Главная / Илм / ДОДХОЕВ Юна Исроилович

ДОДХОЕВ Юна Исроилович

dodhoev-yuna-isroilovichДОДХОЕВ Юна Исроилович (5. 11. 1917, ш. Бухоро – 06. 12. 2002, ш. Болдери ИМА; дар ш. Ню-Йорк дафн шудааст), ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1966), проф. (1967), Арбоби хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷ. (1978). Иштирокчии ҷанги Финляндия (1939). Баъди захм бардоштан аз хидмат дар сафҳои Артиши Шӯравӣ озод шудааст. Хатмкардаи Техникуми тиббии Бухоро (1935) ва факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1945). Ассистенти кафедраи анатомияи топографӣ ва амалиёти ҷарроҳии ҳамин донишгоҳ (1945 – 47). Директори Омӯзишгоҳи тиббии Сталинобод (1947 – 50), ассистент (1950 – 54), дотсент (1954 – 67) ва проф. кафедраи ҷарроҳии умумӣ (1967 – 70), мудири кафедраи ҷарроҳии госпиталии №2 (1970 – 75), мудири кафедраи ҷарроҳии факултавии ДДТТ (1975 – 86). Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмист, ки ба масъалаҳои ташхису табобати бемориҳои шадиди ҷарроҳиталаби узвҳои ҷавфи шикам, анестезиология ва усулҳои такмили таълим дар донишгоҳи тиббӣ бахшида шудаанд. Д. дар ИҶШС аввалин шуда хусусият ва хавфи наркозро дар шароити ноҳияҳои баландкӯҳ илман асоснок кард. ӯ дар амалияи тиб усули нави ташхиси бехавфи перфоративии захми меъда – пневмогастрографияро кашф ва истифода кардааст. Зери роҳбарии Д. 17 наф. рисолаҳои номзадӣ ва 1 наф. рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардонда шудааст.
Ос.: Наркоз в условиях высокогорья, Д., 1967; Хирургические осложнения абдоминального туберкулёза, Д., 1977; Заживление переломов в условиях высокогорья, Д., 1980; Курс лекций по неотложной хирургии, Д., 1982; О Бухарских евреях, Нью-Йорк-Денвер, 1995.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …