Главная / Маданият ва санъат / ДИН ЧУН ҲОДИСАИ ТАЪРИХӢ- МАДАНӢ

ДИН ЧУН ҲОДИСАИ ТАЪРИХӢ- МАДАНӢ

Дар ибтидои таърихи башарият даврае буд, ки одамон дар ҷаҳолат зиндагӣ карда, шуури онҳо инкишоф наёфта буд ва чӣ будани динро намедонистанд, дар ин давра унсурҳои эътиқод ба диёнат вуҷуд надошт ва ин давраро давраи бединӣ мегўянд. Агар аз рўи ҳисоби олимои пайдоиши инсон дар рўи замин бештар аз 1 миллион сол таърих дошта бошад, паҳншавии унсурҳои эътиқод ва диёнат тақрибан ба асри қадими санг, 35-40 ҳазор сол пеш рост меояд.

Албатта, ин нуқтаи назар ба ақидаю таълимоти дин дар ин бора мувофиқат надорад. Вале олимони чӣ шарқӣ ва чӣ ғарбӣ доир ба давраи бединӣ далоили зиёди этнографӣ, забоншиносию таърихӣ ва археологӣ гирд овардаанд.

din-jahonАз рўи далелҳои таърихӣ аввалин унсурҳои эътиқоду диёнат дар давраи ибтидои ҷомеаи авлодӣ ба вуҷуд меоянд. Мадраки асосии пайдоиши эътиқод миқдори муаяни ёдгориҳои бостоншиносии давраи сангӣ: гўр кардани ҷасадҳо, нақшҳои дараю ғорҳо, тимсолҳо ва боқӣ мондани осори динҳои ибтидоӣ дар қабилаҳои ақибмонда ва ғайра мебошад. Равияҳои гуногуни ғоявӣ /материализм, идеализм, дин/ ва мактабҳои гуногуни илмӣ /мифологӣ, ё худ асотирӣ, эволюционӣ ё худ таҳаввулӣ, психоаналитикӣ, социологӣ ва ғайра/ ба таври худ пайдоиши динро шарҳ, додаанд.

Масалан, тарафдорони мактаби асотирӣ /Я.Гримм, М.Мюллер ва ғайра/ пайдоиши эътиқоди динро ба таҷассуми ҳодисаҳои осмонӣ мисоли офтоб, моҳтоб, раъду барқ, маънидод мекарданд. Пайравони мактаби эволюционӣ /таҳаввулӣ/ бошанд, мисли Э.Тейлор, Г.Спенсер, Ю.Липперт ва дигарон дар асоси материалҳои этнографӣ /мардумшиносӣ/ назарияи ананмистии пайдоиши динро ба вуҷуд оварданд.

Манбаъҳои динӣ эътиқодро абадӣ дониста, онро ба масъалаи офариниши оламу одам пайваст сохтаанд.

Ҳамчунин назарияти марксистӣ пайдоиши динро бо нотавонии одами ибтидоӣ дар низди қувваҳои саркаши табиат, ки хусусияти фавқуттабиӣ доранд, вобаста кардааст. Ҳар яке аз ин назарияҳоро ҳар кас мутобиқи салиқаю дониш ва эътиқод метавонад қабул дошта бошад. 

Супориш ва саволҳо.

  1. Сабаби пайдоиши эътиқодҳои динӣ дар чист?
  2. Одамон чаро ба ҳодисаҳои табии эътиқод доштанд?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sanati-od-ibtidoi

САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ.

Бостоншиносон бисёр “асарҳо”-и санъати одамони асри сангро пайдо намудаанд. Қариб сад сол қабл аз ин …