Главная / Илм / ДИСПЛАЗИЯ

ДИСПЛАЗИЯ

displaziyaДИСПЛАЗИЯ (Dysplasia; аз дис… – халал ёфтан ва plaseo – ҳосил мекунам, ба вуҷуд меорам), нодуруст инкишоф ёфтани бофтаҳо, узвҳо ё қисмҳои бадан. Д., одатан, модарзодӣ аст, вале он метавонад дар давраи баъди таваллуд ва ҳатто дар калонсолӣ низ ба мушоҳида расад. Д. шаклҳои гуногун дорад, мас., Д.-и банди косу рон, Д.-и бофтаҳои пайвандӣ, Д.-и фиброзӣ, Д.-и гарданаи бачадон ва ғ.
Истилоҳи Д. дар амалияи омосшиносӣ барои ишора кардани ҳолати қаблиомосии бофтаҳо низ истифода мешавад.
Дар ҳаёт бештар Д.-и банди косу рон ва гарданаи бачадон дучор меояд. Дар мавриди Д.-и банди косу рон сараки устухони рон аз чуқурчаи устухони кос берун мебарояд. Сабаби пайдоиши он нодуруст сабзидани устухонҳо, бандҳо ва мушакҳо дар давраи ҳаёти батнимодарии кӯдак аст. Ба пайдоиши Д.-и банди косу рон калон будани синну соли волидон, бемориҳои гуногуни модар дар давраи ҳомилагӣ (мас., амрози сироятӣ, токсикозҳои ҳомилагӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ ва ғ.), вазъияти бади экологӣ, зиёнҳои касбӣ, тағзияи нодуруст (нарасидани сафеда, ангиштоб, витамин, минералҳо) мусоидат менамоянд.
Д.-и банди косу рон бештар дар духтаракон пайдо мешавад. Аломатҳои беморӣ хусусан дар навзодон возеҳу рӯшан ба чашм мехӯранд. Барои табобат аз шинаҳои махсус, масҳ, варзиши шифоӣ, физиотерапия, парафин, озокерит, лойҳои шифобахш ва ғ. истифода мебаранд. Дар сурати ба таъхир афтодани табобат зарурати ҷарроҳӣ ба миён меояд. Пас аз ҷарроҳӣ фаъолияти узв барқарор шавад ҳам, ҳаракат тағйир меёбад (бемор лангида роҳ меравад). Ҳангоми сари вақт ва дуруст ташхису муолиҷа намудан, фаъолияти банди осебёфта комилан барқарор мегардад.
Д.-и гарданаи бачадон аз вазъи қаблиомосӣ дарак медиҳад. Ҳангоми он бофтаҳо дучори тағйирот шуда, луобпардаи гарданаи бачадон ва маҳбал илтиҳоб пайдо мекунад. Д.-и гарданаи бачадон ба таври ноаён сурат мегирад. Муолиҷаи беморӣ ба сабаби он вобаста аст. Агар иллат бар асари илтиҳоб пайдо шуда бошад, пас он табобат меёбад. Дар мавриди зарурат аз усули ҷарроҳӣ истифода мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …