Главная / Илм / ДОФАМИН

ДОФАМИН

dofaminДОФАМИН, медиатор, яке аз интиқолдиҳандагони ҷунбаи асаб ба синапсҳои силсилаи асаби марказӣ. Дар танзими тарашшӯҳи адреналин ва норадреналин ширкат меварзад. Д. дар ҳуҷайраҳои хромафиннии сохторҳои махсуси мағзи сар ҳосил мешавад. Нейронҳое, ки Д.-ро ба сифати медиатор ҳангоми интиқоли ҷунбаи асаб истифода мебаранд, дар майнаи мобайн ва гипоталамус чандин ҳаста ба вуҷуд меоранд. Д. хунфиристии дилро тақвият дода, рагҳои гурдаро васеъ менамояд, баҳри бо пешоб хориҷ шудани калий ва натрий заминаи мусоид фароҳам меорад. Д. ҳаракати хунро дар рагҳоро масориқа ва рагҳои иклилии дил беҳтар месозад, вале он метавонад рагҳои танг низ кунад. Д. ҳосилшавии гормони сабзиш (гормони соматотропи)-ро метезонад, аммо ҳосил шудани пролактинро ба таъхир мегузорад. Д.-е, ки ба организм аз хориҷ мефиристанд, аз садди гематоэнсефалӣ гузашта наметавонад, бинобар ин дар тиб ба сифати дору аминокислотаи аз ҷиҳати сохти химиявӣ ба он наздик – ДОФА истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …