Главная / Илм / ДИЛЗАНӣ

ДИЛЗАНӣ

dilzaniДИЛЗАНӣ, дилбозӣ, эҳсоси задани дил. Одамони солим, одатан, кори дили худро ҳис намекунанд. Бо вуҷуди ин таппиши дилро метавон ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ, асабонӣ шудан, баъди истеъмоли чои талх, қаҳва, ғизои бисёр эҳсос кард. Беморон Д.-ро мудом ҳис менамоянд. Сабаби ин мумкин аст паст гаштани ҳадди эҳсос бинобар ихтилоли фаъолияти асаб (дар вақти неврозҳо ва ҳолатҳои неврозмонанд) ё тағйир ёфтани басомад, низом (ритм) ё қувваи кашиши дил бар асари бемориҳои дил ё ихтилоли хунгардиш бошад; бисёр вақт аломатҳои мазкур ҳамроҳ сурат мегиранд (мас., ҳангоми тиреотоксикоз, климакс ва ғ.).
Дар баъзе мавридҳо Д. аҳамияти ташхисӣ дорад. Таппиши бараълои дилро мавриди ҳама гуна бемориҳое, ки бо тахикардия ва нуқси дил ҷараён меёбанд, метавон ҳис кард. Дар давраи анҷоми грипп, ангина ва диг. бемориҳои сироятии шадид пайдо шудани Д. метавонад нишонаи миокардит бошад. Хуруҷи Д. якҷоя бо ғалаёни хун хоси аритмияи дил аст. Зарбаи сахти дил дар одамони гирифтори гипертрофияи меъдачаҳо (мас., ҳангоми бемории гипертония, нуқси дил, «шушдилӣ» ва ғ.) ва брадикардия эҳсос мешавад.
Барои табобати Д. қабл аз ҳама сабаби онро ошкор сохтан лозим аст. Агар Д. бинобар асабоният ба вуҷуд омада бошад, пас маризро ором кардан лозим аст (давоҳои нардсунбул, валокордин ё диазенам медиҳанд). Дар сурати баъди истифодаи доруҳо, мас., кофеин, эуфиллин, теофедрин ва ғ. рух намудани Д. бояд ба духтур хабар расонд. Ҳангоми ба мушоҳида расидани ихтилоли хуруҷмонанди низоми дил беморро бетаъхир дар бемористон хобондан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …