотиҳи.

Ло илоҳа иллаллоҳу милъа арзиҳи.

Ло илоҳа иллаллоҳу милъа мобайнаҳумо.

Ло илоҳа иллаллоҳу мисла золика маъаҳу.

Валлоҳу Акбару мисла золика маъаҳу.

Ва-л-ҳамду лиллоҳи мисла золика мааҳу.

Як маротиба хондани ин дуо тавре аст, ки гӯё ҳафт ҳазор маротиба тасбеҳ хонда шавад.

Ҳазрати Шайх (наввараллоҳу марқадуҳу) ин дуоро ба духтарони хеш омӯзонида буд, то ин дуоро бихонанд. Як дафъа аз Ҳазрати Шайх (paҳ) пурсидам:

  • Ин чӣ амале аст?

Дар посух фармуд:

  • Таваққуф кун. Вақте ки ба китобхона рафтам, ба дунболи ман биё.

Баъд аз ин ки ба китобхона рафтам, китоби «Канзу-л-аъмол»-ро ба ман дод ва гуфт:

– Фалон саҳифаро боз кун.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …