Дар бисёрии компютерҳои ҳозиразамон таҷҳизоти хондани дискҳо барои хондани компактдискҳо мавҷуданд, ки онҳоро СDROM (сидиром) (compact discreadonlymemory) яъне дастгоҳи хотираи доимӣ дар компактдискҳо меноманд.
Дар корхонае, ки ин дискҳоро истеҳсол мекунанд, ахбор дар ин дискҳо ба воситаи лазерҳои махсус кодгузорӣ карда мешаванд.
Расми диски CD–RW
Аз диски СDROM маълумотҳо бо воситаи нурҳои лазерӣ хонда мешаванд. Агар дискҳои СDROM-и оддӣ аз маълумотҳо пур бошанд, ба он маълумотҳои навро сабт кардан мумкин нест. Лекин дар ҳоло дискҳои сабтшаванда (СDR) ва аз саринав сабтшаванда (СDRW) мавҷуданд, ки онҳо назар ба СDROM каме нархи гаронтар доранд. Дилхоҳ матн, мусиқӣ, барномаро дар ин компактдискҳо (СDRW) сабт карда, дар вақти нолозимӣ нобуд сохтан мумкин аст.
Инчунин мо боз бо дискҳои хурд (мини диск) кор карда метавонем, ки онҳо нисбати дискҳои калон ҳаҷмашон хурдтар мебошад.