Главная / Илм / ДИОПТРИЯ

ДИОПТРИЯ

dioptriyaДИОПТРИЯ, воҳиди қувваи оптикии линза ва диг. системаҳои оптикии меҳварашон симметрӣ. Бо Д. ишора карда мешавад. 1 Д ба қувваи оптикии линза ё оинаи сфераи масофаи асосии фокусиаш 1 м баробар аст. Қувваи оптикии бо Д. ифодашуда ба масофаи асосии фокусии бо метр ифодаёфта бузургии чаппа мебошад. Қувваи оптикии линзаи ҷамъкунанда мусбат ва линзаи паҳнкунанда манфист. Бо Д. қувваи оптикии айнакро нишон медиҳанд. Қувваи оптикии айнаки наздикбинон манфӣ, аз они дурбинон мусбат аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …