Главная / Гуногун / ДОҒИ ДИЛИ БАБР

ДОҒИ ДИЛИ БАБР

Ҳавлие, ки ин саги меҳрубон аз овони думоҳагиаш се сол инҷониб зиндагиву посбонӣ мекард, дар шафати коргоҳе воқеъ буд. Рафта-рафта ҷонвари безабон, ки одатан аксар вақт шабҳо аккос мезад, дарвозаву боғу ҳавлии ҳамсояро низ зоҳиран қаламрави худ мепиндошт ва озодона гаштугузор мекард. Ба кормандон ҳам унс гирифта буд. Ошпазҳову қаровулон нони қоқу устухон медоданд, ҳатто фаррошзанҳо, ки ҳанўз чашми рўз накафида баҳри рўбучин меомаданд, махсус барои Бабр – ин саги озодидўсту оромтабиат аз хонаҳояшон хўрданиҳо меоварданд ва саг дум ликконда бо хушнудӣ аз дур онҳоро мешинохту мингоззанон истиқболашон мегирифт. Хуллас барои ҳар нафари он даргоҳ низ саги худӣ ҳисоб меёфт…

babr

Боре чунон ғалоғула бархост, ки хўҷаини Бабр аз хонааш берун давид. Ва дид, ки сагаш мобайни ҳафт-ҳашт нафар кормандон истода бо қаҳру ғазаб аккос мезанад. Аз ин рафтори Бабр хеле ҳайрон шуд, наздаш рафта гарданашро хоридаву молида ором карду одамон гузаштанд.

– Ҳа, Бабрак, чӣ ҷин зад туро? Ақлатро хўрдӣ магар, ки якбора ба як гурўҳ одамони шинос дарафтодӣ? А?

Саг гоҳ ба соҳибаш нигаристу гоҳ ба замин, вале садое набаровард.

– Гоҳ-гоҳ фикр мекунам, ки саги зирак аз баъзе зотҳо боақлу одилтар аст, – ҳўҷаини Бабр сар гардонда қаровули кўҳансолро дид, ки рост истода назди дарвоза сигарета мечокид. Ин лаҳза саг ба соҳибаш ва ҳамсўҳбати ў як нигоҳ афканду оҳиста-оҳиста сўи ҳавлии ҳамсоя равон шуд.

– Пай бурдед, саг бошад ҳам, фаҳмид, ки мо дар борааш гап мезанем… фақат забон надорад, ки дардашро гўяд…

Бабр аз назар пинҳон гашт.

Қаровули кўҳансол аз сухан бозмонд. Айни авҷи баҳорон – ҳосилбандии дарахтон буд. Баргҳояшон, азбас зуд-зуд борон мезад ва чангу ғубори барояшон бегонаро мешуст, зери нурҳои офтоб ботароват медурахшиданд.

– Биёед, бинем, ки сагатон куҷо меравад, шумо на аз ҳама асрори ин ҷонвар бохабаред, – инро гуфту қаровули пир ҷониби ҳавлии коргоҳ гузашт.

Бабр байн-байни ниҳолони боғ, таи деворҳо мегашт, меистод, бўй мекашид, шоша мекард, гўё чизи ошноеро мекофт. Сипас ба кунҷи дури боғ расиду ду-се бор тоб хўрд ва нишаст, лунҷашро рўи пойҳояш мондаву чукут варзида ба як нукта менигарист.

– Медонед, сагатон чаро ин қадар безобита шуда ба кормандон аккос зад?

– Худам дар тааҷҷубам, – китф ҷунбонд соҳиби саг.

– Вай ба ҳама не, Ба Зоҳир алам дорад. Миёни чил нафар ҳам бинад, Зоҳира ҷудо мекунад.

– Зоҳир чӣ гуноҳ дорад?

– Замони майдаҳакиаш мумкин зада бошад, – ба гуфтугў ёвари қаровули кўҳансол – ҷавони бисту панҷ-сисола, ки то ин лаҳза хомўш меистод, ҳамроҳ шуд.

Бабр то ҳанўз дар ҳамон кунҷи дури боғ хобида сукут меварзид. Ин ҳангом писарчаи хўҷаини саг тозон омад ва хабар дод, ки падарашро бо телефон ҷеғ мезананд…

Танҳо баъди сӣ-чил рўзи он воқеа соҳиби саг Зоҳирро дар сари кўча вохўрд, ки нон дар даст меомад.

– Даратон маҳкам, сагатон бастааст? – ҳатто саломуалейк накарда мепурсад ў.

– Ҳа, бемалол натарсида гузаштан гиред… Ба ҳар ҳол ҳеҷ сабабашро намефаҳмам, ки Бабр чаро ин қадар шуморо дўст медорад…

– Ҳайвон-дия…

Тирамоҳ фаро расид. Рўзе соҳиби саг нордбон монда аз ток мақсади ду-се сар ангур кандан дошт. Ин маҳал аз болои девор мушоҳида кард, ки Зоҳир ин сў–он сў ҳаросон нигариста ноаён гузаштанӣ буд. Ҳамин лаҳза Бабр худро ба дарича зад, ҳалқаи онро тасодуфан боз мондаанд. Доду фарёди Зоҳир ба гирду атроф печид. Қаровули пир давида баромад. Хўҷаини саг ҷонҳол поин шуд. Саг меғурриду дандон тез мекард, хўҷаинаш, ки байни Зоҳиру Бабр қарор гирифта буд, бори нахуст дид, ки сагаш гўё ба гург табдил ёфта буду аз чашмонаш оташ мепарид, омода буд, ки Зоҳирро хомдаррон бикунад. Дар рўи Зоҳир аз ранг нишоне боқӣ намондаву қаровули кўҳансол ба завқ омада механдид.

– Гуфтам-ку, Зоҳир, ту аз ин саг як умр халос намехўрӣ, ё маҷбурӣ ҷои коратро иваз намоӣ…

Бо дўғу пўписа, таърифу тавсиф сарашро силазанон хўҷаинаш Бабрро осуда кард. Бо вуҷуди ин, аз ақиби Зоҳир саг чанд маротиба аккос зада давиданӣ шуд…

– Ёдатон ҳаст, ҳамсоя, мо як саги зебои модина доштем. Ҳамон ҷонвару саги шумо бо ҳам сахт унс гирифта буданд, аз хурсандӣ ҳамроҳ ҷасту хез мекарданд. Ин гапи кўҳна, хеле шуд. Сардор ба Зоҳир фармон дод, ки модасагро ба ягон ҷои дур бурда партояд. Лекин се дафъа саг баргашта меомад. Зоҳир феълаш омада, сагро басту бо сангу калтак зада кушт. Рўз – рўзи истироҳат– коргоҳ холӣ буд. Фиғони модасагро Бабр аз афташ дидаву шунида…

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …