Главная / Илм / ДИСТОНИЯИ РАГҲО

ДИСТОНИЯИ РАГҲО

distoniiai-raghoДИСТОНИЯИ РАГҲО, бемориест, ки дар натиҷаи аз ҳад зиёд асабӣ шудан ё баъди бемориҳои шадид ва музмини сироятӣ, заҳролудӣ, витаминкоҳӣ, ҳаяҷони сахт ба вуҷуд меояд. Аломатҳои Д. р. доимӣ мебошанд ё гоҳ-гоҳ (пароксизми асабҳои вегетативӣ ва рагҳои хунгузар) падид меоянд. Нишонаҳои доимии Д. р. бештар дар шахсоне, ки системаи асабашон модарзодӣ суст аст, ба мушоҳида мерасад. Чунин одамон ҳангоми тағйир ёфтани обу ҳаво худро бад ҳис мекунанд, дар вақти кори ҷисмонӣ ва ғаму андӯҳ ба зудӣ рангашон меканад (ё сурх мешавад), таппиши дил афзуда, арақ менамоянд. Пароксизми вегетативӣ ва рагҳои хунгузар ё аз дарди сар ва ё аз дарди атрофи дил, дилзанӣ, сурх шудан ё паридани ранги рӯй оғоз меёбад. Фишори хун ва ҳарорати бадан баланд гашта, набз тез, табларза ва баъзан тарси бесабаб пайдо мешавад. Дар дигар ҳолатҳо беҳолии умумӣ, сарчархзанӣ, сиёҳӣ задани чашм, арақ, дилбеҳузурӣ, пастшавии фишори хун рух намуда, набз суст мегардад. Хуруҷ аз чанд дақиқа то 2 – 3 соат давом меёбад ва дар аксар одамон бемуолиҷа мегузарад. Мавриди авҷи Д. р. панҷаи даст ва кафи пойҳо сурхи кабудтоб ва тару хунук мешаванд. Ҷойҳои рангпаридаи пӯст ба назар мисли мармар менамоянд. Ангуштон карахт гашта, бадан ваҷаррос мезанад, баъзан халаю дард ҳис карда мешавад. Бемор сахт хунук мехӯрад, ранги дасту пояш меканад, баъзан ҳангоми табларзаи бардавом панҷаҳои дасту пой, ангуштон варам мекунанд. Хастагӣ ва ҳаяҷон боиси зуд-зуд рӯй додани хуруҷ мегардад. Баъди хуруҷ ҳисси хастагию беҳолӣ чанд рӯз давом мекунад.
Яке аз намудҳои пароксизми системаи асаби вегетативӣ ва рагҳои хун беҳушӣ аст. Ҳангоми он чашм якбора сиёҳӣ зада, ранг мепарад, одам хеле бемадор мешавад, аз ҳуш рафта меафтад. Рагкашӣ, одатан, ба амал намеояд. Дар ҳолати хобонидани бемор беҳушӣ зуд мегузарад (ба ин бӯй кашонидани спирти навшодир низ муҳим аст).
Барои пешгирии Д. р. дар синни кӯдакӣ ва ҷавонӣ организмро дуруст обутоб додан лозим (ниг. Обутоби организм). Ба зиёд асабонӣ шудан роҳ надода, дар ҳолати маризӣ таъиноти духтурро бояд ҷиддӣ риоя кард. Ҳангоми кор дар истеҳсолоти зарарнок риояи дастуруламали муҳофизати меҳнат зарур аст.
Д. р.-ро аз рӯи таъиноти духтур бо истеъмоли якҷояи дору ва тадбирҳои физиотерапевтӣ табобат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …