Главная / Илм / ДИМЕДРОЛ

ДИМЕДРОЛ

dimedrolДИМЕДРОЛ, як навъ дору. Ба гурӯҳи доруҳои зиддигистаминӣ мансуб аст. Д.-ро асосан барои табобати саглес, таби хасбедавӣ, бемории зардобӣ, васкулити хунрез (капилляротоксикоз), зуком, варами ангионеврозӣ, дерматозҳои хоришнок, иридосиклити шадид, конъюнктивити аллергӣ, таъсири номатлуби антибиотикҳо ва ғ. таъин мекунанд. Д. мисли дигар доруҳои зиддигистаминӣ барои муолиҷаи бемории шуоъӣ низ истифода мешавад. Д. ҳангоми зиқи нафас самараи дилхоҳ надорад, вале онро метавон якҷоя бо теофиллин, эфедрин ва диг. доруҳо таъин кард. Д.-ро баъзан дар аснои захми меъда ва гастрит низ кор мефармоянд. Ҳамчунин онро метавон ҳангоми қайи занҳои ҳомила ва синдроми Менйер истифода кард. Д. доруи таскинбахш, оромсозандаи асабҳо ва хобовар аст. Зиёд кардани вояи Д. боиси ба вуҷуд омадани делирий (ҳазён, васваса) мешавад. Чунин одамон рафторҳои бехудона мекунанд, кирдорҳои содир кардаро фаромӯш месозанд. Дар авҷи делирий бемор барои худ ва дигарон хавфнок мебошад.
Д. дар шакли қурс ва маҳлул истеҳсол карда мешавад; аз он шамъча низ таҳия мекунанд. Хушкидани даҳон, сардард, беҳузур шудани дил, сарчархӣ, хоболудӣ, беҳолӣ ва ғ. аломатҳои таъсири номатлуби Д. мебошанд. Истеъмоли Д. барои ронандагон ва одамоне, ки шуғли онҳо диққату маҳорати махсусро талаб менамояд, ҷоиз нест.

Б. О. Ишонқулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …