Главная / Илм / ДИНАМОМЕТРИЯ

ДИНАМОМЕТРИЯ

dinamometriyaДИНАМОМЕТРИЯ (юн. dynamis – қувва ва metreo – чен кардан), як тарзи чен кардани нерӯи мушакҳои гуногун. Ҳангоми Д. аз динамометрҳо истифода мекунанд. Динамометрҳо гуногун мешаванд. Мас., дар мавриди чен намудани неруи мушакҳои панҷа динамометрҳои қабзагӣ, ҳангоми чен кардани неруи мушакҳои росткунандаи қомат бошад, динамометрҳои андомиро кор мефармоянд.
Яке аз усулҳои Д. динамография аст. Он имкон медиҳад, ки қувва ва суръати кашиш хӯрдани мушакҳо тасвир карда шавад.
Д.-ро дар тибби варзишӣ, антропометрия, курортология истифода мебаранд. Бо он инкишофи ҷисмонии шахс, динамикаи раванди беморӣ (мас., дар осебшиносӣ) ва офиятёбӣ назорат карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …