Главная / Илм / ДОҒҲОИ РАНГДОНАГӣ

ДОҒҲОИ РАНГДОНАГӣ

pigmentniye-pyatnaДОҒҲОИ РАНГДОНАГӣ, доғҳои пигментӣ, модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешаванд. Д. р.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи тағйироти гуногуни организм ё таъсири омилҳои беруна (баъди сӯхтан, сармозанӣ ва ғ.) ба вуҷуд меоянд. Онҳо аз иллати ғадудҳои зери гурда, норасоии кислотаи никотинат ва витаминҳои гурӯҳи В низ пайдо шуда метавонанд. Хлоазма (доғҳои зардтоби гуногун) як навъ ихтилоли рангдонанокии пӯст буда, одатан, дар ду тарафи пешонӣ, бинӣ, гардан, рухсора пайдо мешавад. Сабаби хлоазма ихтилоли фаъолияти ғадудҳои усораи дохилӣ (асосан тухмдонҳо), бемориҳои ҷигар, роҳи меъдаю рӯда, камхунӣ, тағзияи номураттаб, киҷҷа ва ғ. аст. Хлоазма аксар ҳангоми ҳомилагӣ пайдо шуда, гоҳо баъди таваллуд ҳам нест намешавад.
Аз норасоии витамини А дар оринҷ ва зону мумкин аст доғҳои қаҳваранги карахшнок пайдо шаванд. Ин гуна доғҳо дар баъзе одамон бинобар сахт бастани тасмаи миён ба вуҷуд меоянд. Ҳангоми кор бо фенол, нафас гирифтани баъзе карбогидридҳо ё истеъмоли доруҳои арсенийдор пӯст доғҳои хокистарранги баланд пайдо мекунад. Дар пӯсти одамони ба нурҳои ултрабунафш ҳассос баҳорон аз таъсири офтоб доғи кунҷидак ба вуҷуд меояд. Доғҳое, ки аз таъсири омилҳои беруна пайдо шудаанд, бо мурури замон метавонанд барҳам хӯранд.
Д. р.-и баъзе ҷойҳои баданро дар муассисаҳои тибии косметологӣ муолиҷа мекунанд. Дар шароити хона бо мақсади ноаён кардани доғҳо ба пӯст ҷурғоти ду-серӯза, ё маҳлули 3%-и пероксиди гидроген молидан мумкин аст.
Д. р.-ро бо кремҳои махсус («Мелан», «Ахромин», «Молочай») ноаён метавон кард. Пеш аз молидани крем, рӯйро шустан ё бо лосйон пок кардан лозим аст. Кремро фақат ба рӯи доғ молида, баъди як-ду соат бо пахтаи тар тоза бояд кард. Кремро рӯзона молидан ҷоиз нест, чунки зери таъсири нурҳои офтоб пӯстро озурда ва доғҳоро зиёд мекунад.
Барои рафъи доғ худи одам низ дар хона метавонад мавод тайёр кунад. Бо ин мақсад як қошуқ оби лиму ва як қошуқ сиркои хӯрокиро омехта, баъд 2 қошуқча оби ҷӯш меандозанд. Бо ин маҳлул ҳар рӯз рӯйро тоза кардан лозим аст. Агар пӯст хушк бошад, ба маҳлул 1 қошуқча равғани растанӣ илова мекунанд. Ба рӯй молидани пораи лиму, бодиринг ва ҷурғот низ муфид аст (баъд рӯйро шуста ё бо лосйон тоза карда, упо молидан лозим).
Д. р.-ро пурра нест кардан ҳамеша муяссар намегардад, вале мунтазам (дар ҳар 1,5 – 2 моҳ) истифода намудани васоити рафъи доғҳо натиҷаи хуб медиҳад.
Аз сабаби он ки баъзе доғҳо аз таъсири офтоб зиёд мешаванд, баҳор ва тобистон ба пӯст кремҳои махсус молидан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …